Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, чеҳраҳои саршиноси соҳаи фарҳангу санъат ва ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса бо мақсади шарҳу тарғиби нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат дар мавзуи «Баҳори дӯстии се миллати бо ҳам бародар» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, андешеву мулоҳизаҳояшро дар бораи моҳият ва ҷойгоҳи Паёми Пешвои миллат баён карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём вазъи тамоми соҳаҳои кишварро аз қабили фарҳанг, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, варзиш ва сайёҳӣ ба риштаи таҳлил ва баррасӣ кашида, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Дар баробари таҳлилу натиҷагирии дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зеро, сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмуъ ривоҷи ҳувияти миллӣ нигаронда шудааст.
Роҳбари муассиса дар бораи мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа, ки дар Паёми Пешвои миллат махсус дарҷ гардидааст, низ мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид кард, ки мақоми бонувон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати мардумпарваронаи Сарвари давлат воқеан ҳам боло рафтааст.
Ректори донишкада дар бораи таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва имзои Шартномаи сеҷониба дар бораи нуқтаи сарҳадӣ ва қабули “Эъломияи Хуҷанд” низ андешаронӣ намуда, ин рӯйдоди муҳимми таърихиро натиҷаи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ кард. Мавсуф дар охири суханронияш зикр намуд, ки раёсати донишкада бо ҷалб намудани коршиносон ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳад кард.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллатро шарзу тавзеҳ дода, аз ҷумла тазаккур дод, ки чун ҳамеша соҳаи фарҳанг дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, зеро Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид карданд, ки иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ сабаб гардида, ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.
Тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд, ки намунаи олияш иштироки фарҳангиёни кишвар дар барномаи фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба таҷлили 815-солагии Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси ЮНЕСКО мебошад. Ворид гардидани 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО дар соли 2024 низ боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Вазири фарҳанги кишвар дар асоси омори дар Паёми Пешвои миллат зикргардида қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Аз ҷумла сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки онҳоро дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода низ аз таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи “Дӯстии абадӣ” ва ифтитоҳи маҷмааи “Дӯстӣ” ёдовар шуда, зикр намуд, ки нишасти Хуҷанд раванди муттаҳидшавиро дар минтақа боз ҳам суръат мебахшад. Зеро дар нишасти Хуҷанд масъалаҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд, ки метавонанд ба ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа мусоидат кунанд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим андешаҳояшро дар атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд.
Имрӯз на танҳо пойтахти кишвар, балки ҳар як гӯшаю канори Ватани азизамон дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат ба истиқболи ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ зебову шукуфо гардида, зиндагии шоиставу арзандаи ҳар як сокини мамлакат таъмин мегардад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе қайд намуд, ки дар Паёми солонаи сарвари давлат боз як бори дигар таъкид ба он карда шуд, ки дар замони пуртаҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдиди буҳронҳои шадиди ҷанги тарҳрезишуда ва ҷаҳонишавии бошитоб ҳар як фарди ватандӯст бояд дар пайи такмили андешаи солиму созанда бошад ва роҳи саодату хушбахтии худро дар ҳифзи асолат, таҳкими сулҳу субот тавассути аз худ кардани илмҳои муосир муайян намояд.
Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод низ андешаҳояшро перомуни Паёми Пешвои миллат баён намуда, инчунин, аз таърихи таъсисёбии ҳизб ёдовар шуда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб арзишманд арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт ва ба ояндаи дурахшони Ватан умед ё боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии сарвари оқилу хирадмандаш бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагонамон ҷиҳати бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани муноқишаву нофаҳмиҳо тавонист, ки ба кишвар сулҳу субот ва ваҳдат орад. Таъкид гардид, ки дар замони муосир вазъи ноустувор ва пурпечутоби сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, бархӯрди абарқудратҳо ва аз ҷониби дигар торафт доман паҳн кардани терроризму экстремизм ва ифротгароиву бегонапарастӣ моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба моҳияти сулҳу субот расем ва баҳри пойдории он дар ҷомеа талош намоем.
Сипас, омӯзгорони донишкада муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ва мудири кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанги муассиса Фозилов Комрон Ҷамолович мутаносибан дар мавзуҳои “Эъломияи Хуҷанд – заминаи дӯстии абадӣ ва амнияти доимӣ” ва “Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ (дар мисоли муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғиситон” суханронӣ намуда, дар умум зикр намуданд, ки дар ҳақиқат, мушкилотҳои марзиро бе иштироки қувваи беруна ҳал кардан нишонаи якдилию дӯстӣ буда, онро метавон ҳамчун ҳиссаи бузурги дипломатияи Тоҷикистон ва натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада бо фаро гирифтани сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО