«Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

   Имрӯз дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х., мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Вализода Ҳ.С. ҷаласаи аввали шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои – 6D090400 – Хизмати иҷтимоӣ-фарҳангӣ (6D090401 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ) ва 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо аз рӯи ихтисосҳои 13.00.05 – «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) ва 05.25.00 Иттилооти ҳуҷҷатӣ (05.25.03 – «Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ» баргузор гардид. Дар ҷаласа раёсати КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишкада, аъзои шуро, олимон, докторантон ва магистрон ширкат доштанд.

   Ҷаласаро ректори донишкада, д.и.ф., профессор Низомӣ М.З. ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳимми илмии донишкада табрику таҳният намуд. Мавсуф иброз дошт, ки шурои мазкур барои омода намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, барои бемамоният рисолаҳои худро дифоъ намудани муҳаққиқон таъсир расонида, дар ин замина барои тақвияти иқтидори илмии донишкада ва дар маҷмуъ, бартараф намудани норасоии кадрии илмҳои китобдорӣ ва фарҳангшиносӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.

  Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. низ раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишкадаро бо таъсиси шуро муборакбод намуда, ба ҳайати шуро ва роҳбарони илмии муҳаққион муносибати ҷиддию дилсӯзона ба муҳаққиқони ҷавон ва баланд бардоштани эътибори илмии кишвар талош намудан маслиҳатҳои муфид дод.

   Ҳамчунин, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Вализода Ҳ.С. перомуни масъалаи мазкур ибрози назар намуда, қайд кард, ки норасоии кадрӣ дар соҳаҳои китобдорӣ, фарҳангшиносӣ ва санъашиносӣ дар кишвар ба шиддат мушоҳида мешавад ва шурои мазкур ба омода намудани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ барои бартарф намудаи ин норасоӣ мусоидат хоҳад кард.

Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

   Раёсати донишкада итминон дорад, ки таъсиси шурои диссертатсионии назди МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ шароити мусоидро фароҳам оварда, дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи омоданамоии кадрҳои илмию педагогӣ иқдоми муҳим хоҳад гузошт.

Раҳмонов А. – котиби илмии Шурои диссертатсионӣ