(Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

   Мардуми Тоҷикистон намоди арзиши сулҳу субот ва дар замина тақвиятбахшии эҳтиром ба арзишҳои фарҳангииамонро пеш аз ҳама ба шахсияти Президенти мамлакат нисбат медиҳанд.  Чунин баҳогузории нигоҳи холисона аз нигоҳи марҳилаҳои тақдирсози таърихиро пушти сар намудаи миллатамон дар роҳи эъмори давлати миллӣ воқеъбинона аст. Аз ин рӯ таъсиси ниҳоди Пешвои миллат ҳам як навъ инъикоси мундариҷаи шуури ҷамъиятии солҳои охир ташаккулёфта буд, ки бо бардошт аз таҷрибаи давлатсозию миллатсозии Президенти маҳбуби кишварамон сарчашма мегирад. Дар тасаввури аҳли ҷомеа сарчашма ва замонати устувории ин равандҳо ба фаъолияти созандаи ҷомеасозии сарвари мамлакат, Пешвои миллат рабт дода мешавад, ки воқеан ҳам барҳаққу бо садҳо далел исботшаванда мебошад.

   Ҳамин тавр, ба расмияти ҳуқуқӣ даромадани ин тамоюл аз он маншаъ мегирад, ки яке аз дастовардҳои пурарзиши давлати мо баъд аз касби истиклолияти давлатӣ ин таҳти сарварии Президент таҳия ва ба мардум пешниҳод намудани як мафкура, идеологияи кулли мардуми Тоҷикистонро ба созандагию таъмини инкишофи кишвар сафарбаркунанда мебошад, ки таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ» ва фарҳангсозӣ ёдоварӣ мешавад. Пайравӣ аз ин мафкура ба мардуми тоҷик имконият дод, ки дар даврони аз ҳама душвортарини таърихи истиқлолияташ алангаи домангири низоъи дохилиро дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи мусолиҳатомез  хомуш кунад ва  дар замири мардум умед ба фардои дурахшонро аз нав зинда намояд. Аз ин хотир мардуми мо ҳамасола таҷлили ду иди бузург, яъне касби истиқлолияти сиёсии кишварамон ва рӯзи ваҳдатро бо як самимияти хос таҷлил менамоянд ва онҳоро воқеан ҳам ҳамчун санаҳои сарнавиштсози таърихи навини худ меҳисобанд.

   Чунин эҳтиром аз ин хизмати сарвари мамлакатамон ва санаҳои таърихии аз фаъолияти давлатдории ӯ маншаъгиранда воқеан ҳам асоси иҷтимоӣ доранд, зеро онҳо хатари даҳшатбори аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон ва ба минтақаҳо парокандашавии мардуми кӯҳанбунёдамонро аз байн бурданд. Таҳдиди ин хатарро пас аз як муддати на чандон тӯлонӣ кулли мардуми кишварамон дарк намуданд ва барои ҷомаи амал пушиданаш ба майдон, арсаи сиёсӣ баромадани шахсияти фозилу ҷасоратманде лозим буд, ки кафолати ҷомаи амал пушидани ин орзӯю омоли мардумро ба зиммаи худ гирад. Таърихи навини тоҷикон чунин шахсиятро дар симои роҳбари давлатамон Э. Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ овард ва эшон бо ҷасорати бузурги хеш фарорасии ин рӯзро барои ҷомеа наздиктар сохт. Ӯ таҳти шиори «тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд» гурӯҳҳои ба оғуши ҷанги тахмилӣ ғутидаро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва номуси ватандорӣ даъват намуд. Новобаста аз фишори гурӯҳҳои муқобили тантанаи оштии миллӣ дар Тоҷикистон дар он айём ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз ин даъват гарм истиқбол намуданд ва дар ҷодаи амалишавии он саъю кӯшиши фаровон ба харҷ доданд.

   Чунин иқдоми тарафайн тавонист минбаъд хатари ҷидии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани онро аз байн барад. Тамоюли инкишофи ин хатарҳоро на танҳо фаъолияти рӯзафзуни тарафдорони берунии ин раванд, балки фаъолияти бисёре аз нерӯҳои иҷтимоию сиёсии дохилӣ низ суръат мебахшиданд ва пайваста кӯшиши буғранҷ сохтани фазои кишварро ба хотири бесалоҳият нишон додани давлату мақомоти роҳбарии сиёсии он ба харҷ медоданд. Бо истифода аз чунин вазъият баъзе аз воҳидҳои маъмурии Тоҷикистонро ташкилдиҳанда сайъ менамуданд, мухторияти ҳарчи бештарро аз марказ ба даст оранд ва онро дар рӯ ба рӯи мушкилоти ба амаломада танҳо бигузоранд. Минбаъд аксарияти гурӯҳҳои муқобил ба хубӣ дарк карданд, ки идомаи ҷанг танҳо харобиро ба бор меорад ва дар ин гуна низоъ касе наметавонад ба пуррагӣ ғолибиятро ба даст орад. Бинобар ҳамин ҳам роҳи ягонаи аз ин вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфтан метавонист танҳо тавассути паси мизи музокирот нишастан пайдо шавад. Вале татбиқи ин ҳадаф ва ҳамчунин барои дар шуури аъзоёни гурӯҳҳои мубталои ин муноқиша ба вуҷуд овардани боварӣ ба дурустии интихобии ин роҳ таҳаммул ва сайъу кӯшиши ҳамешагӣ лозим буд. Барои таблиғи ин ҳадаф фаъолияти васоити ахбори умуми кишвар низ ба ин самт равона карда шуд.

   Ҳамин тавр бо дарки зарурияти ҳалли мушкилоти фавқуззикр акнун проблемаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеаро сарвари давлат ба яке аз масъалахои муҳими таъмини суботу инкишофи минбаъдаи кишвар табдил доданд. Ин раванд такони азиме ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро миёни гурӯҳои мухталифи сиёсию чамъиятӣ ба вуҷуд овард.

    Ҳамасола таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ бо арҷгузории фаъолияти намояндагони баруманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ ба роҳ монда мешавад, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд.

   Лозим ба таъкид аст, ки дар амалияи ҷомеасозии даврони истиқлолият эҳёи хотираи таърихии ҷомеа пайваста дар меҳвари андешаи ба ҳам созиш додани анъаноти фарҳангии қавму халқиятҳои гуногуни маскуни ин сарзамин давр мезанад. Ин гунна фазои ҷомеасозӣ тадриҷан заминаи асосиро барои ташаккули ҳуввияти шаҳрвандии кули сокинони мамлакат фароҳам меорад ва онҳо дар симои давлати миллӣ кафили таъмини амнияту зиндагии шоистаи худро мебинанд. Имрӯз ҳар як сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинанд. Зеро онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон дар ғояи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофии худ гирд овардааст ва ҳамагуна кӯшишҳои ба маҷрои дигар равона сохтани ин равандро дастгирӣ наменамоянд.  Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ӯро дар симмати Пешвои миллат шоиста ҷилвагар месозад, зеро ҳузури ӯ дар арсаи сиёсӣ тавонист ин шароитро фароҳам орад ва идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.

   Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шарофати роҳбари хираданд ва ватандусти миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи  ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳимми хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад.

   Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриамон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсолаи охир натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши фарҳанги маънавии  таърихи миллати худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

   Дар бораи ҷашни  Сада дар осори адибону мутафаккирони тоҷику форс маълумот оварда шуда бошад ҳам, оид ба таъриху баргузории он маълумоти нисбатан камтаре ба мо омада расидааст. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух  ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус, хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд”.

   Мардуми шарафманди моро мебояд, ки аз файзу баракати истиқлолият истифода бурда, расму оин ва урфу анъанаҳое, ки вобастаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада мебошанд, дар доираи ахлоқу иродаи хеш нишонаҳо ва боқимондаҳои қариб фаромӯшшудаи онҳоро бо истифода аз нақлҳои калонсолон эҳё намуда, дар комил намудани ҷашнҳои миллӣ дар шакли таърихиашон саҳмгузор бошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати ҷашни Сада аз 25 январи соли 2020, чунин изҳор доштанд: “Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард”.

   Вобаста ба гуфтаҳои дар боло ироашуда метавон дарк кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну маросим, оину маросимҳои миллӣ, рушди арзишҳои фарҳангӣ ва миллиамон хеле бузург мебошад. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, муҳаббату садоқат ба арзишҳои фарҳангиамонро бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияти малакаи касбӣ пеша намуда, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Номзади илмҳои фалсафа,

Доранда ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ

Зокирзода Суҳроб Ибод