Ҳифзу нигаҳдошти нодиртарин паҳлуҳои башардӯстонаи фарҳанги миллии тоҷикон, ки бо заҳматҳои пайвастаи ниёгонамон ҳамчун мероси гаронбаҳо то ба мо омада расидааст, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Бе ягон шакку шубҳа омӯзиши муттасили муҳимтарин унсурҳои фарҳанги миллӣ барои таҳкими заминаҳои  моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, дар ташаккули фарҳанги эстетикии кӯдак, хонавода ва мундариҷаи кори педагогӣ хеле муҳим аст.  Ибтидои кори педагогӣ аз рӯи ислоҳ намудани  рафтор ва тарбия намудани хонандагон муайян карда мешавад. Дар ҳақиқат тарбия намудани хонандагон дар ҷойи аввал меистад. Зеро бидуни ахлоқи ҳамида аз хонандагон таълиму меҳнат ва дониши амиқ интизор шудан ғайриимкон аст.

      Тарбияи эстетикии оила вазифаи умумиҷамъиятӣ, давлатӣ буда, ба ин кор давлат,  аҳли ҷомеа, оила ва муассиаҳои фарҳангию фароғатиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ саъю талош намоянд. Мактаб, ҳамчун муассисаи давлатӣ дар тарбияи ҳаматарафаи насли наврас нақши асосӣ ва марказиро дорад. Ин макони маърифат дар асоси қонунҳои интишоркардаи давлат, урфу одати гузаштагон, осори ниёгон шогирдони  худро тарбия менамояд. Хонандагонро бо донишҳои илмӣ, ки қонунҳои табиату ҷамъиятро инъикос менамоянд мусаллаҳ гардонида, ҷиҳати ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва ақидаҳои муайяни шогирдон саҳми арзанда мегузорад.

     Тарбия, ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бисёр масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад, ки ташаккули фарҳанги зебоипарастии кӯдак дар он ҷойгоҳи махсусро дорад. Мусаллам аст, ки мақсади тарбия ба воя расонидани шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта мебошад ва барои тарбияи шахсияти ҳаматарафа ташаккулёфта бояд муҳити оилаву мактаб созгор бошад. Ҳамчунин оилаву мактабро лозим аст, ки дар ин замина пайваста ҳамкорӣ намоянд. Зазифаи мактаб аз он иборат аст, ки ҳама қисмҳои таркибии тарбияро дар алоқаи узвӣ ба амал бароварда, нисбат ба тарбия муносибати комплексӣ ва системанок  намояд ва дар маҷмуъ барпокунандагони бошуур ва фаъоли ҷамъиятро ба воя расонад. Мактаб ҳарчанд бо муаллимони маълумотнок ва ихтисосманд, бо барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, нишондодҳои методӣ, бо кабинету лабораторияҳо, асбобҳои аёнӣ ва воситаҳои техникии таълим таъмин бошад ҳам, дар танҳоӣ ин вазифаҳоро иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, барои иҷрои ин вазифаҳои ҳаётан муҳим, бояд ба мактаб ва муаллимону мақомоти маорифу давлат ҳамаи аҳли ҷомеа кӯмак намоянд.    Умуман дар тарбияи насли наврас ва ташаккули фарҳанги хонавода зарур аст, ки қувваҳои мактаб, оила ва аҳли ҷомеа муттаҳид карда шаванд.  Аз ин рӯ, қабул гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд»  хеле саривақтӣ ва амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Интишори  ин Қонуни барои ҷомеаи мо хеле муфид, яке аз тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

      Дар боби  2-юми Қонуни мазкур, таҳти унвони   “Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълим тарбияи фарзанд”  баробарии  ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар муайян карда шудааст:

Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба  истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:

— ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд;

— шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;

— дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;

— ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд;

— дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;

— риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;

— ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

— ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;

— дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

        Таълиму тарбия, таъмини маълумот, ғамхорӣ оид ба хаёт, инкишоф, мушкилоти хуқуқии кӯдакон ва наврасон яке аз вазифаҳои муҳими инсонӣ ба шумор меравад. Вале  қабл аз ҳама  хар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзанди хеш  тамоми шароитро фароҳам созад, то дар оянда ӯ хамчун як шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба  воя расад.

      Мутаассифона, солҳои охир сафи ноболиғоне, ки ба беҳудагардӣ одат карда, оқибат даст ба чиноят мезананд, зиёд гаштааст. Сабабҳои чунин шакл гирифтани ин зуҳуроти номатлуб омилҳои зиёде дорад, ки яке аз онҳо беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Албатта, дар баробари волидон  дар тарбияи  наврасону чавонон  омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва устодони донишкадаву донишгоҳҳо низ  нақши босазое доранд. Бинобар ин, дар моддаи 8 боби мазкури ҳамин Қонун ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд хеле одилона дарҷ гардидааст, ки ба тафаккури миллати мо мувофиқ аст. Агар ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд амиқан назар афканем ба дурусти пай мебарем, ки ҳадафи асосии Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда ӯро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудан аст.

      Тарбия додани фарзанд, ба  роҳи рост ҳидоят кардани ӯ, панду насиҳат гуфтан аз рисолати асосии волидвйн ба шумор меравад. Маҳз падару модар  метавонад аз лаҳзаи таваллуд  фарзандро дар шоҳроҳи зиндагӣ ба по гузошта, ба роҳи рост хидоят намояд. Ҳамин вазифаву ӯҳдадориҳои табиии волидайн дар Қонуни масъулияти падару модарон ба таври возеҳу равшан дарҷ гардидааст.

     Бо ҳам пайванд намудани илму амал яке аз сабабҳои асосии муваффақият ва пешрафти чомеа мебошад. Дар ҳалли илмии масъалаҳои тарбияи оилавӣ ва алоқаи мактабу аҳли ҷомеа нақши педагогҳои барҷаста Н.К. Крупская ва А.С. Макаренко бағоят калон аст. Дар педагогикаи собиқ Шӯравӣ ягон масъалае нест, ки онҳо дар бораи он таваққуф накарда бошанд. Онҳо ба ҳамаи масъалаҳои тарбияи оилавӣ диққати калон додаанд. Ҳанӯз Н. К. Крупская дар тарбияи насли наврас ба муттаҳид намудани қувваҳои муаллимони мактаб, падару модарон, аҳли ҷомеа, ташкилоти мактабӣ аҳамияти махсус медод. Вай дар мақолаи худ «Соҳаи муҳими кори комсомол» нишон додааст, ки зан модари ҳозира ва оянда мебошад. Модар мураббии табиӣ мебошад. Ба ҳам пайвастани тарбияи ҷамъиятӣ ва тарбияи оилавӣ дар кори ба камол расондани одамони сазовори ҷомеа қувваи пурзӯреро ба вуҷуд меорад. Воқеан, инсонро оила, мактаб, муҳит тарбия менамояд. Аз ҷумла, А.С. Макаренко менависад, ки «аввалин таҳкурсии ҳиссиёт, фикр, хулқ ва шуури бача дар оила гузошта шуда ва дар он ташаккул меёбад. Кӯдакро ҳама чиз: одамон, ашёҳо, ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, одамон тарбия мекунанд. Агар одам бад тарбия ёфта бошад, пас ба ин пеш аз ҳама мураббӣ гунаҳкор мебошад. Дар тарбияи насли наврас нақши аввалиндараҷаро мактаб бозад ҳам аввалин таҷрибаи ҳастиро ба кӯдак маҳз оила медиҳад, маҳз дар оила хислат ва симои маънавии ӯ ташаккул меёбад» ( «Тарбияи бачагон, — менависад А.С.Макаренко соҳаи муҳими зиндагии мост. Бачагони мо шаҳрвандони ояндаи мамлакати мо ва шаҳрвандони ҷаҳон мебошанд. Онҳо таърихро эҷод хоҳанд кард. Бачагони мо падар ва модарони оянда мебошанд, онҳо ҳам бачагони худро тарбия хоҳанд кард. Бачагони мо бояд шаҳрвандони хуб, падар ва модарони хуб ба камол расанд. Вале бо ин ҳам тамом намешавад, бачагони мо умеди айёми пирии мо мебошанд. Тарбияи дуруст пирии хушбахтонаи мост, тарбияи бад ғаму ғуссаи ояндаи мо, ашкҳои дидаи мост, дар назди дигар одамон, дар назди тамоми мамлакат гуноҳи мост» .

     Ташаккулёбии симои маънавӣ, сиёсӣ, инкишофи ақлӣ, фарҳангии насли  наврас на танҳо дар мактаб, дар натиҷаи омӯхтани асосҳои фан, ё дар натиҷаи тарбияи мактабӣ ва оилавӣ ба амал меояд. Барои ташаккули вай худи ҳаёт, муҳит низ фаъолона таъсир мерасонад. Аз мактаб берун имконият ва воситаҳои бемаҳдуд мавҷуданд, ки барои ба сиёсат, мӯъҷизаҳои илм, техника ва фарҳанг ошно шудани кӯдакону ҷавонон таъсири калон мерасонанд. Китобхона, кино, театр, радио, телевизион, интернет, компютер, матбуоти даврагӣ, лекторияҳои гуногун ва ғайра воситаҳоеанд, ки аз таъсири онҳо ҳеҷ кас, аз ҷумла, кӯдакону ҷавонон берун монда наметавонанд. Ҳамаи онҳо дар тарбияи насли наврас нақши муассир доранд.

     Вазифаи муштараки мактабу оила ҳам аз он иборат аст, ки хонандагонро аз ҷиҳати ғоявӣ обутоб диҳанд, ҳамчун ватанпарварони содиқ ва башардӯст тарбия намуда, дар онҳо ҳисси садоқатмандии бепоён парваранд. Онҳо бояд дар мағзи ҳаёти пурҷӯшу хурӯш бошанд, аз корномаҳои халқи тоҷик бохабар бошанд, дар корҳои ҷамъиятӣ, меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд. Махсусан, мактабҳои бачагонаи мусиқие, ки дар шаҳру навоҳии чумҳурӣ фаъолият мекунанд,  яке аз воситаҳои  самараноки  ташаккули фарҳанги зебоипарастӣ  маҳсуб меёбанд. Махсусан,  коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳо, дар тарбия ва омодасозии  кадрҳои  соҳаи фарҳанг ва санъат, омӯзгорони дарси мусиқӣ саҳми босазо доранд.

     Соҳаи фарҳанг, ба вижа санъати мусиқӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Умуман ба ақидаи Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон сиёсати фарҳангӣ ҳамчун маҳаки асосии давлатдорӣ мебошад. Сарвари давлат барҳақ гуфтаанд: «Беҳуда нест, ки мо сиёсати фарҳангиро як рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ мешуморем.» дарвоқеъ фарҳанг дар кашфи равишҳои зиндагии давлатҳои гузаштаву имрӯза, мавқеи иҷтимоӣ, махсусан сиёсии онҳо, чун оинаи тамомнамо арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин қайд кардаанд, ки : «Фарҳанг ба назари ман оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбанд. Ва ин мизони дақиқи беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд».

     Дар тарбияи зебоипарастии насли наврас  китобу китобхона, махсусан китобхонаҳои бачагона мавқеи хоса дорад. Бояд имрӯз китобҳое чоп шаванд, ки ба  талаботи байналмилӣ ҷавобгӯ бошанд. Хушбахтона солҳои охир ин талаботи муҳим риоя шуда истодааст.

     Тарбияи эстетикӣ тавассути фаъолияти фарҳангию фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, оила ва эҷодиёт шакл мегирад. Манзалати фарҳанги эстетикӣ  дар ҷамъияти имрӯзаи мо болотар равад. Зеро мо роҳи тараққиёти созандагиву бунёдкориро пеш гирифта соҳиби давлати ҳуқуқбунёди демократии дунявӣ мебошем. Дар ин замина моро лозим аст, ки фарҳанги асили хеш, эҷодиёти бадеӣ ва намунаҳои беҳтарини санъатро эҳё намоем. Муҳим аст, ки таваҷҷуҳи насли наврас ба ин арзишҳои фарҳангӣ ҷалб карда шавад. Вазифаи муҳими дигари тарбияи эстетикӣ дар насли наврас қобилиятҳои бадеиву эҷодӣ, кӯшиши ба ҳаёти гирду атроф зебоӣ даровардан,  меҳнати хуб ва хулқу адаби намунавӣ тарбия кардан аст.

    Аз таҳлили вазъи тарбияи эстетикии насли наврас дар ҷумхурӣ, ҳисоботҳои шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳия ва сӯҳбат бо кормандони онҳо, омӯзиши ҳуҷҷатҳои мактабӣ, пурсишу сӯҳбатҳо бо хонандагон, фаъолияти  бевосита  кормандони системаи тарбияи эстеткӣ бар меояд, ки дар тарбияи эстетикии насли наврас дар низоми фарҳангу маориф  камбудиҳои ҷузъие ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.

        Тарбияи кӯдакон ва наврасон дар оила қисми таркибии тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Тарбияи оилавӣ ва тарбияи ҷамъиятӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. Дар таълиму тарбияи насли наврас оила баробари мактаб масъулият дорад.

    Хушбахтона солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало эҳсос мешавад, ки аксарияти падару модарон ба тарбияи ҳаматарафаи фарзандони худ диққат дода, барои муътадил  хондан, илму маърифат омӯхтан, дар оила шароиту имконоти васеъ фароҳам меоранд ва рафтору кирдори онҳоро дар хона, дар кӯча  ва дар мактаб пурра таҳти  назорат қарор медиҳанд. Ҳар як муваффақият, пешрафт ва ё камбудии онҳоро дида, барои бартараф намудани рафторҳои ношоям аз тадбирҳои гуногун истифода мебаранд.  Вале бо вуҷуди ин, вобаста ба нобаҳангомиҳои замон як қисми падару модарон ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Таълиму тарбияро кори саҳл шуморида, танҳо мактабу муаллимонро масъул медонанд ва худро аз тарбияи фарзанди хеш дар канор мегиранд. Илова ба ин нисбат ба тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонанд, ки ин дар натиҷа ба оқибатҳои  нохуш оварда мерасонад. Ҳамчунин хунукназарии волидайн боис мегардад, ки фарзандони онҳо ба гурӯҳҳо ва  иттиҳодияҳои самти фаъолияташон  ифротгарона шомил шаванд ва зиндагии ширини онҳоро ба моҷарову ғуссаву ғам табдил диҳанд.

       Барои тарбияи бомувафаққияти фарзанд зарур аст, ки падару модар ва аъзои дигари оила якдигарро ҳурмату эҳтиром кунанд, бо рафтору одоби мусбати худ диққати фарзандонро ҷалб намоянд ва аз ҳар ҷиҳат ибрат нишон диҳанд. Майлу хоҳиш, супориши падару модар ба фарзанд дар ин ё он масъала бояд одилона бошад, онҳо якдигарро дастгирӣ намоянд.

    Падару модарон бояд нисбати фарзанд серталабу боадолат бошанд: хусусиятҳои инфиродӣ, синну солро ба ҳисоб гиранд, шахсияти кӯдакро паст назада мавқеи худро ҳамчун падар ва модар донанд, кӯдакро фиреб надиҳанд, бо ҷанҷолҳои худ обрӯи якдигарро нарезонанд, фарзандро аз ҳад зиёд таъриф ё сарзаниш накунанд, ҷазои ҷисмониро истифода набаранд, фарзандро дар рӯҳияи ҳақгӯӣ, ростқавлӣ, далерӣ, нотарсӣ, қавииродагӣ, поквиҷдонӣ, тарбия намоянд. Ҳатто танбеҳи волидайн бояд холӣ аз меҳрубонӣ набошад. Ҷиҳати дар рӯҳияи ростӣ тарбия намудан волидайнро зарур аст, ки бо  муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд. Зеро ин таҳлили мухтасари мо нишон дод, ки бешубҳа ҳамкории ҳамаи муассисаҳо бо оила метавонад дар ташаккули фарҳанги эстетикӣ (зебоипарастӣ)-и хонандагон нақши муассир дошта бошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

       Декани факултети мусиқӣ –омӯзгорӣ

Шарофидинзод  Муслиҳиддин Шарофидин