16-уми майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Изат, муовини раиси  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шаҳзод ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» баргузор гардид.

       Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботиро раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз», ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи умеду ормони волотарини мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву хештаншиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд.

      Раиси Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз»-ректори муассиса Назарзода Маҳмуд қайд намуданд, ки  алҳол теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоӣ 194 нафарро ташкил медиҳад, ки дар ин миён 57 нафар донишҷӯ ва боқимонда устодон мебошанд. Дар оянда Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» нақша дорад, ки сафи аъзояшро аз ҳисоби кормандони ҷавон ва фаъоли донишкада афзун намуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

      Сипас, котиби Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» Зафари Шариф зикр намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар ин давра як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ, конференсияю семинарҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо доир намуда, баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Қайд карда шуд, ки дар доираи татбиқи нақша — чорабиниҳо дар байни омӯзгорон, донишҷӯён ва аъзои ҳизб омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъ ба роҳ  монда шуд. Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар конференсияи солонаи  донишкада бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик», таҳти унвони «Соли  2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «700-солагии Ҳофизи Шерозӣ» дар бахшҳои гуногуни кори конференсия маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар донишкада бо унвони «Ширу-шакар» бо намояндагони фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд.

     Маврид ба зикри хос аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, декани факултети санъати мусиқии мардумии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ғолиби ҷойи якум дониста шуда, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мост.

      Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, инчунин як қатор мавзӯъҳои муҳимми дигар матраҳ гардида, баъдан фаъолияти Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз» қаноатбахш ҳисобида шуд.

     Дар охири ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Изат ва муовини раиси  Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шаҳзод ба чанд нафар омӯзгорон шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба аъзоёни фаъоли Ташкилоти  ибтидоии   ҳизбии «Оламафрӯз»  Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим гардид.

Зафари ШАРИФ,

котиби Ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз»-и

МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»

дар назди ҲХДТ-и ноҳияи

Сино шаҳри Душанбе