Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

 

Рӯзи 02.08.2024 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2024 доир ба ташкил ва гузарондани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 бо ҳузури рӯзноманигорони телевизион, радио ва матбуот нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст нахуст ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин намояндагони ВАО-ро ба боргоҳи фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ хушомадед гуфта, нишастро ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни нишаст Низомӣ М.З. оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2024 ба намояндагони ВАО маълумоти дақиқ ва ҳамаҷониба ироа намуд. Ҳамчунин, дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2024 назаррасанд, ки муҳимтарини онҳо ба қарори зайланд:

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 сатҳи сифати таълим дар имтиҳонҳои тестӣ 33,4% ва дар имтиҳонҳои эҷодӣ 53,4%-ро ташкил намуд, ки нишондоди мазкур яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 донишкадаро 396 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки аз ин миён 102 нафари онҳо аз ҷониби донишкада ба ҷойи кор фиристода шуд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 шумораи донишҷӯёне, ки донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд, 15 нафар мебошад.

43 нафар донишҷӯ ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ)-ро, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ мебошанд, хатм намуда, ба ҷойҳои кори худ роҳхат гирифтанд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 28 нафар донишҷӯ тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳалли зисти хеш фиристода шуданд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 зинаи магистратураро 19 нафар хатм намуд, ки қисми зиёди онҳо аз ҷониби ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм барои идомаи таҳсил ба зинаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) тавсия шуда, бахше аз онҳо дар кафедраҳои тахассусии хеш ба ҳайси омӯзгор қабул гардиданд. Ҳамчунин, зинаи таҳсили доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро 5 нафар докторант хатм намуд.

Дар донишкада аз рӯйи 12 ихтисос магистрант, 6 ихтисос унвонҷӯ ва 7 ихтисос докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) қабул карда мешавад.

Айни замон дар корҳои таҳқиқотӣ ва илмию методӣ аз 17 кафедраи донишкада бештар аз 130 нафар устодону профессорон ширкат меварзанд, ки аз ин миён 3 нафар доктори илм, 29 нафар номзади илм, 2 нафар профессор ва 2 нафар дотсенти соҳаи санъат мебошанд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби омӯзгорони донишкада 5 монография, 8 китоби дарсӣ, 10 воситаи таълимӣ ва 12 дастури методӣ таълиф ва чоп шудааст. Илова бар ин, ҳайати илмии донишкада дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и ҶТ 35 мақола ва дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷи кишвар 43 мақола нашр кардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 280 маърузаи илмию оммавӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангии соҳаҳои гуногун ироа гардиданд. Инчунин, дар саҳифаи расмии донишкада ва дигар саҳифаҳои интернетӣ зиёда аз 200 маводи инъикоскунандаи масъалаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илмии кишвар, ки аз ҷониби устодону кормандони донишкада навишта шудаанд, интишор ёфтааст.

Дар соли 2023 дар донишкада 1 конференсияи байналмилалӣ, 4 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 8 конференсияи донишкадавӣ, 13 семинар ва 8 мизи мудаввар баргузор шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 се нафар омӯзгори донишкада – омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Зокиров Суҳроб, омӯзгори кафедраи филология ва забонҳои хориҷӣ Наимова Фарзона ва омӯзгори кафедраи технологияи ВАО Саидзода Шодона ба гирифтани дипломи дараҷаи номзади илм мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, 1 нафар унвонҷӯ (Раҳмонова Д.) ва як нафар докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) (Муллоева Н.) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

Айни замон дар донишкада 19 нафар магистр дар курси дуюм ва 6 нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) дар курсҳои дуюму сеюм таҳсил мекунанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи донишкада Давлатов Саҳобиддин сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар Озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки бахшида ба соли «Маърифати ҳуқуқӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, филми таҳиянамудаи курси 4 шуъбаи филми бадеӣ Раҳматзода Шоҳрух – «Нигоҳи гарм» аз рӯйи номинатсияи навори пурмазмун ва филми донишҷӯи курси дуюми шуъбаи актёрӣ Кенҷаев Тоҳирҷон – «Муҳаббати фарзанд» аз рӯйи номинатсияи маҳорати актёрӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи донишкада Абдусатторов Меҳроб сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада ду ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюмро касб карда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада як ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюмро касб карда, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.

Аз 14 то 17-уми апрели соли 2024 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ М.З. дар Форуми II-юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок кард. Ҳамчунин, аз 29-уми май то 2-юми июни соли 2024 ректори донишкада профессор Низомӣ М.З. ба шаҳри Барнаули Федератсияи Россия сафар намуда, дар Форуми байналмилалии илмӣ-амалии «Фарҳанги минтақаи Авруосиё» ширкат намуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 д.и.с., профессор Улмасов Ф.А., н.и.с., дотсент Раҳимов К.С., дотсент Шоҳимардонзода А.Б. ва муаллими калон Холов М.Р. барои иштирок дар симпозиуму конференсия ва семинарҳои омӯзишӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд. Дар маҷмуъ, дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори созишномаҳои байнимуассисавӣ ва роҳандозии чорабиниҳои байналмилалӣ бо хориҷи кишвар аз ҷониби устодону кормандони донишкада 6 сафарҳои хориҷӣ анҷом дода шудааст.

21-уми майи соли 2024 дар донишкада дуюмин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон» баргузор гардид, ки дар он 22 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 76 довталаб ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо аз рӯйи номинатсияҳои пешбинишуда аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

5-уми апрели соли 2024 устодони Филиали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон профессор Раҷабов Ҳикмат — дирижёри оркестри созҳои халқӣ ва дотсент Чаршемов Жамил бо роҳбарии директори муассиса, профессор Рӯдакӣ Алламбаев ва санаи 25-уми апрели соли 2024 Емелянов Сергей Виталевич — директори Театри миллии драмавии Россия (Александринский) дар шаҳри Санкт-Петербург, Науменко Алиса Викторовна — муовини директор ва доктори санъатшиносӣ Чепурин Александр Анатолевич ба донишкада ташриф оварданд.

5-уми июни соли 2024 бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уйке ва котиби аввали сафорат Данеш Бҳартваҷ як қатор ҳунармандони риштаҳои гуногуни санъати миллии Ҳиндустон ба донишкада ташриф оварданд. Меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада профессор Низомӣ М.З. пазируфта шуда, миёни ҷонибҳо мулоқоти судманди илмиву эҷодӣ сурат гирифт.

Аз 24-ум то 28-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳавии Театри миллии драмавии Россия (Александринский) курси такмили ихтисос таҳти унвони «Асосҳои менеҷмент дар театри миллии муосир» баргузор гардид, ки дар он 8 нафар омӯзгорони соҳавии донишкада ширкат варзида, савияи дониши худро такмил доданд. Пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ омӯзгорони донишкада бо шаҳодатномаи хатми курси такмили ихтисос аз ҷониби Театри миллии драмавии Россия (Александринский) қадрдонӣ гардиданд.

Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба унвонии донишкада 46 адад диплому сипосномаҳо ворид гардид, ки аз онҳо 1 адад Гран-При, 14 адад Дипломи дараҷаи 1, 11 адад Дипломи дараҷаи 2, 6 адад Дипломи дараҷаи 3, 7 адад Диплом барои иштироки фаъолона ва 7 адад Сипосномаҳои фахрӣ ба кормандону устодони донишкада мебошад.

Айни замон дар донишкада 71 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Бо мақсади рушди иқтидори илмӣ кормандону устодони донишкада дар 11 конференсияву форумҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат варзиданд, ки аз натиҷаи онҳо 43 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расид, ки нишондоди назаррас мебошад.

15-уми майи 2024 дар донишкада дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон, устодон ва донишҷӯёни донишкада дарси маҳорат бо услуби «устод-шогирд» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон ва Тоҷикистон бо пешниҳод намудани барномаҳои фарҳангии худ табъи ҳозиринро болида гардонида, шароити мусоиди табодули таҷрибаро ба миён оварданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 роҳрави се ошёнаи бинои асосӣ таъмири капиталӣ шуд.

Баъд аз ироаи маълумот миёни намояндагони ВАО ва ректори муассиса саволу ҷавоб сурат гирифт.