Санаи 3 — юми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки ректори донишкада, номзадии илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо, собиқадорони меҳнату ҳунар, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

     Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда таманно намуд.

          Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки Рӯзи Ғалаба дар радифи дигар санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Ин рӯз барои тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Рӯзи ғалаба чунин андешаронӣ кардаанд: “Рӯзи ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст”. Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем.

        Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи консертӣ ва намоишномаи тетронидашудаи омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.