ШАҲРИ ОБОДИВУ ШОДӢ, ХОНАИ МЕҲРУ САФО
«Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Шуруъ аз 1-уми марти соли 2005 то инҷониб ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин санаи фархунда ба 19-уми апрел мувофиқ омадааст.
Бо юмни Истиқлоли давлатӣ, самари сулҳу ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзию роҳбарии оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои шаҳри Душанбе рӯз то рӯз зебову дилпазир гашта, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хидматрасонӣ ва маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахти азиз моро сабзу гулпӯш намуданд. Бар мабнои барномарезии дуруст ва фарҳанги баланди шаҳрдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз шаҳри Душанбе бидуни муболиға ба яке аз зеботарин пойтахтҳои ҷаҳон мубаддал гардидааст. Ба қавли шоир:
Шоҳкори шоҳкоронӣ, Душанбе,
Шаҳрёри шаҳриёрони Душанбе.
Шаҳри бахтӣ, шаҳри тахти меҳрдорон,
Шаҳри ёрӣ, шаҳри ёронӣ, Душанбе!
Ҳамчу афсар саф зада сафи сановбар
Чорсӯи Қасри миллат тоҷ бар сар.
Ҳар нафар омодаи имдоди кишвар,
Сафшикан, саф баста сарбозони сафдар.
Ҳар ки обат хӯрдааст, озода шуд,
Тозаву тар мисли як шоҳзода шуд.
Ҳамчу Айни номбардонри Ватан,
“Ҷони ширин” хонду Турсунзода шуд.
Пешвоят дар хирадмандӣ ҷаҳонро Пешво,
Рустами ту Рустамҳои ҷаҳонро раҳнамо.
Рӯзи ту Наврӯз бодо, шабҳоят Меҳргон,
Шаҳри ободиву шодӣ, хонаи меҳру сафо.
Шаҳри дилорои мо – Душанбе дар масири ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани неруҳои созандаи кишвар нақши бениҳоят бориз дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми қаламрави мамлакат мебошад.
Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон – Исмоили Сомонӣ ба муносибати 1100-солагии давлатдории аҷдоди некномамон — Сомониён ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар майдони марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат шаҳри Душанбе маҳз бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.
Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону осоиш, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, бо хушҳолӣ васфаш мекунанд.
Шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нерӯҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.
Тамоми ободониҳои пойтахти Ватани азизамон ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд ва итминони комил дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қудрати созандаи халқи азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилоро мегардад.
Душанбеи биҳиштдомони мо маркази сиёсиву маъмурии Тоҷикистони азиз, мазҳари илму маърифат, хонаи уммеди тоҷикони тамоми ҷаҳон, шаҳри саодату иқбол, маъвои ишқу муҳаббат, диёри сулҳу сафо ва ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки дар ин шаҳри нозанин – қалби ватани азизамон кору фаъолият намуда, зиндагии пур аз рифоҳу осоишта дорем.
Ҳар яки моро зарур аст, дар баробари мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси пойтахт анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти азизамон саъю кӯшиши худро дареғ надорем.
Ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Назарзода Маҳмуд Мирзо