Таърихи 12 марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ба номи М. Турсунзода, бо ташаббуси факултети журналистикаи телевизион ва радио, бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши технологияҳои муосири иттилоотӣ дар рушди матбуоти миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқони соҳаи журналистика, вакилони Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони донишкада, унвонҷуён ва магистрони курсҳои болоӣ ширкат варзиданд.

  Кори конференсияро ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ифтитоҳ намуда, зикр кард: “Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон расонаҳо дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда доранд.

Табиист, ки гузашти марҳилаҳои таърихӣ ва раванди муборизаҳои шадиди тамаддунҳо дар замони муосир собит менамояд, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон арзиши устувор доштанду доранд. Албатта, чунин омилҳо аз решаҳои мустаҳками таърихи деринаи онҳо ва доштани таҷрибаи пешқадам дарак медиҳанд. Дар ин замина матбуоти тоҷик низ таҷриба ва собиқаи беш аз садсола дошта, марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллӣ ба шумор рафта, бо ибтикор ва ташаббуси фарзонафарзандон – Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким рӯйи кор омад”. Ректори донишкада профессор Низомӣ М.З. таъкид дошт Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолият пешрафтҳои чашмгире дар масъалаи рушди матбуот ва озодии баёнро ба даст овард. Фазои солими кишвар заминаи мусоидро барои озодии баён ва рушди матбуот фароҳам кардааст. Бояд гуфт, ки матбуоти тоҷик дар 113 соли мавҷудияти худ масири пурифтихореро тай намуда, бешак дар роҳи иттилоърасонӣ, равшангарии афкори ҷомеа, ривоҷ додани андешаи миллӣ ва тафаккури созанда саҳми босазое гузоштааст.

Дар қисмати ифтитоҳии конференсия устодони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии донишкада, профессор Бобоҷониён Р.М. дар мавзуи “Влияние электронных СМИ на избирательные поведения: тенденции и вызови современной журналистики”, профессор Муъминҷонов З. дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион”, профессор Умарова Г. дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди телевизион”, устодони кафедраи Технологияи ВАО, дотсент Ҳамдамов Б. дар мавзуи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти расонаҳо”, дотсент Ҳамидиён И. дар мавзуи “Рекламаи сиёсӣ дар телевизион: ташаккул ва нуфузи он” , дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ Наҷмиддинова У. Дар мавзуи “Инъикоси паҳлуҳои матбуоти миллӣ дар Паёми Пешвои миллат” гузориш карданд.

Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Мӯҷибахон Ҷавҳарӣ ба иштирокдорони конференсия доир ба кодекси ВАО, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар таҳия гардида, дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиш қарор дорад, ба таври муфассал иттилоъ дод.

          Дар рафти конференсия баҳсҳои ҷолиби илмӣ сурат гирифта, баромадкунандагон ба суолҳои иштирокдорон посухҳои муфассал доданд.

          Конференсия кори худро  дар ду бахш идома дод, ки дар онҳо  28 маърузаҳои илмӣ шунида шуданд.

         Кори конференсияи илмӣ-амалиро декани факултети журналистикаи телевизион ва радиои ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Лутфулло Ниёзов ҷамъбаста намуда, таъкид намуд, ки маърӯзаҳои дар конференсия ироагардида, дар наздиктарин фурсат дар шакли маҷмуа нашр ва ба устодону донишҷӯён дастрас мегардад.