Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар ва устодону донишҷӯён чорабинии муҳими фарҳангӣ баргузор гардид.

 Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро бо меҳру самимияти хос ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол муборакбод намуд. Мавсуф дар давоми суханронияш зикр намуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Сиёсати созанда ва дурандешонаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст.

      Ғамхорӣ ба насли ҷавон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа тамоми  имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

     Роҳбари муассиса тазаккур дод, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва барои ҷавонон муфид ин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданини 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ташаббускори асосии ин иқдоми наҷиб мебошанд.

     Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари аввали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки  онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи  сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд. Ба таъкиди Пешвои миллат ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

    Сипас, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ ва сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар суханронӣ карда, дар умум ба ин маънӣ зикр намуданд, ки дар сиёсати давлатии ҷавонон  масъалаи соҳибкасб намудани ҳар як шаҳрванди кишвар мавқеи муҳим дорад. Ин нукта дар Паёмҳои қаблии Сарвари давлат низ ба таври хосса таъкид гардида буд. Албатта,  соҳибкасб намудани ҷавонон ба онҳо имкон фароҳам меоварад, то дар зиндагӣ мақеи хешро пайдо намуда бошанд. Пешвои миллат Ҳукумати мамалакатро дар ин маврид муваззаф намуданд, то дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати омода намудани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодии миллӣ таҳия ва амалӣ намояд. Аз ин лиҳоз, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷавонон мақеи хоса дошта, ҳамеша дар саргаҳи муносибатҳои идоракунӣ қарор доранд.

       Дар доираи чорабинӣ аз тарафи Раёсати донишкада, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе як қатор устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, бахшида Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

    Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

ҚУДРАТОВ Сино