Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки муовини сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломзода Боғигул, мудири шуъбаи кор бо занони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Валиева Саёҳат ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан вохӯрии судманд ба ҳайати устодону донишҷӯён бо мақсади таъсиси маҳфили “Мактаби оиладорӣ” дар донишкада баргузор гардид.
Вохӯриро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, мақсади вохӯриро ба ҳозирин мухтасар баён намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати мардумпарваронаи худ ҳамеша ба таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ аҳаммияти махсус зоҳир намуда, барои пиёда кардани онҳо «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» -ро қабул намуданд.
Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат воқеан ҳам ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва қонунгузории мамлакат ғамхорӣ зоҳир намудан нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳад.
Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо тазаккур дод, ки ба хотири омӯзонидани нозукиҳои оиладорӣ ва шинос намудани устодону донишҷӯён ба муҳтавои барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ, ки дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила амал мекунанд, дар донишкада ҳар моҳ як маротиба маҳфили “Мактаби оиладорӣ” гузаронида мешавад.
Сипас, муовини сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломзода Боғигул, мудири шуъбаи кор бо занони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Валиева Саёҳат ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан маърузаҳои худро дар мавзуи вохӯрӣ ироа намуда, дар бораи таърихи қабул гардидани барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Вохӯрӣ пеш аз ҳама бо мақсади таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, тарғиби сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар ҷодаи ватанпарастӣ тарбият намудани фарзандон гузаронида шуд.
ҚУДРАТОВ СИНО