Вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии замони муосир дар худ масъала ва равандҳои гуногунро касб намудааст, ки онҳо аз буҳронҳои гуногун, афзоиши падидаҳои номатлуби тундгароиву ифротгароӣ, рақобатҳои фарҳангӣ ва ғайра иборат мебошанд. Дар ин замина ҳаёти ҷамъиятии замони имрӯза хеле пуртазод ва мураккаб сурат мегирад ва аксар маврид ҳодисаҳои дар он баамаломада хусусияти ғайриинтизорӣ ва аҳёнан пешгӯинашавандаро доранд. Бинобар ин, шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла сатҳи психологияи ҷамъиятии он қобилияти ин дигаргуниҳоро на ҳамеша имконияти саривақт пайгирӣ карданро дошта, аксар маврид барои худ пайравӣ аз стратегияи мутобиқшавиро ба ин тағйиротҳо афзалият медиҳад. Вале, новобаста аз ин ҷараёнҳо қабати фаъоли шуури ҷамъиятӣ ба равандҳои иҷтимоӣ фурсати амиқ фурӯ рафтанро аз даст намедиҳад ва бо татбиқи ҷустуҷӯҳои арзишию фарҳангӣ маънии муҳтавои онҳоро барои дарки аъзои ҷомеа наздиктар месозад. Ҳамин тавр, муҳити ҳаёти ҷамъиятӣ то дараҷаи муайян барои шуури инсон тасаввурпазир ва ин фазоро баҳри ташкили зисту фаъолияти гуногунҷанбаи аъзои ҷомеа имконпазир мегардонад.

        Ҳамин тавр, ҳаёти маънавии ҷомеаи тоҷик дар шароити имрӯза давраи хеле мураккабу тақдирсозро пушти сар намуда истодааст. Ноустувории низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва паст шудани нуфузи арзишҳои умумибашарӣ таъсири худро ба ҳаёти маънавии ҷомеаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷомеаи тоҷик ба таври амиқ мегузорад. Дар чунин шароит, танҳо арзишҳои маънавӣ бо устувории худ ба низоми арзишҳо ва меъёрҳои рафтори иҷтимоии инсон метавонанд маънӣ бахшанд. Бинобар ин, акнун ҷомеаҳои муосир, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин масъала ҳарчи бештар муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар баробари пешбурди иқтидори истеҳсолӣ ба такмилу танзими унсурҳои ташкилдиҳандаи ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла анъанаҳои маънавӣ майл менамоянд. Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли ба вартаи бегонапарастӣ, ватанфурӯшӣ ва азхудбегонагӣ афтодани ӯ зиёд аст. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки сокинони Тоҷикистон бояд худро аз чунин хатар ҳифз намоянд. Сарвари давлат яке аз чунин такягоҳи муҳимро дар рушди маънавиёт мебинанд. Зеро маънавиёт ба инсон кумак менамояд, ки олами гирду атрофро дарк намояд ва муносибати худро ба он муайян кунад.

        Дар баъзе аз назарияҳои фарҳангшиносӣ барои пайдо кардани сабаби риоя нашудани арзишҳои маънавӣ дар ҷомеа дар баробари омилҳои дигар, инчунин ба вижагии шахсияти афроди каҷрафтор аҳамият дода мешавад. Маъмулан вижагиҳои шахсиятии афроди хатокор, беқоидагии рафтор ва иртибот миёни фарду ҷомеа ва иртикоби рафторҳои нобаҳинҷор ва хилофи муқаррароти иҷтимоӣ аст, вале маъмулан аз назари муртакиб ва омили он дар асл ва ё дар мавқее хос, ингуна рафторҳо нописанд шумурда намешаванд. Фаъолият ва шеваҳои рафтори ин гуна афрод низоми иҷтимоиро мутазалзил ва ноором месозанд.

            Бояд зикр кард, ки  ин гуна афрод ба пайомади амали худ намеандешанд, дар корҳои худ бепарво ва бемулоҳиза ҳастанд ва дар панд гирифтан аз таҷрибаҳои ҳаётӣ бисёр заъиф буда, дар қазоватҳои худ яктарафа мебошанд. Ин навъ шахсиятҳо умдатан аз муҳити солими иҷтимоӣ, аз ҷумла хона ва мактаб канор монда, пойбанди қавоид, муқаррарот ва ҳинҷорҳои иҷтимоӣ нестанд ва ба дунболи ҳар чизе мераванд, ки барояшон яклаҳзаина ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ҳатто дар пӯшиш ва сабку шакли зоҳирии хеш, бавижа дар шеваи либос пӯшидан, ороиши мӯй ва сурат ба гунае, ки хилофи қоида ва хилофи сабки писандидаи соири афроди ҷомеа бошад, амал мекунанд, то ки ба онҳо таваҷҷуҳ дода шавад.

         Гурӯҳи дигари афроди ба ин самтҳо моил низ вижагиҳои шахсиятии ба худ хосе доранд, аз ҷумла онҳо худбовару пайваста ба таваҷҷуҳи дигарон ниёзманданд ва дар равобити худ бо мардум ба ниёзҳо ва эҳсосоти онон беаҳмиятона муносибат мекунанд. Ин афрод ағлаб бо олами худ ҳастанд, дар мавриди муваффақияти номаҳдуду дурахшон, қудрат, зебоӣ ва равобити ошиқонаи ормонӣ саргарманд. Ағлаб ин афрод волидайне доштаанд, ки аз назари равонӣ нисбат ба онон бетаваҷҷуҳанд ё сарду тардкунанда будаанд ё бо беш аз ҳад ба онон муҳаббат карда ва арҷ мениҳанд.

        Онон ба сабабе, ки орзуҳо ва хостаҳояшон амалӣ нагардидаанд, аз чаҳорчӯбаи қонуни хонавода безор шуда ва ба рафторҳои нобаҳинҷор, назири фирор аз хона, тарки таҳсил, дуздӣ ва нашъамандӣ гароиш пайдо мекунанд. Гурӯҳе низ афроде бурунгаро ва ба дунболи лаззатҷӯии яклаҳзаинаӣ ҳастанд, дамро ғанимат мешуморанд, мехоҳанд дар анвоъи меҳмониҳо ва ҷашнҳо ширкат варзанд, ташнаи ҳаяҷон ва моҷароҷӯиянд, ба ҳамин далел барои лаззатҷӯӣ даст ба аъмоли хилофу ғайриахлоқӣ мезананд.

         Саранҷом, гурӯҳи муайяни нафароне ҳастанд, ки аз нигоҳи ҷомеашиносии фарҳанг бо сабаби мушкилоти рӯҳӣ – равонӣ боиси рафторҳои зиддииҷтимоӣ мешаванд. Вале теъдоди онҳо дар муҳити васеи фарҳангӣ зиёд нест. Баръакси ин ҳолатҳои зикршуда имрӯзҳо бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ насли ҷавоне пайдо шудааст, ки мехоҳад дар фурсатҳои кӯтоҳтарин аз неъмату дастовардҳои тамаддуни муосир баҳравар шавад. Аз пайи чунин орзу онҳо ба меҳнати сангину дарозмуддат эътибор намедиҳанд ва аксар маврид омили сар задани рафторҳои носанҷида ва ахлоқи ношоиста мешаванд. Барои онҳо чунин тарғиботро бештар тавассути рекламаҳо, филмномаҳо, расонаҳо ва ғайра паҳн мекунанд. Бинобар ин, Пешвои миллат ҳамеша дар баромадҳояшон аз таъсири ногувори баъзе аз тарафҳои равандҳои ҷаҳонишавӣ ба сифати ахлоқии насли ҷавони мамлакат таъкид меварзанд: «тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмуи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳалу фасл карда шуданд. Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаи шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.

              Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.

          Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд».

Хулоса, мутолиоти илмии анҷомшуда дар хусуси роҳҳое, ки боиси пайдоиши осебҳои рафторӣ мешаванд, нишон медиҳанд, ки он натиҷаи вижагиҳои шахсӣ ва иҷтимоии субъекти мазкур ё шароити муҳит аст, ки ӯ дар он воқеъ шудааст. Бо ин ҳол, ташхиси мизони таъсири омилҳои мухталиф дар ба вуҷуд овардани қонуншиканӣ мушкил аст, зеро дар ҳақиқат тамоми омилҳои дохилӣ ва берунии пайдоиши қонуншиканӣ мисли риштаҳои занҷир ба ҳам пайваста, ҳар яке муқаддимаи дигаре аст. Ин омилҳо то ба андозае гуногун ва фаровонанд, ки ба таври дақиқ наметавон гуфт кадоме яке аз онҳо беш аз омилҳои дигар дар вуқуи осебҳои рафторӣ ва қонуншиканӣ таъсиррасон будааст. Ба ҳамин далел, аз назари коршиносон ҳеҷ гоҳ як омили муайян вуҷуд надорад, ки ҳамеша ба таври мутлақ боиси кушодани фард ба ҷониби қонуншиканӣ гардад.

            Соҳибназарони илмҳои улуми тарбия, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ бар ин ақидаанд, ки илова бар нақши оила, дӯстон, мактаб, дин ва монанди инҳо дар бадахлоқӣ миёни навҷавонон ва ҷавонон тағйири хусусиятҳои ҷисмонӣ ва равонӣ, ки дар замони ба балоғатрасӣ рух медиҳад, нақши муҳимме дар тағйироти хулқу рафтори афрод доранд, ки омилҳои аз ҷумла ҳаяҷонӣ будан, аз рӯйи эҳсосот амал кардан, бетаваҷҷуҳ будан ба оқибати амал, бо таваҷҷуҳ ба шароити ҷисмонӣ заминаро барои рафторҳои ноҳинҷор ба вуҷуд меоварад. Аз ин рӯ, идора кардани рафтори онҳо тариқи оила, мадраса, ҷомеа, ниҳодҳои мазҳабӣ ва ғайра бояд сурат гирад ва шинохти кофӣ ва иттилооти лозима барои пешгирии базеҳкорӣ бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла расонаҳои ҷамъиятӣ ба навҷавонон ва ҷавонон, инчунин оилаҳо ироа гардад.

 

 

 

 

 

Зокирзода Суҳроб Ибод

номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти кафедраи ҷомеашиносии

МДТ ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода