Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг конференсияи илмӣ назариявӣ баргузор гардид. Конференсияро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг муборакбод намуд. Мавсуф, инчунин тазаккур дод, ки аз соли 2017 инҷониб дар мамлакат 20-уми март ҳамчун Рӯзи фарҳанг таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи фарҳанг хусусияти хосси худро доро буда, яке аз он тавъам омадан бо ҷашни бузурги миллию мардумӣ – Наврӯзи бостонӣ мебошад. Зеро Наврӯз муаррифгари фарҳанги оламшумули тоҷикон буда, ин суннати аҷдодиро мардуми шарифи тоҷик бо пайравӣ аз пешиниёни худ гиромӣ медоранд. Имрӯзҳо аҳли фарҳангу санъати кишвар бо истифода аз имконоти ҷойдошта баҳри ҳифзу нигаҳдошти унсурҳои гуногуни фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ камари ҳиммат баста, хизмати шоиста менамоянд. Рисолати фарҳанг на танҳо рақсу суруду оҳанг аст, балки он дар покии зоҳир, покии ботин, некию накӯкорӣ, ростию адлу инсоф, фарҳанги гуфтору рафтору кирдору пайкор, ки дар асоси ишора ба «пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек» манша гирифтааст, амалӣ мегардад.

Сипас устодони донишкада Махсудзода Фарҳод, Аминӣ Алишер, Фозилов Комрон, Мамадазимова Марям, Боев Собир, Ғоибӣ Абдулвоҳид ва Ҷамолова Ҳуснофарин маърузаҳои худро вобаста ба мавзуи конференсия ироа намуда, доир ба таърих, ҷойгоҳ ва муҳимияти ҷашни Наврӯз ва саҳми он дар муаррифи намудани фарҳанги миллӣ баёни андеша намуданд.

ҚУДРАТОВ Сино