(Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024)

 

Асри XXI асри суръат, ҳамгироӣ ва глобализатсия, асри рушди бесобиқаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника ва технологияҳои пешрафтаи иттилоотию телекоммуникатсионӣ ба шумор меравад. Тамоми дастовардҳое, ки инсоният тӯли таърихи хеш ба онҳо ноил гардидааст, ба илм ва тафаккури илмӣ робитаи мустақим доранд. Дар оғози асри нав кашфиёти бузургу оламшумуле ба вуқуъ пайвастанд, ки қодиранд ба рушди оядаи башарият ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ расонанд. Дар ин росто метавон аз ривоҷу равнақи бемисли соҳаи индустрияи наносистемаву мавод, биотехнология, зеҳни сунъӣ ва низомоҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ёдовар шуд. Беҳуда нест, ки СММ ба таври расмӣ биотехнологияро технологияи асри XXI арзёбӣ кард.

Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ низ равандҳои муҳим ба вукӯъ пайваста, муҳаққиқон аз паси ҷустуҷӯи тамоилҳои нави ҷаҳонфаҳмӣ, ки аз ҷаҳонбинии тамаддуни техногенӣ мутафовитанд, пардохтаанд.  Олимон боварӣ доранд, ки ормону андеша ва таҳқиқоти нав ҳаёти осоишта, суботи ҷомеа ва пешрафти инсониятро таъмин хоҳанд кард. Беҳуда нест, ки академик Д.С. Лихачев пешгӯйи карда буд, ки асри XXI асри фарҳангу дониши гуманитарӣ хоҳад гашт. Зеро илм фаъолиятест,ки ба тавлиди донишҳои нав оид ба табиату ҷомеа ва тафаккур равона гардида, ҳадафи аслии он башардӯстона аст.

Бо дарки муҳиммияти ҷойгоҳи илм дар таърихи башарият ва нақши калидии он барои имрӯзу ояндаи ҷомеаи тоҷик санаи 30-юми майи соли 2024 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки он дар таърихи муосири миллати тоҷик ва рушди илми ватанӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд ва онро аз ҷиҳати стратегӣ метавон ҳамчун санади муҳими консептуалӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат сараввал аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маорифу фарҳанг дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат новобаста аз мушкилоти мавҷуда пешрафти илмро омили муҳими тараққиёти мамлакат дониста, барои рушду нумуи он чораҳои таъхирнопазир ва саривақтӣ андешид.

Вале новобаста аз ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуданд, Пешвои миллат,  «Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».

Таҳлили амиқи Сарвари давлат аҳли илму маорифи кишвар, махсусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро водор месозад, ки барои ба муҳаррики тавонои истеҳсолот табдил додани илму техника ва зина ба зина баланд бардоштани саҳми илм дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар чораҳои таъхирнопазиру саривақтӣ андешанд.

Тавре, ки аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, дар ин самт қабл аз ҳама бояд сохтори Академияи миллии илмҳо таҷдид ёбад, комиссияи босалоҳият фаъолияти он ва Академияи илмҳои кишварзиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳҳои кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти кӯҳнаву нолозимро муайян карда, дар ин замина озмоишгоҳҳои онҳо бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид карданд, ки комиссияи мазкур ҷиҳати таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ тавсияву пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.

Мавриди зикр аст, ки тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт маҳз ба як мақсад —  баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ равона карда шудаанд. Зеро тавре, ки зимни суханронӣ таъкид гардид,  «таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда мешаванд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

Зикри ҳамин нукта басо муҳим аст, ки дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат оид ба рушди илм пайваста омилҳои муҳими он таъкид мешаванд. Ба андешаи Пешвои хирадманди миллат барои он ки дар мамлакат рушду нумуи илму техника таъмин гардад, пеш аз ҳама муҳаққиқ бояд ҳавасманд бошад, натиҷаи заҳмати ӯ қадрдонӣ шавад, дар муҳити эҷоди илмӣ бояд рақобати озоду солим ва беғараз муҳайё ва пажуҳишгар дар раванди эҷоди илмӣ поквиҷдонию масъулиятшиносӣ зоҳир кунад. Дар заминаи ҳамбастагии омилҳои мазкур метавон илмро ба неруи тавонои истеҳсолкунанда ва муҳаррики муқтадири пешрафти ҷомеа табдил дод.

Бинобар ин, таъкид карданд, Пешвои миллат, «маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст….маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад».

Пешвои миллати тоҷик аз зумраи ҳамон арбобони барҷастаи сиёсиест, ки дар татбиқи ҳадафҳои хеш вобаста ба инкишофи бемайлони илму маориф ва дар ин замина таъмин кардани рушди устувори Тоҷикистон собитқадам буда, тамоми иқдомҳояшон ба ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Бо дастуру ҳидоят ва таҳти сарпарастии Сарвари давлат роҳандозӣ гардидани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 255, аз 12 августи соли 2014), инчунин шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат» (соли 2021), унвонҳои фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон»,  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва амсоли инҳо далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Аз суханони Пешвои миллат бармеояд, ки маҳз илм қодир аст ҷомеаро аз хилвати тамаддуни муосир раҳо бахшад, аҳли зиёро ба сӯи дастовардҳои беназири илмию эҷодӣ раҳнамун созад, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мутараққии олам қарор диҳад. Барои расидан ба чунин мақому манзалат ҳар як муҳаққиқи тоҷик бояд бо заҳмату талошҳои пайваста, ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ ба пажуҳишҳое пардозад, ки илми тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонанд.

Тавре, ки Президенти кишвар зикр намуданд, «ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст». Бинобар ин, зарур аст, ки масъулони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвар ва ҳар як муҳаққиқ ин маблағҳоро ҳадафманду самаранок истифода баранд. Ин олимону мутахассисони мамлакатро вазифадор менамояд, ки ба таҳқиқи проблемаҳои илмии барои кишвари мо авлавиятдошта машғул шаванд, натиҷаи ҳар як таҳқиқот бояд ба пешрафти соҳаи мушаххаси иқтисоди миллӣ мусоидат кунад, он дорои ҷанбаҳои на танҳо назариявӣ, балки амалӣ низ бошад.

Сарвари давлат аз дастовардҳо дар самти омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва таҷдиди сохтори муассисаҳои академӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд карданд, ки «то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд».

Дар суханронии Пешвои миллат бори дигар ҷаҳолату хурофот ба сифати омилҳои монеасози пешрафти ҷомеа арзёбӣ гардида, аз ҷумла таъкид шуд, ки «фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».  Зикр гардид, ки «дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад».

Аз ин рӯ, олимон ва аҳли маорифи кишвар вазифадоранд, ки бо ҷароғи маърифати хеш роҳи ояндаи Тоҷикистонро мунаввар созанд.

Ба андешаи мо, муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа соҳиби илму дониш ва иттилооти фаровон будан аст. Иттилооту дониш бошад, асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.

Хотирнишон месозем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар масоили таълиму тарбияи ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида, соҳаи китобдориро, ки раванди идораи маърифати ҷомеаро танзим менамояд, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ пазируфтаанд. Дар ин давра ба раванди омода намудани олимони ҷавон, вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои муассир анешида шудаанд. Мо ин равандро дар фаъолияти амалии ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин баръало мушоҳида менамоем.

   Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавон сардори раёсати таълим Арабов Фирдавс бо  дараҷаи  илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи технологияи иҷтимоӣфарҳангӣ ва сайёҳӣ Раҳмонов Абдусаттор бо дараҷаи  илмии номзади илмҳои педагогӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимои Иззатова Зулайхо бо дараҷаи   илмии номзади илмҳои филологӣ,  мудири кафедраи журналистикаи телевизон ва радиошунавонӣ Галимова Моҳинур бо дараҷаи   илмии номзади илмҳои филологӣ, Саидзода Шодона мудири кафедраи технологияи васоити ахбори оммва бо дараҷаи   илмии номзади илмҳои филологӣ, Зокиров Суҳроб Ёвари ректор бо дараҷаи   илмии номзади илмҳои фалсафа, Наимова Фарзона ва Бойбутаева Адолат бо дараҷаи   илмии номзади илмҳои филологӣ сарфароз гардонида шуданд.  Соли 2024 Зафари Шариф, Нодирзода Сайзароб, Шарофиддинзод Муслиҳиддин ва Холов Пайрав  рисолаҳои номзадии худро аз пешдифоъ гузаронида, ба ҳимоя пешниҳод намудаанд.

Месазад, ки мо дар фаъолияти рӯзмарраи хеш, махсусан дар фаъолияти илмию эҷодӣ суханони зерини Пешвои миллатро аз мадди назар дур накунем: «дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд».

 

Зафари ШАРИФ,  декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносӣ,  Наботов ШАРИФ,

доктор PhD — кафедраи  китобхонашиносӣ ва

библиографишиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»