Китоби дарсии “Сотсиологияи фарҳанг” аз тарафи муаллифон Усмонзода Хайридин Усмон – доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ ва Зокирзода Суҳроб Ибод – номзади илмҳои фалсафа, и.в.дотсент   барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур масъалаҳои муҳими марбут ба омӯзиши ҷомеашиносии фарҳанг, марҳилаҳои асосии ташаккулёбии он, ташкили таҳқиқоти ҷомеашиносии фарҳанг ва масъалаҳои дигари ба онҳо марбутро фаро гирифта, барои донишҷӯёни ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ҳамаи онҳое, ки фан таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

Китоби дарсӣ дар асоси Стандарти давлатии маълумоти олии касбии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои таҳсилоти самти фарҳанг ва санъат, инчунин барномаи таълимии фанни “Сотсиологияи фарҳанг” таҳия шуда, онро дар равияву ихтисосҳои самти фарҳанг ва санъат, дар зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, шунавандагони марказҳои таълимии азнавтайёркунии мутахассисон ва такмили ихтисос истифода бурда метавонанд.

Кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо фарҳанг алоқамандии зич дошта, арзишҳо, меъёрҳо ва идеалҳои дар ин соҳаҳо ҷойдошта аз умқи фарҳангии ҷомеа сарчашма мегиранд. Бинобар ин, ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеа бо изофаи номи хеш ба решаи истилоҳи фарҳанг шаклҳои ба худ хоси фарҳангиро ташаккул медиҳад. Имрӯз истифодаи истилоҳоте чун «фарҳанги сиёсӣ», «фарҳанги иқтисодӣ», «фарҳанги маънавӣ», “фарҳанги техникӣ” ва ғайра васеъ мушоҳида мешаванд ва ин аз мураккабшавии муносибатҳои ҷамъиятии муосир ва ҷойгоҳи шоистаи фарҳанг дар ин равандҳо шаҳодат медиҳад. Фанни «Сотсиологияи фарҳанг» маҳз ба таҳлилу баррасии ҳамин падидаҳо нигаронида шудааст ва нақши фарҳангро дар танзиму идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳад.

Аз ин мавқеъ, ҳарчанд ташаккули «сотсиологияи фарҳанг» ба миёнаҳои асри ХХ ҳамчун соҳаи мустақили донишҳои сотсиологӣ рост меояд, вале масъалаҳои дар доираи он баррасишаванда ҳанӯз аз замони зуҳури илмҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Осори мутафаккирони зиёдеро метавон номбар кард, ки дар онҳо маҳз ҷанбаи иҷтимоӣ доштани фарҳанг возеҳу равшан зикр шудааст. Аз ҷумлаи чунин асарҳои бунёдии ба ин масъала бахшидашуда «Муқаддима»-и Ибни Халдун, «Ҳай ибни Яздон»-и Ибни Туфайл, «Ҳинд»-и А. Берунӣ ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Вале ба таври мукаммал масъалаи мазкур дар асри ХХ шакл гирифт ва ҷомеашиносоне, назири Макс Вебер, Питерим Сорокин, Георг Зиммел ва дигарон амиқтару густурдатар ба таҳқиқи асосҳои иҷтимоии фарҳанг ва таъсири фарҳанг ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа пардохтанд. Ҳамзамон бо ин, таҳқиқотҳое ба сомон расонида шуданд, ки дар онҳо таъсири бузурги омилҳои фарҳангӣ ба пешравии кишварҳо ва инчунин рушди назаррас надоштани баъзе ҷомеаҳо, бо сабаби таваҷҷуҳи камтарашон ба рушди авомили фарҳангии соҳаҳои иқтисодию техникӣ, таҳқиқ шудаанд. Аз ҷумла таҳқиқотҳои дар ин самт анҷомдодаи ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

Бинобар ин, омӯзиши сотсиологӣ имкон медиҳад, ки ба фарҳанг танҳо ҳамчун маҷмуи холиси ба даст овардашудаи меросу анъанаҳо баҳо дода нашавад ва баръакс он чун падидаи ҳамеша ба ҳаёти ҷомеаҳо таъсиррасон, такконбахши дигаргуниҳои азим дарк гардад. Фаъолияти истеҳсолию истеъмолии ба арзишҳои фарҳангӣ асосёфта ҳамеша захираҳои ҷомеаҳоро афзун мегардонад ва меросу анъанаҳои гаронбаҳои азхудшударо ба наслҳои дигар ба ворисият медиҳад. Ин муҳиммияти омӯзиши сотсиологияи фарҳангро асоснок мекунад.

  Яке аз мақсадҳои асосии омӯзиши фанни «Сотсиологияи фарҳанг» барои ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва санъат мусоидат ба ташаккули қобилияту маҳорати ба таври низомнок аз худ кардани донишҳо оид ба дарки моҳияту мақоми фарҳанг аз нигоҳи иҷтимоӣ мебошад. Дар ин ҳолат фарҳанг ҳамчун маҳсули фаъолияти гуногунҷанбаи иҷтимоии инсон баррасӣ гардида, нақши он дар ташаккули симо ва сифатҳои иҷтимоии инсон нишон дода мешавад. Барои дарки амиқу саҳеҳи ин масъала таваҷҷуҳ ба нақши иҷтимоии фаъолияти ниҳодҳои фарҳангӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театр, кино, китобхона, бойгонӣ, осорхона ва ғайра равона мегардад.

Фанни мазкурро стандартҳои таълимии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат дар қатори фанҳои умумикасбӣ ҷой додаанд. Омӯзиши он дар курси 2-юм, семестри 4 пешбинӣ шудааст.

Барои омӯзиши мақсадноки фанни «Сотсиологияи фарҳанг» дар стандартҳо таъкид шудааст, ки дар баробари ғанӣ гардонидани донишҳои назариявии донишҷӯён, он бояд ба ташаккули маҳорату малакаи касбии онҳо барои идомаи фаъолият дар яке аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, яъне соҳаи ҳаёти фарҳангӣ ёрӣ расонад.

Барои мукаммал аз худ кардани мундариҷаи фанни мазкур донишҷӯ бояд аз сифату қобилиятҳои зерин бархӯрдор бошад:

— оид ба соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тасаввуроти аниқу мукаммал дошта бошад;

— соҳаи ҳаёти фарҳангии ҷомеаро бо хусусияту вазифаҳояш аз соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа фарқ кунад;

— алоқамандии соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо соҳаи ҳаёти фарҳангӣ муайян карда тавонад;

— тасаввуроти ибтидоӣ дар бораи «ҷомеа», «фарҳанг» ва «маънавиёт» дошта бошад;

— ҳадафҳои рушди ҳаёти фарҳангиро дар асоси барномаҳои соҳавии рушди соҳа баён карда тавонад.

Бо назардошти мубрамияти масоили дар боло зикршуда китоби мазкур бори аввал дар таҷрибаи таҳсилоти олии касбии кишварамон таҳия гардида, итминони комил дорем, ки минбаъд бо дарёфти диду назари соҳибназарон мазмуну мундариҷаи он такмил хоҳад ёфт.