Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.

 Роҳбари муассиса дар мавриди  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ андешаҳояшро баён карда, аз ҷумла  тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Бо ин забони шевою шоирона садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ректори донишкада аз таъкидҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон ва забони давлатӣ ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар баланд бардоштани мақоми омӯзгорон дар ҷомеа ва рушди забони модариамон муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо низ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, андешаҳояшро оид ба ҷойгоҳи омӯзгор ва нақши забони миллӣ дар рушди давлатдории милллӣ баён намуд.

Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки воқеан, рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дошта, дар ҷодаи рушд ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ низ яке аз рисолатҳои ҳатмии омӯзгори асил мебошад.

Муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора зимни суханронияш аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нибат ба омӯзгорон ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар кору фаъолияти омӯзгорон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин намудани онҳо, зина ба зина баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модарон ва ҷомеа, қадршиносии онҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудаанд.

Мавсуф аз забони давлатӣ ситоиш карда, аз ҷумла зикр намуд, ки олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Сипас, як қатор устодону донишҷӯёни донишкада бо нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаю Сипосномаҳои ниҳодҳои гуногун аз дохилу хориҷи кишвар сарфароз гардонда шуданд.

   Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада барномаи ҷолиби фарҳангӣ-ҳунарӣ пешкаши иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

 

 

 

ҚУДРАТОВ Сино