Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба муносибати бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода З.А., сардори раёсати илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода А., муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Ш.К., устоди кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудов Д.Х., узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Б. ва дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муҳаммадизода Қ. М. Иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал ҳайати меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо пазируфта шуда, ҳамагӣ аз намоиши дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва байналмилалии устодону донишҷӯёни донишкада дидан намуданд.
Пас аз он, чорабинии илмӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшид ва меҳмонону иштирокдорони ин чорабинии илмии сатҳи баландро ба донишкада хайрамақдам намуд. Ректор ёдовар гардид, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 22-юми августи соли 1973 бо қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 марти соли 1978 ба он номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дода шуд. Ин падидаи фараҳбахш боиси ифтихору шодмонии аҳли фарҳангу ҳунари кишвар, бахусус ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну кормандони муассиса гардид. Зеро Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт.
Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи пешрафти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни кишварҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт. Донишкада барои дар сатҳи баланд таҷлил намудан ва гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамеша тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, дар солҳои охир нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода дар донишкада гузошта шуда, майдону гулгаштҳои назди он дар соли равон азнавсозӣ гардиданд. Инчунин, ба хотири тақвият бахшидани хотироти зеҳнии донишҷӯён ва гиромидошти ёду осори устод Мирзо Турсунзода дар донишкада маҳфили “Турсунзодахонӣ” доимо амал мекунад.
Баъдан, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода З.А. доир ба ҳаёту фаъолият ва саҳми Мирзо Турсунзода дар рушди фарҳангу адабиёт ва сулҳу дӯстӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Қайд гардид, ки маҳз хизматҳои шоиставу арзишманди Мирзо Турсунзодаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 — солагии устод Мирзо Турсунзода (соли 2001) бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ ба фармоне имзо гузошта, ин фарзанди фарзонаи миллатро бо баландтарин унвони давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардониданд. Он замон зикр карда буданд, ки “Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард”.
Риштаи суханро доир ба мавзуи чорабинии илмӣ, хусусан нақши Мирзо Турсунзода дар рушди фарҳанги миллӣ сардори раёсати илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода А. идома дода, зикр намуд, ки дар муҳити адабию фарҳангии асри XX устод Мирзо Турсунзода ҷойгоҳ ва мақоми хос дошта, ӯ ба шумори адибоне шомил мегардад, ки дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва сиёсии Тоҷикистони даврони шуравӣ нақши бориз гузоштааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо буда, шеъру достонҳои ӯ фарогири ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ мебошанд. Дар эҷодиёти ӯ мавзуи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад.
Ҳамин тавр, кори конфронси илмӣ идома ёфта, устоди кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ — Маҳмудов Д.Х. дар мавзуи «Ҷойгоҳи устод Мирзо Турсунзода дар таърихи навини тоҷикон», дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муҳаммадизода Қ.М. дар мавзуи «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик» ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Б. маърӯзаҳои худро ба самъи иштирокдорону шунавандагон расониданд. Дар ин росто қайд гардид, ки ҷиҳати гиромидошту рамзи посдории хизматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода ба номи ӯ шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва муҳимтар аз ҳама, шеъри ӯ пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам¬лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд.
Пас аз ҷамъбасти қисми илмии чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода З.А. ректори донишкада Назарзода М.М. бо медали шуҷот ва ҷавонмардӣ, инчунин бо сипоснома қадрдонӣ гардид. Дар ҳамин радиф, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада Аминӣ А. ва маърӯзачиёни конфронс, ҳамчунин як қатор устодону донишҷӯёни донишкада, ки дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистони Душанбе” ғолиб омада буданд, бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотирмони Кумита қадрдонӣ гардиданд.
Қисми дуюми чорабинӣ ба таври фарҳангӣ сурат гирифта, дар он чанд номераҳои консертие, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода ба оҳанг дароварда шуда, дар ҷомеаи муосири кишвар машҳур низ мебошанд, аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишкада мавриди тамошои ҳамагон қарор дода шуд.
Меҳриддин Холов,
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ