Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон, ки дар самтҳои мухталиф эълон мегардад истиқбол намуда, худ дақиқан медонанд, ки маҳз пешниҳодҳои оқилона ва ояндабинона, ки барои ҳифзи саломатии наслҳои оянда ва субот дар сартосари дунё хоҳад буд қобили дастгирӣ мебошад.

    Аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар самти ҳифзи прияхҳо маҳсуб мегардид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои ҷиддии экологӣ ва иқлимии асри XXI ба шумор меравад. Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари куҳӣ ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан аз ин раванд зарар мебинад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ташаббусҳои муҳимро пешниҳод ва роҳандозӣ кардаанд.

    Дар ин замина Қатъномаи Иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии СММ дар бораи эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” аз 14 декабри соли 2022, ки ҳадаф аз он баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд маҳсуб мегардад. Аз ҷумла:

— эълони 21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба мушкилоти пиряхҳо равона гардидааст;

— эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – андешидани чораҳои амалии фаврӣ ҷиҳати пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо боло бурдани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифзи пиряхҳо;

— бунёди Фонди боварии СММ оид ба дастгирии фаъолият оид ба ҳифзи пиряхҳо – ба хотири дастгирии лоиҳа ва таҳқиқотҳо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо;

— соли 2025 даъвати Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе – дар чорабинии мазкур коршиносон ҷиҳати коркарди чораҳои амалии ҳифзи пиряхҳо ва ниҳодҳои молиявӣ ҷиҳати маблағгузории иқдомҳо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ширкат намуданд;

— тадбиқи пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” (криосферӣ) – ба хотири таҳқиқ ва коркарди чораҳои муассири пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳифзи муҳити экологии пиряхҳо.

    Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), ки аз соли 2025 то 2034 идома мекунад, ки пешниҳод ва ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Фаронса маҳсуб гардида, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Мусаллам аст, ки иқдоми навбатӣ маҳз ташаббуси дигари Тоҷикистон аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” маҳсуб мегардад.

    9 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза ба шумор мераванд, дар нигаҳдории экосистемаи глобалӣ нақши муҳим мебозанд. Инчунин Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Оқибатҳои обшавии пиряхҳоро метавон чунин мисол овард.

  1. Коҳиши захираҳои оби тоза;
  2. Пиряхҳо манбаи асосии оби ширин дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз ин рӯ обшавии онҳо ба коҳиши дарозмуддати захираҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ овара мерасонад;
  3. Болоравии хавфи офатҳои табиӣ мисли сел, ярч ва обхезиҳо дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо маҳсуб мегадад;
  4. Таъсир ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ;
  5. Камшавии об ба кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва нерӯи барқи обӣ (ГЭС) оварда мерасонад;
  6. Зарари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  7. Сатҳи зиндагии мардум, бахусус дар деҳот, осеб мебинад. Ин метавонад боиси муҳоҷирати иҷбории аҳолӣ гардад;

    Обшавии пиряхҳо ба он оварда мерасонад, ки норасоии оби тоза мушкилоти глобалиро ба миён орад, ки ин як мушкилоти бузурги сайёра маҳсуб мегардад. Чун ки об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт омили муҳими густариши ҳамкориҳои байнидавлатию байналмилалӣ мебошад. Тавассути дипломатияи об муттаҳид намудани миллатҳо ва дастаҷаъмона пешгирӣ намудани хавфу хатарҳо имконпазир аст. Агар мушкилоти обшавии прияхҳо мунтазам давом ёбад норасогии захираҳои об метавонад сарчашмаи пайдоиши низоъҳои гуногун гардад. Фалсафа ва мантиқи ташаббусҳо байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаи об ва обшавии прияхҳо ин  пешгирии низоъҳои оянда маҳсуб мегардад. Бояд қайд намоям, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ сиёсатшиноси амрикоӣ Самиэл Хантингтон иброз намуда буд, ки сарчашмаи низоъҳои ояндаро бархӯрди тамаддунҳо, аниқтараш бархӯрди фарҳангии намояндагони тамаддунҳои мухталиф ташкил медиҳанд. Аммо бо назардошти тағйирёбии иқлим ва хавфу хатарҳои аз он бароянда гуфтан мумкин аст, ки қисми азими низоъҳои ояндаро мубориза барои ба даст овардани захираҳои об ташкил медиҳанд.

    Обшавии пиряхҳо як таҳдиди ҷиддӣ ба муҳити зист, иқтисодиёт ва амнияти инсонӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббусҳои худ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштаанд. Ин иқдомҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми инсоният аҳамияти бузург доранд. Ҳамин аст, ки ташббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин идомаи мантиқии тамаддунсозӣ ва тамаддунофарии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Комрон Фозилов

мудири кафедраи педагогика

ва рақамикунонии низоми

иттилоотӣ дар фарҳанг