Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи илмӣ — назариявӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.

Кори конференсияро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро самимона ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон сарбаландию сарфарозӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Сипас  устодони донишкада муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Ф., муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Хайруллозода Б., декани факултети журналистикаи телевизион ва радио Ниёзов Л.,   дотсенти факултети журналистикаи телевизион ва радио Ҳамдамов Б., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Амондуллоев Б., мудири кафедраи бойгонишиносӣ Мамадазимова М., котиби Шурои олимони донишкада, шоир Синои Абуалӣ ва муаллими калони кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Холибоева Н. С. мавзуҳои омоданамудаашонро оид ба рушду дастовардҳои гуногуни соҳаи фарҳангу санъати миллӣ ироа намуда, андешаву мулҳоизаҳои худро дар атрофи мавзуи интихобнамудаашон баён намуданд.

Дар анҷоми конференсия байни иштирокдорон табодули афкори судманд сурат гирифта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими  Истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

 

 

ҚУДРАТОВ Сино