Омӯзгорони арҷманд, ҳамкасбони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!

Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Бешак, забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Дар масири таърихи дурударози халқамон забони нобу шоиронаи мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат “Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад”.

   Таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии омӯзгорон дар як вақт дар кишвари мо фоли нек аст, зеро побарҷо ва дар ҷодаи рушд нигоҳ доштани забони миллӣ яке аз рисолатҳои ҳатмии омӯзгор мебошад. Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад. Пешвои миллат 1-уми сентябри соли равон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш дар баробари ғамхориҳои зиёд зоҳир намудан нисбат ба омӯзгорон зикр намуданд, ки: дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад. Ин таъкиди Роҳбари кишвар дуруст буда, итминони комил дорам, ки Шумо – омӯзгорони гиромӣ бо заҳмати дилсӯзонаву содиқона чароғи маърифатро дар Ватани маҳбуби мо чун ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоред.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.