Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми шарафманди тоҷик ва фазои орому осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол онро дар фазои сулҳу суботи комил, бо шукӯҳу шаҳомати хос, таҷлил менамоем.
Ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, тавассути талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ дар фарози Тоҷикистони озод, обод ва шукуфон чун хуршед медурахшад ва роҳи халқи созандаю бунёдкор ва тамаддунофарамонро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи неку дурахшон мунаввар месозад.
Ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, тавассути талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ дар фарози Тоҷикистони озод, обод ва шукуфон чун хуршед медурахшад ва роҳи халқи созандаю бунёдкор ва тамаддунофарамонро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи неку дурахшон мунаввар месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз давраи комилан нави инкишофро пушти сар менамояд ва зарурияти таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун қутбнамои самти ислоҳотҳои дар соҳаҳои гуногун татбиқшаванда маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона, минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию гайрирасмии ҷомеа эътироф карда шавад ва барои дар зеҳни аъзоёни ҷомеа ҷой додани муҳтавои онҳо иқдомҳои ҷиддию хамешагӣ сурат гирад. Ин ҳидояти роҳбари сиёсии ҷомеа ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни кулли қишрҳои чомеа пайваста якдилона дастгирӣ ёфта, он тавонист ба омили муттаҳидшавии онҳо атрофи мақсади умумии рушди кишварамон табдил ёбад. Аслан таҳлили ҳаёти сиёсии бисёр ҷомеаҳо нишон медиҳад, ки пайдо кардани чунин рамзу шиори дорои нерӯю имконияти кулли афроди ҷомеаро атрофи мақсади умуми муттаҳидкунанда кори басо сангин ва баъзан ҳатто имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Точикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам шоистаи ба ворисият додан ба наслҳои минбаъда ва омухтан ба кишварҳои мубталои даргирию нооромиҳои тулии чандин солҳо идомаёбанда мебошад.
Вобаста ба ин, тамоюлҳо ва моделҳои муайяни ваҳдатгароие гуфтан ба маврид аст, ки чунин истиқболи ҷомеаи тоҷик аз падидаи ваҳдату ҳамбастагӣ марбут ба он сулҳу дастовардест, ки он аз таҳкими ин раванд барои худ пайдо кард ва айниҳол расолати таъмини рушди ҷомеаро бо эътимод ба дӯши он гузоштаанд. Ва басо рамзист, ки яке аз санаҳои таърихии навини ҳаёти сиёсии ҷомеа ба унвони таҷассумгари Ваҳдати миллии тоҷикистониён шинохта шуда, ҳамасола тибқи тақвими идҳои умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомати арзанда ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳам бошад, рӯзи ба имзо расидани сулҳи саросарии миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ аст, ки воқеъан ҳам аз муҳтавои мафкураи Ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.
Агар ба истиқрори ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанашон назар андозем, мебинем, ки онҳоро пайваста ду раванди ба ҳам алоқаманд дунбол доштанд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии назариявии имконияти ҳалли мусолиҳатомези низоъи сиёсии ба амаломада ва дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшаванда буд. Ҳарчанд ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии раванди истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии мо муфассал омӯхта шуда бошад хам, вале вижагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол на танхо мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст, балки барои бисёриҳо ҳадафу муҳтавои онҳо норавшананд. Манзури ман ин муҳтавои назарҳои дар матбуоти даврӣ нашргаштаи зиёиёни кишвар аст, ки тули он солҳо ҳамрадиф бо амалияи истиқрори сулҳ пайваста кӯшиши асосноккунии назариявӣ, пешниҳоди намунаҳои аз байн бурдани нобоварии тарафайни аъзоёни ҷомеа ва ғайраро матраҳ менамуданд. Ин назарҳо бо такя аз дастовардҳои илмҳои ҷомеашиносӣ роҳҳои ҳалли проблемаҳоро пеш мегузоштанд, баҳсҳо доир менамуданд ва аҳли ҷомеаро бо коркардҳои илми муосир доир ба ин масъала шинос менамуданд. Маводҳои дастрас аз ин интишорот шоҳиди онанд, ки аҳли ҷомеа имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда пайравӣ аз роҳҳои мусолиҳатомезро афзалтар мешуморад.
Ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Раванди дар ҷисми фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати халқияти ягона дар заминаи умумияти бохтариёну суғдиён саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз дар партави чунин ваҳдати иҷтимоию фарҳангӣ, минбаъд халқи тоҷик тавонист ба эъмори давлатҳои ҷудогонаи худ иқдом намуда, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор гардад. Бо такя ба матлаби фавқуззикр метавон гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дорои паҳлуҳои гуногуни ақидавӣ, назариявӣ, таърихии хос ба вижагиҳои дарки вуҷуди олам, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, балки дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ низ мебошад. Бинобар ҳамин ҳам агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андозем, мебинем ки муҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст.
Яъне, Ваҳдат падидаест, ки арзишаш эҳтироми хоссаро қоил аст. Бо вуҷуди ин падида ҷомеаҳо метавонанд дар иртибот бошанд. Атрофи ин падида, олимону мутафаккирону ҷомеашиносон борҳо андешида, барои пойдории он, ки асоси пойдории миллату давлат аст, пешниҳодҳо кардаанд.
Агар аз ин мавқеъ ба истиқрори Ваҳдати миллӣ дар Точикистони соҳибистиқлоламон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанаш назар андозем мебинем, ки онро пайваста дар он маврид ду раванди ба ҳам алоқаманд пайгирӣ менамуданд. Таъкид бояд кард, ки ин имтиҳоне барои нишон додани нерӯи созандагии мафкураи Ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи навини мо буд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии амалии имконияти дарёфти роҳи ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти сиёсии ба амал омада, зарурати таъмини тартиботи иҷтимоӣ ва дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгиройии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат буданд. Таҷрибаи дар ин равандҳо андӯхтаи ҷомеаи мо собит намуд, ки мо инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ созгор намудани онҳо, метавонем ноил гардем. Ҳарчанд ҷараёни таъмини ин ҳадафҳо вобаста ба давраи муайяни инкишофи ҷомеаи мо равшан аст, вале айниҳол зарурати дарки таҳкими бештари ин падидаи нодир дар таъмини инкишофи минбаъдаи ҷомеаамон дар сафи пеш қарор дорад.
Яъне, вазъияти кунунии кишварҳои пешрафта моро ба он водор месозад, ки дар мавриди пешбинӣ намудани самти сиёсати кишварамон бештар ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли амалии масъалаҳое таваҷҷӯҳ намоем, ки аз ҳаллу фасли илман собитгардидаи онҳо суботи иҷтимоию сиёсии ватанамон вобастагии ногусастанӣ дорад. Гузашта аз ин, алоқамандаи афзояндаи кишварҳои ҷаҳони муосир ба мо ҳушдор медиҳад, ки мо метавонем ба пуррагӣ худро аз асари номатлуби баъзе аз ин падидаҳо дар канор дошта бошем. Пеш аз ҳама ҳузури аксари ин бархурдҳо аз кӯшиши кишварҳои пешрафта ва рушдёбанда барои роҳ ёфтан ба манобеи энергетикии кишварҳои дигар сурат мегирад. Нодида гирифтани ин масъала метавонад, ки на танҳо бо боло рафтани муқовимат ва норозигии дохилӣ мусоидат кунад, балки он метавонад ҳамчун фишанги таьсиррасонию қудратталабии кишварҳои дигар нисбат ба кишвари мо гардад. Барои кишвари мо таваҷҷӯҳи пайваста ба ин вазъият боз ҳам аз он ҷиҳат мубрам аст, ки он дар минтақаи асосии геополитикӣ қарор дорад. Аз ин нигоҳ моро зарур меояд, ки сиёсати амалиии худро бештар ба он нигаронида бошем, ки мо кишварҳои ҳамҷаворамон, ва бахусус, ба кишварҳои дорои манфиатҳои иқтисодию амниятидошта бо мо, дар ин минтақа фаъолтар кунем. Дар ин маврид моро зарур меояд, ки баробари вусъат бахшидани долони нақлиёти қисмати ҷанубӣ, инчунин беҳтар намудани шоҳроҳи ҳамлу нақли самти шимолии кишварамонро пайваста маддӣ назар дошта бошем. Дарки эҳтимоли минбаъд низ афзоиш ёфтани чунин падидаи хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро водор месозад, ки неруи ақлониву захираҳои моддии ҷомеаро барои таъмини рушди босуботи ватани маҳбубамон равона созем.
Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми падидаи муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол пурарзиш, чун пойдории сулҳу амният, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат, сулҳу суботи ҷомеа, сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори кишвар ва бақои миллат, сабаби рушду нумӯи он мегардад.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа, Ёвари ректори
МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода