Мавқеи инсон дар олам аз пайвандии ӯ бо он ба чандин омилҳои иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, ки фарҳанг аз ҷумлаи онҳост. Зеро фарҳанг тамоми паҳлуҳои рӯзгори инсону ҷомеаро фаро гирифта, бо ҳамин дараҷаи пешрафту қудрати созандагии инсонро равнақ мебахшад.
Аз ин лиҳоз, фарҳанги миллӣ – ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ дар ҷомеа мебошад. Дар маҷмуъ гирем фарҳанги миллӣ ин маҷмуи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, анъанаҳо, эътиқодҳо ва меъёрҳои ахлоқии инсон дар ҷомеа хос мебошад. Фарҳанги миллӣ аз унсурҳое иборат мебошад, ки он ба тамоми фарҳангҳои халқҳои ҷаҳон чун мероси маънавӣ аз инҳо иборат аст: забон, анъанаҳо, арзишҳо, урфу одатҳо, дин, меъёрҳои ахлоқӣ санъат ва ғайра.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як силсила масъалаҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо сахт вобаста мебошад. Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақили ҷавон дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар нақши кишвари таъсирпазирро дошта, муқобилият ва истодагарии он дар баробари арзишҳо ва қонунмандиҳои ҷаҳонишавӣ то ҳадде душвор мебошад. Албатта, паҳлуҳои мусбати раванди ҷаҳонишавӣ кам нест. Аммо дар таҳлили зерин талош мешавад, ки таҳдидҳо аз раванди ҷаҳонишавӣ муайян гардида, роҳҳалҳое пешниҳод намоем.
Истиқлолияти Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои пуртаҳаввули таърихи инсоният рост омад. Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ ба хусусиятҳо, афкор ва фарҳанги миллӣ таҳдид намуда, рушди технология ба равнақи раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат намуд. Яке аз падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ интернет ба ҳисоб меравад, ки ҳодисаҳои ҷаҳонро оҷилан ба тамоми сайёра мерасонад. Рӯ овардан ба технологияҳои навин талаби замон аст. Зеро интернет воситаест, ки мардумро ба сиёсат ва фарҳанги ҷаҳонӣ мепайвандад. Дар баробари ин, ҳаёти иҷтимоии шахс боз ҳам мураккабтар мегардад. Раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ – этникӣ, бегонашавии инсон аз худ, аз олами маънавии худ ва инчунин, аз олами гирду атроф, фаъолшавии фазои интернетиву иттилоотӣ ва ғайра, то андозае барои ҳар як узви ҷомеа мушкилоти нав ба бор меоранд. Тадриҷан ҳаёти иҷтимоии шахс дар баробари ин равандҳои ҷаҳонишавӣ боз ҳам мураккабтар мегардад.
Дар ин раванд ҷаҳон ба эҳёи ахлоқи ҳамида, илм, фарҳанг ва маънавиёт ниёз дорад.
Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих, манбаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи «интернет» ва воситаҳои ахбори омма дар тарбияи ахлоқию маънавии инсон нақши асосӣ доранд. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст. Ҳарду аз ҳамдигар ғизо мегиранд ва дар тарбияи шаҳрвандӣ вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд.
Омӯзиши консепсияи мазкур гувоҳи он аст, ки дар таркиби он зарурияти дар раванди тарбияи насли наврас афзалият додани арзишҳои ахлоқию маънавии мардуми тоҷик, ки дар муддати садсолаҳо ташаккул ёфтааст, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода шудааст. Ахлоқи ҳамида ҳамчун маҳсули азхудкунии маънавию арзишии воқеияти ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа арзёбӣ шудааст. Интихоби чунин равиши тарбия “дар робита ба амнияти рушди фарҳангӣ, ки бисёр таҳлилгарон онро ҷудо мекунанд, бояд гуфт, ки маориф чун таҳкурсии фарҳанг, бешубҳа, асоси онро ташкил медиҳад. Тавре ки ҷомеашиносони мактабҳои гуногун нишон додаанд, ҳеҷ як аз низоми иҷтимоӣ, ҳеҷ як аз давлат наметавонад бе низоми арзишҳои муттаҳидкунандаи аъзои он фаъолият ва инкишоф намояд. Миллате, ки аз арзишҳои худ маҳрум гардидааст, ба издиҳом табдил меёбад. Аз ин рӯ, бешубҳа, дар ташаккули арзишҳои мардум мақоми маориф дар ҷойи аввал қарор дорад.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Арзишҳои муттаҳидкунандаи аъзоёни ҷомеа ҳамеша вобаста ба талаботҳои рушди ҷомеа зарурият ба такомул ва ҷустуҷӯи роҳҳои дар шуури мардум ҷой пайдо карданро доранд. Яке аз унсурҳои муҳими дар ин самт истифодашаванда иттилоърасонӣ ва таҳияи мақсадноки иттилоот мебошад. Аз ҷумла, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистони моро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошад.
Аз ин рӯ, аз ҷониби олимон пайваста таъкид мегардад, ки мавзуи фазои маҷозӣ ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ яке аз мавзуъҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Зеро имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Бинобар ин, дар Паёмашон Пешвои миллат соли 2021 таъкид доштанд, ки бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд. Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.
Самаранок дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зикршуда имкон медиҳанд, ки то андозае ҷомеаи имрӯзаи мо қобилияти зиддият нишон додани худро ба тарғиботи ноаёни арзишҳои бегонапарастона ва таҳмилӣ тақвият диҳад. Технологияи тарғиботи ноаёни арзишҳои бегона барои дур намудани таваҷҷуҳи аъзои ҷомеа аз арзишҳои анъанавии ҷомеа замина мегузорад, ки барои истеҳкоми пояҳои давлати миллӣ хавфу хатари зиёд дорад. Субъектҳои мазкур бо мақсади таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ ва дур сохтани онҳо аз арзишҳои асили миллиямон дар гурӯҳҳои шабакияшон, сомонаҳои интернетӣ дар бораи арзишҳои анъанавии ҷомеа иттилооти манфиро ба нашр расонида, бо ин роҳ кӯшиш менамоянд, ки нуфузу самаранокии арзишҳои бегонаро зиёдтар мусбат нишон диҳанд. Омили камбудию мушкилиҳои зиндагии одамонро маҳз дар пайравӣ аз арзишҳои миллӣ маънидод намуда, одамонро тадриҷан ба доми мафкураи зишти худ мекашанд. Мақсади ниҳоии чунин талошҳо вайрон намудани ҷаҳонбинии одамон ва дар заминаи он тағйир додани самти рафтори ҷамъиятии онҳо мебошад. Бинобар ин, афкори ҷамъиятии ҷомеа бояд ҳамеша тавассути таҳия ва татбиқи санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қобилияти муқобила намуданро бо чунин равандҳо инкишоф диҳад.
Хулоса, рушди устувори иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо вобаста аст. Барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ зарур буда, дар баробари ин, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ мақсади асосӣ аст. Амалӣ гардидани мақсадҳои олии давлат бе таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он, бе мавҷудияти тартиботи ҳуқуқӣ ва фазои орому босуботи ҷомеа ғайриимкон аст. Амалан зиёда аз ду даҳсола аст, ки халқи тоҷик давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозад, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар асоси таҷрибаи шӯравӣ низоми ягонаи қонунгузориро таъсис диҳад ва заминаи барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар Тоҷикистон бигзорад.
Дар давоми солҳои истиқлолият тавассути эътирофу қабул кардан ва дар амал татбиқ сохтани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳаёти маънавии ҷомеа имконияти бунёдгузории сохти усулан нави давлатдорӣ, аз ҷумла давлати иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, бояд аз қабули Конститутсияи мамлакат, баргузориии интихоботҳои озоду демократӣ, қабули арзишҳои умумибашариию меъёрҳои эътирофгаштаи ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар сатҳи қонунӣ эътироф гардидани дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайра аз ҷумлаи комёбиҳои 33 соли Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Хусусан, қабули Конститутсия ва муайян намудани самти рушди арзишҳои маънавии ҷомеа барои ба ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ тадриҷан ворид шудани давлатамон заминаҳоро фароҳам оварда, обрӯю эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа