Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбии пайваста аз нақши фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар ганҷинаи маънавии башарият барои болоравии ҳисси хештаншиносии сокинони кишварамон хидмат менамояд. Хусусан ҷойгоҳи чунин арзёбиҳо дар Паёмҳои Сарвари давлат беназир буда, чунин мавқеъгириҳои сиёсӣ дар амал боиси ривоҷи ковишҳои амиқи муҳаққиқон аз мероси безаволи бостонӣ ва баҳрабардорӣ аз хираду қудрати дар ин мерос нуҳуфта барои мусоидат ба рушди имрӯзаи ҷомеа, тарвиҷи мубодилоту ёдгирии мутақобили судманди байнифарҳангӣ мегардад. Таҳаввулоти ҷадид дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин дар баъзе ҳолатҳо рақобатҳои носолими ба ҳам муқобилгузории арзишҳои фарҳангии тамаддунҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст, ки ин мубрамияти самтгирии зикргаштаи сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Дар воқеъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат ин ҳуҷҷати дурнамоест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он уммедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятнокиро ҷой медиҳад.
Масъалаи муҳимми дигари дар самти фарҳанг ироагардида аз он иборат буд, ки иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва сунату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Вобаста ба ин, рушди соҳаи фарҳанг дар худ ҷузъи муҳимми тарбияи маънавии аҳли ҷомеаро дар заминаи арзишҳои бунёдии ҷомеа ҷой додаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғҳои фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истиодаанд. Дар се соли охир бошад, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони боз 14 муассисаҳои соҳаи фарҳанг идома дорад.
Ҳамчунин, ба рушди соҳаи фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида мебошад, таваҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид гардиданд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Бо иқдоми Сарвари давлат дар солҳои гузашта ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразм дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Ин чорабинӣ имкон дод, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи халқи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Гузашта аз ин, ҳар як тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии халқи худро ҳифз кунад, обод гардонад ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намояд. Зеро тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даҳ соли охир Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардида, бинои аксари театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар мамлакат, аз ҷумла ду театри академӣ дар шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакатамон босуръат идома дорад ва дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки ифтихори ҳамаи мо кормандони соҳаи фарҳанг мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли ба вартаи бегонапарастӣ, ватанфурӯшӣ ва азхудбегонагӣ афтодани афрод зиёд аст. Бинобар ин, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки сокинони Тоҷикистон бояд худро аз чунин хатарҳо ҳифз намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаашон таваҷҷуҳи мардумро ба эҳтироми арзишҳои инсондӯстӣ, арҷгузории муносибатҳои муқарарии хонаводагӣ, байниҳамдигарӣ ҷалб намуда, омили костагии ахлоқии дар баъзе аз ҷомеаҳои муосир мушоҳидашавандаро аз камтаваҷҷуҳӣ ба арзишҳо вобаста донистанд. Воқеан ҳам, мутахассисон яке аз чунин такягоҳи муҳимми камолти инсонро маҳз дар рушди маънавиёти ӯ мебинанд, зеро маънавиёт ба инсон кумак менамояд, ки олами гирду атрофро дарк намояд ва муносибати худро ба он оқилона муайян кунад. Маънавиётро ба маънии васеъ метавон ҳамчун таҷассуми олӣ ва сифатии камолоти инсон гуфт, ки ба воситаи он ӯ метавонад рафтори худро муносиб ба ҳадафҳои рушду суботи ҷомеа ба танзим дарорад.
Худтарбиякунӣ, худшиносӣ ва иҷтимоишавии субъект бояд хусусиятҳои фаъолияти ӯро дар татбиқи арзишии сифатҳои субъективӣ, инчунин муносибати арзиширо ба вазифаи касбии худ мутобиқи тамоюли пурзӯр кардани талабот ба сатҳи салоҳият ва шахсияти субъект ташкил диҳад. Агар худтанзимкунӣ ва худшиносии субъект дар натиҷаи ҳамоҳангӣ бо мундариҷаи анъанаи маънавӣ дар ҷомеа ва давлат натиҷаҳои зарурӣ ба даст орад, барои ташаккули сифатҳои мусбати шахсӣ, умумии иҷтимоӣ ва касбӣ замина фароҳам оварда мешавад.
Маълум аст, ки такомули маънавии инсон барои такмили олами ботинии субъект ҳамчун асос хизмат хоҳад кард. Дарк намудани вазифаи касбии субъект ба сатҳҳое мувофиқат менамояд, ки мавҷудияти анъанаи маънавиро дар зеҳни ӯ тавсиф мекунанд. Ин сатҳҳо дар огоҳии субъект ва иҷрои вазифаи ӯ нисбат ба ашё — ҷомеа амалӣ карда мешаванд, ки асосан бо дихотомияи мундариҷаи берунӣ ва дохилии ҳар як мавзуъ муайян карда мешавад. Аз тарафи дигар, нишондиҳандаи ташаккули анъанаи маънавӣ ҳамчун муносибати байни субъект (шахс) ва объект (давлат) амал намуда, ӯро ба фаъолияти истеҳсолии ҳавасманд водор месозад. Дар асоси гуфтаҳои боло, сатҳҳои амалигардонии анъанаи маънавиро дар шуури субъективӣ муайян кардан мумкин аст. Сатҳи баланд бо ҳалли босифати масъалаҳои таълим, риояи қонунҳо, интизоми намунавии меҳнат, шарикӣ ва кумаки тарафайн тавсиф карда мешавад, ки субъект ба фаъолияти касбии худ ва афзоиши неруи маънавии ӯ дар раванди ташаккули сифатҳои субъективӣ муносибати эҷодӣ дорад.
Яке аз таҳдидҳои асосии умумисиёсии ҷаҳони муосир ин таҳдиди терроризми глобалӣ мебошад, ки ба оқибатҳои мудҳиши он Сарвари давлатамон махсусан таъкид намуданд. Терроризм ҳамчун идеологияи нави ҷиноятбор рӯз то рӯз ба ҷараёни муътадили ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон зарбаҳои нав ворид месозад. Дар амалиётҳои террористӣ имкониятҳои васоити коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет васеъ истифода бурда мешаванд. Аз сабаби набудани муносибати яксон бо ин падида дар бештари маврид роҳ барои густариши фаъолиятҳои тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳо кушода мешавад, ки дар робита бо ин Президент таъкид намуданд, ки бояд кишварҳои олам аз чунин муносибати духӯра бо ин гурӯҳҳо даст кашанд. Ноустувории низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, паст шудани нуфузи арзишҳои умумибашарӣ таъсири худро ба ҳаёти маънавии ҷомеаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷомеаи тоҷик ба таври амиқ мегузорад. Дар чунин шароит танҳо арзишҳои маънавӣ бо устувории нисбии худ ба низоми арзишҳо ва меъёрҳои рафтори иҷтимоии инсон то андозае маънӣ мебахшанд. Бинобар ин, ҷомеаҳои муосир ба ин масъала ҳарчи бештар акнун муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар баробари пешбурди иқтидори истеҳсолӣ ба такмилу танзими унсурҳои ташкилдиҳандаи ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла анъанаҳои маънавӣ майл менамоянд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пас аз даврони истиқлолият иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки ҷолиби таваҷҷуҳанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, таъмини устувории низоми сиёсии ҷомеа, дигаргуниҳо дар соҳаи иқтисодиёт, ба монанди ғайридавлатикунонии корхонаҳо, рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои нав, дигар гардидани сохтори иҷтимоӣ, тамоюлҳои арзишӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг, тарзи ҳаёт, ба вуҷуд омадани гурӯҳҳо ва қишрҳои нави иҷтимоӣ, дигаргуниҳо дар худшиносии инсонҳо ва ҳувияти миллӣ, этникӣ ва иҷтимоии онҳо ва ғайра.
Ҳамаи ин ба маънавиёти ҷомеа таъсири худро дар шаклҳои гуногун расонид. Баъзе аз онҳо агар ба ҳаёти маънавии ҷомеа таъсири мусбат расонида бошанд, баъзеи дигар аз таъсироти манфӣ ба он холӣ набуданд. Хусусан дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият чунин падидаҳои ахиран зикршуда дар ҳаёти ҷомеаи мо кам набуданд. Бояд зикр кард, ки зуҳури чунин буҳрони маънавӣ на танҳо ҷомеаи мо, балки қариб тамоми ҷомеаҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравиро фаро гирифт. Яке аз омилҳои зуҳури чунин ҳолат аз он иборат буд, ки бо фурӯпошии низоми ягонаи шӯравӣ табиист, ки пошхӯрии низоми арзишии мансуб ба он низ сурат гирифт. Акнун халои арзишие пайдо шуд, ки дар ҳолати набудани эътибори арзишҳои собиқ алҳол арзишҳои қобили эътибори нав ташаккул наёфта буд.
Аз ҷониби дигар, ҷомеаи моро чун дигар ҷомеаҳо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳарчи бештар ба мадори худ мекашиданд. Раванди мазкур акнун низоми арзишҳои алтернативии маънавиро пешниҳод менамуд, ки пеш аз ҳама, барои насли ҷавон қобили таваҷҷуҳ буданд. Ин ҳолат бо оқибатҳои ногувори худ ҷомеаи муосирро ба самти номаълум мебурд. Ҷаҳон ба фазои ягонаи иҷтимоӣ табдил гардид, ки он дар зери таъсири омилҳои печ дар печ ва мураккаби иқтисодиву технологӣ мемонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери равандҳои ҳам мусбӣ ва ҳам манфии глобалӣ, инқилобҳои илмию техникӣ ва таъсири хатару таҳдидҳои нави глобалӣ қарор мегирад. Ҷаҳонишавӣ ба раванди барқароршавии муносибатҳо ва алоқаҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил гардид.
Дар доираи адабиёти илмӣ-таҳқиқотӣ истилоҳҳои нав, ба монанди тундгароӣ, ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, фурӯши маводи нашъаовар, силоҳ ва фурӯши одамон ифодакунандаи тамоюлоти арзишии нав ворид гардиданд. Бояд зикр кард, ки ин ҷанбаҳои деструктивӣ ба маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Воқеан, бо ин яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин фаъолшавии ҳаракатҳои номатлуб дар миёни ҷавонон мебошад. Аз ҷумла, дар зери ин ҳаракатҳои номатлуб таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад, мебошад.
Ҳамин тариқ, дар сояи тамоюлоти болозикр ақидаҳои бегона ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузоранд. Ҳадафи онҳо авзоъро дар ҷомеа тавассути дигаргун кардани диди ҷавонон ба арзишҳои маънавии аз наслҳои дигар ба мерос гирифтаи ҷомеа ноором сохтан аст.
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Тоҷикистон нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Паҳн гардидани ақидаҳои носолим, ки ба маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, махсусан дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо оқибатҳои ба бор овардааш аз зумраи сабабҳои асосӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии ин ҳаракатҳо ҷалби ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд онҳоро бо арзишҳои худ мусаллаҳ намоянд, ки ин дар навбати худ сабабҳои хосро доро мебошад.
Ҳамин тавр, дар Паём вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар дастурҳои мушаххасе пешниҳод шудаанд, ки муҳиммият ва эътибори авалиндараҷаро талаб менамоянд. Паёми навбатӣ барномаи рушди Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии миллат аст. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯза мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бахусус падидаҳои мусбат ва зуҳуроти манфии он дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ, шароити кунунии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад.
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Яке аз хусусиятҳои раванди ҷаҳонишавӣ дар он зоҳир мегардад, ки ахлоқ ва фарҳанги бегона ахлоқ ва фарҳангҳои миллиро махлут мекунад. Дур шудан аз ахлоқ ва фарҳанги миллӣ ба ҳувият таъсири манфӣ мерасонад. Ҳувият ва фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон аз омилҳои аслии баҳамоӣ ва ваҳдати мардум маҳсуб меёбанд. Барои дифоъ аз фарҳанг ва арзишҳои миллӣ на бо роҳи маҳдуднамоӣ, балки бо истифода аз алтернатива бояд кор гирифт.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти
кафедраи ҷомеашиносии МДТ “ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода