Омӯзгорони арҷманд, ҳамкасбони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!

 Шуморо ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Истиқлол тантанаи хирад ва ормони миллати куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

   Шарафёб гаштани сарзамини аҷдодони мо ба Истиқлоли давлатӣ муҷиби саодати бузурги мо гардид, зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худро ба даст овард. Барои ноил гаштан ба чунин рӯзҳои пурсаодат фарзандони фарзонаи миллат таҳти роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидоӣ карда, асоси рушди тамоми соҳаҳоро поягузорӣ намуда, миллати фарҳангпарвари моро ба сарфарозӣ расониданд.  Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба маориф ва фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ таваҷҷуҳ ба маориф ва фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Мо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба ормонҳои чандинасраи худ расидем ва вазифадор ҳастем, ки баҳри устувории Истиқлоли давлатии кишварамон ва пояндагии Ваҳдати миллӣ рисолати ватандории худро содиқона ба ҷо орем.

   Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.