Рукни асосии ҳар як миллату давлат таърих ва фарҳанги он маҳсуб меёбад. Либоси миллӣ низ яке аз рукнҳои муҳимми миллат ва давлат ба ҳисоб рафта, баёнгари фарҳанги миллии ҳар як давлат дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаву фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ бо ибтикори раиси бонувони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, муаллими калон Холибоева Нарзиой ҷаласа баргузор гардид, ки дар он бонувону духтарони факултет иштирок намуданд..
Дар ҷаласа муовини декани факултет Исмоилов Э., мудири кафедраи бойгонишиносӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадазимова М., омӯзгорон Раҷабова Н. ва Равшанова Н. вобаста ба масъалаи мавриди назар суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз ҷумла доир ба саривақт ҳозир шудани духтарон ба дарсҳо, пӯшидани либоси миллӣ, фаъолона ширкат варзидан дар чорабниҳои умумии донишкадавӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврузи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мамадазимова М. зимни суҳбат зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияшон оид ба зебогии либоси миллӣ ёдрас мешаванд. Бинобар ин, пос доштани анъанаву таърихи миллат ва фарҳанги он аз тарафи ҳар як донишҷӯ мояи ифтихор мебошад. Миллати мо таърихан фарҳанги бою ғанӣ дорад, ки он ба мо мерос мондааст.
Пӯшидани либоси миллӣ ҳусни зани тоҷикро зеботар мегардонад. Саривақт ҳозир шудан ба дарсҳо далели гирифтан тарбияи хуб дар оила мебошад.
Омӯзгорон Раҷабова Н. ва Равшанрва Н. низ зимни сузанронии худ аз ҷумла зикр намуданд, ки одобу рафтори ҳар як духтар баёнгари тарбияи солим дар оилаи ӯ мебошад.
Муовини декан Исмоилов Э. зикр намуд, ки дар фасли баҳор пӯшидани либоси миллӣ ба анъанаи хос табдил шудааст ва беҳтар мебуд, ки донишҷӯдухтарон бо пӯшидани либоси миллӣ ба дарсҳо саривақт ҳозир шаванд ва нозукиҳои ихтисосҳои интихобкардаашонро омӯзанд.
Дар охир раиси бонувони факултет Холибоева Н. суханронӣ намуда қайд намуд, ки вазифаи асосии донишҷӯ ин донишомӯзӣ буда, дар баробари ин талаботҳои муассисаро ба ҷо овардан аст. Дар оғози фасли баҳор мо Рӯзи Модарро таҷлил намудем ва дар арафаи ҷашни Наврӯз қарор дорем, ки огоҳ будани донишҷӯён аз таърихи онҳо ҳатмӣ мебошад. Маҳз ин ҷашнҳо имконият медиҳанд, ки мо зебогии зан, духтар буданро эҳсос кунем, бинобар ин, моро зарур аст, барои ин зебогиро дарк намудан либоси тоҷикона яъна миллӣ ба бар намуда, дар нигоҳдорӣ ва посдории фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошем.
Нарзиой Холибоева,
муаллими калони кафедраи
бойгонишиносӣ