Дар зиндагии сиёсии ҳар як давлат лаҳзаҳо ва марҳилаҳое ҳастанд, ки сарнавишти тамоми миллат ва ояндаи кишварро муайян месозанд. Барои Тоҷикистон чунин нуқтаи таърихӣ 27 июни соли 1997 буд, ки дар он Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз миллати тоҷик роҳи нав — роҳи ваҳдати миллӣ, бунёдкорӣ ва рушди устуворро пеш гирифт. Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки мустаҳкамии давлати тоҷикон аз ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба ҷанги дохилии харобиовар рӯ ба рӯ шуд. Ин ҷанг на танҳо қурбонии ҷонӣ дошт, балки давлатдориро зери хатар гузошт. Танҳо бо ирода ва матонати роҳбарияти сиёсӣ, аз ҷумла бо нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонистем бо ҷонибҳои даргир сулҳ кунем ва ба сӯи суботи устувор ҳаракат намоем.
Марҳилаи баъд аз ваҳдат, марҳилаи эҳёи давлат буд. Инфрасохтор аз нав бунёд шуд, маориф ва тандурустӣ рушд кард, иқтисодиёт тақвият ёфт ва дар ҳама соҳаҳо дигаргуниҳо ба амал омаданд. Нерӯгоҳи «Роғун», нақбҳои Анзобу Шаҳристон, шоҳроҳҳои стратегӣ ва садҳо мактабу бемористон, ки дар давраи баъди ваҳдат сохта шуданд, намунаи равшани ин устуворӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Матбуот — муҳаррики маънавии ваҳдат гӯем хато намекунем. Агар артиш ва ҳукумат пояи ҷисмонии давлат бошанд, пас матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма — пояи маънавии онанд. Матбуот на танҳо нақли иттилоотӣ, балки таъсисдиҳандаи фазои ягонагии фикрӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Дар ин ҷода, нақши матбуот, махсусан рӯзномаҳои расмии давлатӣ ва иҷтимоӣ, ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз буд. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози кишвар, матбуот на танҳо вазифаи иттилоотрасонӣ, балки рисолати сафарбарсозӣ, таҳкими тафаккури миллӣ, тарғиби ваҳдат ва пуштибонии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатро ба уҳда дошт.
Аз ҷумла, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар давраҳои буҳронӣ ва баъди он бо нашри мақолаҳои таҳлилӣ, баромади Пешвои миллат, изҳорот ва муроҷиатҳои ҷомеа тавассути суханони илҳомбахш ва далелҳои муътамад ба халқ умед мебахшид. Бо забони равон ва шеваи таъсирбахш нақши давлат ва мардумро дар ҳифзи ваҳдати миллӣ таъкид мекард.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» — рӯзномаи давлат ва ваҳдат. Ин нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муҳимтарин расонаҳое аст, ки дар ташаккул ва густариши ғояҳои ваҳдати миллӣ нақши муассир бозидааст. Бо мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи шахсиятҳои ваҳдатофар, тавзеҳи сиёсати давлатӣ, муаррифии қадамҳои рушди миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳ, «Ҷумҳурият» фазои муътадили иҷтимоиро нигоҳ медорад. Дар мисоли мақолаи «Истиқлол ва ваҳдати миллӣ — нақши ду омили муҳими рушди давлатдории миллӣ», ки муаллифаш Шарифҷон Назруллозода, судяи суди шаҳри Душанбе буда, 2 июни 2025 дар Шумораи №109 нашр шудааст. Муаллиф бо ҳассосияти баланди ватандӯстона аз нақши калидии ду неъмати бузург — истиқлол ва ваҳдати миллӣ — сухан гуфтааст. Ӯ таъкид мекунад, ки ваҳдати миллӣ мисли истиқлол барои ҳар як халқу миллат баробар ва муқаддас аст. Мақола таърихи сулҳи тоҷиконро аз ибтидои солҳои 1990 то ба имзорасии Созишномаи сулҳ 27 июни соли 1997 муфассал бозгӯ мекунад. Маҳз бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтодаро аз нобудӣ наҷот доданд ва асоси ваҳдату суботро гузоштанд. Муаллиф саҳми ин ваҳдатро дар рушди иқтисод (коргоҳҳо, нақбҳо, мактабҳо) ва татбиқи ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар барҷаста арзёбӣ мекунад. Дар охир, даъват ба ҳифз ва гиромидошти ин ду арзиши миллӣ ҳамчун масъулияти ҳар як шаҳрванди ватанпараст иброз мегардад.
Мақолаи дигар, зери унвони «Ваҳдати миллӣ – кафолати пойдории давлат» дар санаи 17 июни 2025 дар шумораи №119 нашр шуда, муаллифаш Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Муаллиф бо сабки расмӣ ва таҳлили амиқи ҳуқуқӣ, ҷанбаи қонунӣ ва сиёсии ваҳдати миллиро ташреҳ мекунад. Вай нақши созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар музокираҳо ва ҷараёни халъи силоҳ бо далелҳои мустанад баён мекунад. Дар мақола хатарҳои ҷанги шаҳрвандӣ, талафот, вайроншавии сохторҳои давлатӣ, гурезаҳо ва фалаҷ гардидани иқтисодиёт бо тасвирҳои дақиқ оварда шудааст. Ҳамзамон, барқарории инфрасохтор, ташкили Артиши миллӣ, рушди қонунгузорӣ ва принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамчун марҳалаҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ шарҳ ёфтааст. Муаллиф ба саҳми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ (ташаббусҳои об, мубориза бо терроризм ва ташкили “Раванди Душанбе”) низ ишора мекунад, ки баёнгари нуфуз ва суботи дохиливу хориҷии кишвар аст.
Ҳар ду мақола як паёми муҳимро ба хонанда мерасонанд: истиқлолият ва ваҳдати миллӣ на танҳо рамзҳои давлатдорӣ, балки шарти пойдорӣ, пешрафт ва рушди ҷомеа мебошанд. Агар мақолаи аввал бо рӯйкарди эҳсосӣ ва таърихӣ ва саҳми шахсии Пешвои миллат диққат диҳад, мақолаи дуюм аз нуқтаи назари сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва давлатсозӣ масъалаҳоро амиқ таҳлил мекунад. Ҳар ду муаллиф бо далел, забони фаҳмо ва бо ҳувияти касбии худ вазъи кишварро баъд аз сулҳ тасвир намуда, аҳамияти ҳифзи ин арзишҳоро таъкид мекунанд.
Рӯзномаи парлумонӣ — «Садои мардум» бештар ба равандҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти порлумон равона шудааст, вале ҳамзамон як минбари муҳими ваҳдатсозӣ низ мебошад. Гузоришҳо аз вохӯриҳои вакилони Маҷлиси Олӣ бо мардум, ташвиқи қонунҳои муҳими иҷтимоӣ ва таҳлили масъалаҳои миллӣ дар ин рӯзнома як бахши муҳим аз тарғиби ваҳдати шаҳрвандӣ ва масъулиятпазирӣ мебошад. Нақши рӯзноманигор дар чунин марҳалаҳо танҳо расондани ахбор нест, балки сабт ва тарғиби сабақҳои таърихӣ, таҷрибаҳои сулҳофарӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ мебошад. Мақолаи Ш. Ҳусейнзода таҳти унвони “Вақте ғарқа дар хун Тоҷикистон буд”, ки дар рӯзномаи “Садои мардум” №73, 09.06.2025 ба нашр расид, намунаи равшани ин навъи фаъолияти ватандӯстона ва аҳдофмандона мебошад. Муаллиф ҳамчун шоҳиди воқеии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, вазъияти даҳшатбори он рӯзҳоро бо далелҳои шахсӣ ва эҳсоси амиқи инсонӣ тасвир мекунад. Инъикоси воқеаҳо дар мақола на танҳо бозгӯии гузаштаи пурдард аст, балки огоҳии равшане мебошад барои наслҳои нав, ки сулҳу оромӣ чӣ қадар гаронбаҳост. Ш. Ҳусейнзода бо забони соддаву таъсирбахш, даъвати маънавии худро ба ҷомеа мерасонад, гузаштаро фаромӯш накунед, то имрӯзро қадр кунед!
Яке аз меҳварҳои муҳими мақола ин тавсифи шахсияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат аст. Муаллиф бо эҳтироми баланд ва дарду сипосгузорӣ шахсияти Президенти кишварро тасвир мекунад, ки чӣ гуна дар рӯзҳои пурталотуми ҷанг масъулиятро ба дӯш гирифта, сулҳу ваҳдатро барқарор кард. Ин тасвирҳои самимӣ ва воқеӣ барои бедорсозии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ваҳдати халқ нақши муҳим мебозанд. Мақолаи мазкур дар мисоли як рӯзноманигори ватандӯст нишон медиҳад, ки матбуот метавонад минбари ваҳдати миллӣ бошад. Чунин навиштаҳо на танҳо гузаштаро ҳифз мекунанд, балки арзишҳои истиқлол ва сулҳро дар мафкураи шаҳрвандон зинда нигоҳ медоранд. Муаллиф бо ёдоварӣ аз воқеаҳои даҳшатнок ва бо баёни сахтиҳои ҷанг бори дигар ба хонанда хотиррасон мекунад, ки сулҳ бо хун ва ашк ба даст омадааст ва ҳар лаҳзаи оромӣ меваи заҳмати як насли бедордил аст.
Мақолаи Ш. Ҳусейнзода на танҳо як навиштаи хотиравист, балки даъватномаест ба ҳифзи ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба таърих ва шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ. Рӯзноманигор рисолати касбии худро ҳамчун нерӯи ваҳдатофар, тарбиятгар ва ҳушдордиҳандаи ҷамъиятӣ иҷро мекунад. Дар ҷомеае, ки аз таҷрибаи талхи ҷанг гузаштааст, матбуот бояд ҳамеша оинаи воқеият ва рамзи ҳушёрии сиёсӣ бошад. Матбуот – ин забони таърих, оинаи миллат ва минбари ваҳдат аст.
Мақолаи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули парлумони касбӣ», ки ин мақола ба нақши ваҳдат дар бунёди як парлумони муосир ва касбӣ равшанӣ меандозад. Таъкид мешавад, ки муҳити сулҳу субот ва иттифоқи миллӣ имкони фаъолияти озоди вакилони мардумиро таъмин намуда, ба қабули қонунҳои муҳим барои рушди ҷомеа замина фароҳам овардааст. «Нақши рӯзноманигорон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ»- мақола ба саҳми ахбор ва ВАО, махсусан рӯзноманигорон дар ором сохтани ҷомеа, таблиғи сулҳ, таҳаммул ва ватандӯстӣ бахшида шудааст. Муаллиф нақши сухани пурмаъно ва масъулиятшиносӣ-и рӯзноманигоронро таъкид мекунад, ки чӣ гуна онҳо бо қалам ва сухан фазои мусбатро дар байни мардум эҷод карданд. Муаллифи мақолаи «Ваҳдати миллӣ — шоҳсутуни устувори истиқлолият ва давлатдорӣ»- ваҳдатро асоси бунёдии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ медонад. Муаллиф бо мисолҳо нишон медиҳад, ки бе ваҳдат на сулҳ, на амният ва на рушди давлатдорӣ имконпазир намешавад. Дар мақолаи «Ваҳдати миллӣ — омили муттаҳидсоз»- муаллиф ваҳдатро чун нерӯи муттаҳидкунандаи тамоми миллат арзёбӣ мекунад. Дар он зикр мегардад, ки танҳо бо иттиҳоди миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ҷомеаи муосир метавонад пеш равад. Ё ин ки маводи дигаре, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, «Ваҳдати миллӣ — омили ҳастии миллат аст» номгузорӣ шудааст. Муаллифи ин матлаб ваҳдатро ҳамчун таҳкурсӣ ва ҳастии миллат маънидод мекунад. Гуфта мешавад, ки бетафовутӣ, тафриқа ва ихтилоф миллатро завол медиҳад, дар ҳоле ки ваҳдат метавонад миллатро зиндаву устувор нигоҳ дорад.
Ин мақолаҳо ҳама бо услуби ватанпарастӣ ва ҷомеасозӣ навишта шудаанд. Рӯзномаи «Садои мардум» тавонистааст мавзуи Ваҳдати миллиро аз дидгоҳҳои гуногун – сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ таҳлил намояд ва нақши онро дар ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти кишвар бо далелҳои воқеӣ нишон диҳад.
Матбуот дар таърихи рушду таҳкими ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Он на танҳо василаи иттилоотрасонӣ, балки сарчашмаи тарғибу ташвиқ ваҳдат ва сулҳ мебошад. Бо нашри баромадҳо, таҳлилҳо ва мусоҳибаҳо, рӯзномаҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ чун «Ҷумҳурият», «Садои мардум» мардумро ба ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пайвастагии ҷомеа ҳидоят намуданд. Матбуот ҳамчун минбари маърифати миллӣ, омӯхтани арзишҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ барои рушду пешрафти Тоҷикистон нақши устувор дорад. Ин васила бо суханони равон ва далелҳои муътамад роҳи ягонагӣ ва ҳифзи сулҳи тоҷиконро ҳамвора равшан мекунад ва ба наслҳои имрӯз ва фардо посухгӯи рисолати муҳим аст.
Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун як намунаи нодири ваҳдатсозӣ арзёбӣ мешавад. Агар ваҳдати миллӣ намебуд, Тоҷикистон имкон надошт ба ин сатҳи субот ва рушд расад. Мустаҳкамии ҳар давлат аз он сарчашма мегирад, ки дар он якдилии халқ, ягонагии ҳадаф ва ҳамфикрии нерӯҳои ҷомеа мавҷуд бошад.
Умарова Муқаддас — омӯзгори
калони кафедраи журналистикаи
телевизион ва радиошунавонӣ