Дар адабиёт ва сарчашмаҳои таърихӣ аз замонҳои хеле қадим инъикоси вижагиҳои ҷашну маросимҳои фарҳангии мардуми тоҷик хеле зиёд ба назар мерасад.   Яке аз ёдгориҳои мухимтарини давраи бостонии фарҳанги мардумони эронитабор “Авесто” мебошад. Ин шоҳкорӣ аввалин осори хаттие мебошад, ки таҷассумкунандаи ҷашну маросимҳо дар адабиёти олам ба шумор меравад. Аз ин осори бузург дар бораи расму оин, урфу одат, ҷашну маросимҳои гуногуни тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ дар замонҳои қадим маълумоти фаровонеро ба даст овардан мумкин аст.

   Тасвири ҷашну оинҳои мардуми ориёнажод баъдан дар асрҳои бузургонамон равнақи тоза пайдо кардаанд. Хусусан, дар қарнҳои IX- X  мелодӣ, ки дар воқеъ давраи тиллоии адабиёту фарҳанги тоҷик маҳсуб мешавад, осори бузургонамон ба зиндагии ҷомеаи он давра хеле наздик гардида, ҳаёт ва муборизаи онро ҳарҷониба инъикос менамояд. Дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и безаволи А.Фирдавсӣ тасвири воқеъгароёнаи паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардум, аз ҷумла ҷашну маросимҳои халқӣ ба ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Наврӯз ва Тиргон далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

   Масъалаи гирдоварӣ ва нашри осори фарҳанги мардум, бахусус, ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳар давру замон таваҷҷӯҳи фарҳангиёнро ҷалб намудааст. Мутафаккирони гузаштаи мо ҳам дар осори наср, ҳам назмӣ ва ҳам таърихию фалсафӣ ҷо-ҷо ба ҷашнҳо ва маросимҳои миллии ниёгонамон, такя бар гуфтаҳои мардум, ишораҳо намудаанд ва ҳангоми зарурат дар асарҳои худ аз расму ойинҳои мардумӣ, ҷашнҳо, маросимҳои миллӣ, устура, афсона, қисса, нақл, ҳикоят, зарбулмасал, чистон, тарона ва амсоли он намунаҳо низ овардаанд. Инро аз китоби бостонии «Авесто» шурӯъ намуда, то «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Бухоро» ва то осори Рудакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Сино, Низомӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ ва ғайраҳо  мушоҳида менамоем.

   Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷхои пурбаҳои миллӣ дар тӯли таърих фаромушӣ афтода буданд зи нав эҳё гардида ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат таҷассум ёфт. Дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон низ эҳё гардиданд. Тиргон яке аз ҷашнҳои куҳнатарин ҷашнҳои ориёӣ мебошад. Ҷашни Тиргон ба мисли ҷашни Сада, Меҳргон, Наврӯз ҷашни шаҳомати худро дорад. Мисол, ҷашни Меҳргон дар тирамоҳ, Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳор ҷашн гирифта шавад, пас ҷашни Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони ориёитабор буд, ки тақрибан мутобиқ ба 1 июли тақвимӣ рост меояд. Яъне дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз ва ҳар ид номгузории махсуси худро доштанд, ки ин ҷашн бо  номгузории Тиргон дарҷ гардида буд. Агар назар ба нуқтаи дигар андозем, ҷашни Сада ба (оташ),  Наврӯз ба замин (хок), Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво), Тиргон бошад ба об мебошад. Мардумони ориёӣ ин чор рамзро яъне об, оташ, хок ва ҳаворо муқаддас медонистанд. Аз ҳамин сабаб ба ҷашнҳои қадимаамон Меҳргон, Наврӯз, Сада ва Тиргон мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддас номгузорӣ ва мепайванданд.

   Агар ба истилоҳи ин мафҳуми Тиргон назар кунем олимон чунин шарҳ доданд, ки  “тир”- номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар забони паҳлавӣ бошад ин “Тиштар” ва “Тир” маънидод шудааст. Мафҳуми Тиштар – об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Инчунин Тиштара яке аз номи ситораи рахшонтарини осмон буда, ба номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

   Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси  тоза мепӯшиданд. Сипас, аз риштаи абрешими ҳафтранг ресмоне ба шакли дастмона мебофанд ва «Тиру бод» меномиданд. Дар ин рӯз мардумони ориёӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин оин бо каме тағирот маълум мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд.

  Ҳувияти миллӣ тавассути рамзу нишонаҳои миллӣ, такя кардан ба собиқаи таърихиву фарҳангӣ зуҳур меёбад. Як бахши ба вуҷудорандаи худогоҳии миллиро фарҳанги анъанавии мардум ё худ фолклори ин ё он миллат ташкил медиҳад, ки он дар радифи забону адабиёт ва намудҳои дигари фарҳанг мақоми муҳим дорад.

   Ҷашну маросимҳо падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ҳаёти анъанавии мардум мебошанд, дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадаанд ва бо тағйири сохту мундариҷаи худ то ба имрӯз омада расидаанд. Маросимҳо ҳамчун намунаҳои фарҳанги миллӣ дирӯзу имрӯзи ҳаёти халқро мепайванданд ва  барои ваҳдату ягонагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, арҷгузории арзишҳои маънавӣ, тарбияву ахлоқ ва мустаҳкам шудани мансубияти қавмию худшиносӣ воситаи муҳим мебошанд. Дар контексти ҳамаи маросимҳо матнҳои бадеию нимбадеии анъанавӣ: суруду таронаҳо, қиссаву нақлу ривоёт, дуову афсун, бовару эътиқодот ва силсилаи жанрҳои хурдшакл ба мисли зарбулмасалу мақол, шугун,  таъбири хоб ва ғайра вуҷуд доранд, ки бидуни онҳо маросимҳо амалҳои оддии такроршавандаро мемонанд.

   Расму оинҳо ва анъанаҳо дар байни одамон аз замонҳои  хеле қадим ба вуҷуд омада, дар зиндагии онҳо нақши муайянро бозидааст. Аз ин нигоҳ, расму оинҳои мардумӣ аз насл ба насл гузашта рушду такомул ёфтаанд. Инсонҳо дар ҳар як давру замон анъанот ва фарҳанги ниёгони худро зинда медоранд ва ба он такя мекунанд.Ҳамчунин барои пойдор ва  зинда мондану инкишофи онҳо ҷамъияти инсонӣ, пайванди наслҳо аҳамияти бағоят бузургеро доро мебошад, яъне омӯзонидани таҷрибаи устод ба шогирд, падар ба писар, калонсолон ба ҷавонон дар асоси таҷрибаи рӯзгор ва гузаштаи ғуновардаи худашон ин корҳоро амалӣ мегардонанд. Расму оинҳо бо шаклҳои анъанавии интиқоли фарҳангии як насл ба насли дигар пайванди ногусастание доранд. Дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ анъанаҳои миллӣ яке аз ҷойҳои асосиро мегирад. Бояд тазаккур дод, ки ба инкишофи фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ буда, барои инкишоф ва рушду такомули он таъсири худро мерасонад.Дар масири рӯзгор ва дар давоми асрҳои зиёд вай бо анъанаҳои миллӣ ва мадании ҷомеа ворид гардида нақши худро дар инкишофи фарҳанг, зиндагӣ, расму оинҳо мегузорад.

   Боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ солҳои оҳир ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

   Дар маҷмуъ, ҷашни Тиргон чун ҷашни об маънидод намуд, ки бо муҳтавои фарогир ва тарзи таҷлили худ, метавонад нақши пайвандгари таърихи ниёгони моро бо ҳаёти имрӯзаи миллати тоҷик дар сатҳи баланд иҷро намояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ аз он ва ба ҷашни ҳақиқии мардумӣ табдил додани Тиргон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки мусоидат ба рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу эҳёи мероси маънавии ниёгонамонро таъмин намоем ва дар ҳамин замина асолати фарҳангии худро нигоҳ дорем.

Зокирзода Суҳроб Ибод

номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти кафедраи ҷомеашиносии

МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг

ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»