Имрӯз дар толори китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи нақшаи корҳои тарбиявии кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии донишкада  семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ташаккули маърифати ҳуқуқии донишҷӯён омили пешгирии ифротгароӣ ва гаравидан  ба фарҳанги бегона” баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои саёҳат ва меҳмондорӣ ва менеҷменти соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ  иштирок варзиданд.

Нахуст мудири кафедра, и.и.п., дотсент Раҳмонов А. суханронӣ намуда, кори семинарро ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори семинар муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра андешаҳояшро оид ба моҳият ва баргузории семинари илмӣ — назариявӣ дар кафедра ва нақши он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, пешгирии ифротгароӣ  ва пешгирӣ кардан аз гаравидан  ба фарҳанги бегона ба самъи ҳозирин расонид.

Дар кори семинар и.и.ф., дотсент Бахтиёр Ҳамдамов дар доираи мавзуи семинар суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлол ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманию бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Дар шароити ҷаҳоншавӣ ва душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин, мо – омӯзгорону донишҷӯёнро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлоли худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Пас аз ироаи суханрониҳо миёни иштирокдорон табодули афкори судманд сурат гирифт.

Дар фарҷом декани факултет Саидов Қ. ба ҳозирин барои иштироки фаъолонашон дар кори семинар изҳори сипос намуд.

Коргузори кафедра

СОДАТҚАДАМОВА Соҳибсултон