Имрӯз ҳайати раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти роҳбарии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба Партов Буйдоқов”-и ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина ба 28 нафар омӯзгорони коллеҷи мазкур, ки дар факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг ва табъу нашри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта буданд, шаҳодатнома супориданд.

Дар оғоз муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина ҳайати раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштани омӯзгоронро иқдоми шоиста номида, аз ҷумла зикр намуд, ки такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассисаҳои таълимиро муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим мебошад.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ низ аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорони коллеҷро фоли нек арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, қарор доранд.

Мавсуф, инчунин қайд намуд, ки факултаи такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашр яке аз сохторҳои таркибии донишкада маҳсуб ёфта, дар факулта шунавандагон аз сохторҳои мухталифи фарҳангу санъати шаҳру навоҳии кишвар давра ба давра ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати таъмини низоми муташаккили раванди таҳсил масъулини факулта ибтидои ҳар соли хониш нақшаи даъвати шунавандагонро аз рӯи самтҳо таҳия намуда, дар раёсати донишкада тасдиқ менамоянд. Факулта  то ин дам, асосан кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, мудирони клубҳои деҳот, методистони раёсатҳо ва шуъбаҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқӣ, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангу санъатро ба таҳсили кӯтоҳмуддат даъват намуда, раванди таҳсилро барои онҳо таъмин намудааст. Машғулиятҳоро дар факулта омӯзгорони собиқадор, профессорону дотсентон, мутахассисони шинохтаи фарҳангу санъат доир менамоянд.

 

ҚУДРАТОВ Сино