Бисту ҳафт сол мешавад, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд. Тайи ин солҳо мардуми кишвари азизамон шоҳид ҳастанд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани биҳиштосоямон – Тоҷикистон мебошад.
Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи баҳамойӣ, пирӯзии миллати тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ ва рӯзе, ки миллати тоҷик ба фоҷиаи бар сараш омада нуқта гузошт, таҷлил мекунем. Дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон мардуми шарафманди мо бо фоҷиаи талхе рӯ ба рӯ гардид, ки натиҷаи асафбораш ба ҳамагон маълум аст.
Гурӯҳҳои манфиатхоҳу мансабпараст бо кумаку дастгириҳои душманони миллати тоҷик аз хориҷи мамлакат мардуми шарафманди тоҷикро ба гурӯҳҳову майдонҳо барои пиёда намудани ақидаҳои ифротии худ ва ба даст гирифтани зимоми қудрат ҷудо намуданд. Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос қарор гирифт ва авзои ҷомеа рӯз то рӯз мураккаб мегардид. Гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан дар хиёбонҳои мамлакат даст ба қатлу куштор заданд. Ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳазорҳо ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд. Ҳазорҳо модарони ин сарзамин фарзандони худро аз даст додаву занон бе саробон ва тифлон ятим монданд. Садҳо ҳазор ҳамватанони мо маҷбур шуданд, ки аз ватани аҷдодии худ фирор кунанд ва номи гурезаро бигиранд.
Дар он шабу рӯзҳо хатари даҳшатнок ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлат ба воқеият табдил ёфта буд. Дар он солҳо бисёре аз ҳамватанони мо қурбонии дасисаҳову даргириҳо гардида буданд. Аҷнабипарастон сарзамини зебои моро ба харобазор табдил дода буданд.
Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ ба раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон асос гузошта, боварӣ ва эътимоди мардумро ба ояндаи нек бедор сохт. Маҳз ба сари қудрат омадани роҳбари ҷавону умедбахш Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосия барои барқарории сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд. Иродаи қавии мардуми Тоҷикистон ба роҳбари тозаинтихоби кишвар ва Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ нерӯ мебахшид. Хуб медонем, ки раванди эҷоди сулҳ кори саҳлу сода набуд. Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи мо аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт, миллати парешон сарҷамъ омад, давлат обод шуд ва имрӯз гул гул шукуфон аст. Дар сурати мавҷуд будани сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан, ки раванди сулҳи тоҷиконро мунтазам пайгирӣ мекард, дар яке аз ҷаласаҳои Шурои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори омӯзиш аст. Ин гуфтаҳои Кофе Анан аз он шаҳодат медиҳанд, ки сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилимиллӣ, балки арзиши байналмилалӣ низ дорад.
Шароити имрӯза аз ҳар як шаҳрванди ин сарзамини биҳиштосо тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию осудагие, ки дорем бирасем. Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро азизу муқаддас шуморида, пос дорем. Зеро бо роҳбарии ин абармарди таърих мо тавонистем дар як муддати кутоҳ мушкилоти мавҷударо паси сар намоем, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, шоҳроҳҳои азим ва корхонаҳои саноатиро ба роҳ монда, зиндагии мардумро беҳбуд бахшем.
Болотарин авҷи таманнои мост сулҳ,
Сарномаи дуову тасаллои мост сулҳ.
Мисли зулоли равшании чашми ахтарон,
Нури умеди бахти муҷаллои мост сулҳ.
ЛУТФУЛЛО Раҳимӣ