Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 дарҷ гардидааст, ки фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи назм ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ амнияти иттилоотиро ҳамчун қисми ҷудонопазири таъмини амнияти миллии худ меҳисобат, ҳамин аст, ки ба таъмини амнияти иттилоотӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Ҳукумати кишвар аз оғози солҳои 2000-ум ин масъаларо дар қонунгузории алоҳида баррасӣ карда, дар самти мазкур як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои бунёдии меъёрӣ-ҳуқуқӣ амал мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатарҳоро ба инобат гирифта, соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотиро қабул намуд, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва бунёдӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар шинохта шудааст.
Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “амнияти иттилоотӣ”-ро ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои миллии худ дар фазои иттилоотӣ, ки аз маҷмӯи манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат маншаъ мегиранд, муайян менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 таъкид намуда, иброз доштанд: “Пайравони созмонҳои террористию экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд… Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.
Метавон гуфт, ки хатару таҳдидҳои зерин ба фазои иттилоотии Тоҷикистон мавҷуданд, ки онҳро ба таври зайл арзёбӣ менамоем:
Аз ҷумла;
§ ба воситаи ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ташкил намудани инқилобҳои ранга;
§ бо суръати баланд паҳн гардидани иттилооти носаҳеҳ ва бардурӯғ;
§ экстремизми иттилоотӣ, терроризми иттилоотӣ;
§ мағзшӯӣ намудани ҷавонон;
§ назарфиребӣ ва таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ;
§ таъсири манфии “неруи нарм” ва монанди инҳо ҳамчун таҳдидҳои воқеӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон мебошанд.
Илова бар ин, таҳдидҳои зерин низ ба амнияти иттилоотии кишвар таҳдид мекунанд:
§ мундариҷаи номуносиб;
§ дастрасии беиҷозат;
§ ихроҷ ва талафоти маълумот;
§ қаллобӣ, киберҷиноятҳо, ҷангҳои киберӣ;
§ вайрон кардани маҳдудиятҳои қонунии паҳн кардани ахбор.
§ манъ ё масдуд кардан дастрасӣ ба фаъолияти расонаҳои давлатӣ барои иттилоотонии аҳолии кишвар.
Яке аз усулҳои истифодабарии ТИК ва дахолати кишварҳои абарқудрат ин созмон додани ҳазорҳо истифодабарандаи бардуруғ бо номҳои маҳаллии кишварҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ин ки истифода намудани ҷавонон дар паҳн намудани маълумоти «фейк» ё худ бардурӯғ мебошад.
Таҷрибаи баъзе равандҳои бесуботсозии кишварҳо нишон медиҳад, ки бо ин роҳ кишварҳои алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷӯ ба мафкураи мардум таъсир расонида, як навъ бадбинии мардумро бедор намуданд.
Баъзе аз кишварҳо аллакай таъсиси ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллииро дар шабакаҳои иҷтимоии муайян намуда, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва бекор намудаанд, то ин ки аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин бошанд ва бади ин васила амнияти иттилоотии худро таъмин созанд.
Бояд гуфт, ки то моҳи апрели соли 2022 дар саросари ҷаҳон 5 миллиард корбари фаъоли интернет ба қайд гирифта шудааст – 63 дарсади аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, 92,4 дарсад ба интернет тавассути дастгоҳҳои мобилӣ дастрасӣ доштанд. Теъдоди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар саросари ҷаҳон то рафт афзоиш ёфта, истофодабарандагони ҷаҳонии он то моҳи апрели соли 2022 ба 4,65 миллиард нафар расидааст, ки ин 58,7 дарсади аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди “Instagram”, “Facebook”, “Twitter”, “Telegram”, “WhatsApp”, “Wechat”, “TikТok”, “Snapchat”, “Pinterest”, “Signal”, “Youtube”, “Rutube”, “IMO”, “В контакте”, “Одноклассники”, “Viber”, “Мой мир”, “Мир тесен”, “Yandex: мой круг”, “MYSPACE”, “BeOn” ва ғайра мавҷуд аст.
Дар байни онҳо “Facebook” ҳамчун бузургтарин шабакаи иҷтимоии интернетӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи оморҳо дар соли 2022 шумораи онро ҳар моҳ беш аз 2,9 миллиард узвшудагони фаъол истифода мебурдаанд.
Дар ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон, ки дар раванди босуръати ташаккулёбӣ қарор дорад, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ҳамчун омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар равандҳои сиёсии ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ соли 2021 таъкид намуда, иброз доштанд, ки дар соли 2021 истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар беш аз 4,2 миллион нафарро ташкил дод ва шумораи муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ бошад, ба беш аз 8 миллион нафар расид.
Ё ин ки мувофиқи маълумоти “Data Reportal” то моҳи январи соли 2022 дар Тоҷикистон 1.49 млн истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда, ки назар ба сол
и 2021 426 ҳазор зиёд гардидааст.
Илова бар ин то моҳи январи соли соли 2022 дар Тоҷикистон 1 .04 млн истифодабарандагони “Instagram” ба қайд гирифта шудааст, ки 10,5% аҳолии кишварро ташкил дода, аксари онҳо мардон буданд–77,3%. Ҳамчунин, то моҳи январи соли 2022-ум 443.4 ҳазор истифодабарандагони “Facebook” ва 71 ҳазор истифодабарандагони фаъоли “Linkedin” ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин ҷо бар меояд, ки маълумот доир ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар якхела набуда, дар байни онҳо тафовут дида мешавад. Вале дар маҷмӯъ, рушди ТИК дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд идома дошта, истифодаи сомонаҳои интернетӣ, хосатан шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби ҷавононикишвар васеъ истифода бурда шуда, шаҳрвандони кишвар дар фазои маҷозии кишвар фаъоланд.
Мутахассисон ва коршиносони ин соҳа мақсад ва вазифаҳои ҷангҳои иттилоотӣ ва муборизаҳои иттилоотиро дар фазои маҷозӣ ба таври зерин нишон додаанд:
–таъсири манфӣ расонидан ба имиҷи байналмилалии давлат, халал расонидан ба ҳамкориҳои байналмилалии он;
– дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ монеа эҷод намудан;
– ба вуҷуд овардани шиддати иҷтимоӣ ва барҳам задани суботи сиёсии ҷомеа;
– коҳиш додани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
– ташкил намудани тазоҳуроти оммавӣ;
– вайрон намудани фаъолияти муназзами идоракунии артиш, қисмҳои низомӣ ва объектҳои муҳимми стратегӣ;
– таъсири манфӣ расонидан ба фазои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа, дур намудани аҳолии кишвар аз фарҳанги миллӣ.
– таъсири манфӣ ба афкори ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фарҳанги бегона.
Дар соҳаи сиёсат омилҳои иттилоотӣ таъсири бештар дошта, барои ҳалли як қатор масъалаҳои стратегӣ ва баъзан геополитикӣ аз ҷониби субъектҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Чунончӣ:
– бо истифода аз– коҳиш додани таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
– истисмор намудани иқтидори зеҳнии кишварҳои дигар;
–ноустувор гардонидани муносибатҳои байни ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ (бо мақсади ташкил намудани низоъҳо, ба вуҷуд овардани фазои нобоварӣ, шубҳаҳо, шиддатнок намудани муборизаҳои сиёсӣ);
–паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бо ин роҳ таъсири манфӣ расонидан ба имиҷи сиёсии онҳо;
– вайрон намудани фаъолияти шуъбаҳои робита бо ҷомеа ва сохторҳои ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ, мушкил намудани дастрасии онҳо ба иттилоот ва дигар воситаҳои иттилоотӣ;
–амалӣ намудани дастгирии иттилоотии агентиҳое, ки барои вайрон намудани фаъолиятимуназзами сохторҳои сиёсию ҳарбӣ ва иҷтимоию иқтисодии рақиб нигаронида шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар ҳолати амалӣ гардидани ҳадафҳои дар боло номбаргардида ба давлат, миллат ва ҷомеа зарару зиёни моддию маънавӣ расонида мешавад. Ин аст, ки дар замони муосир аксари давлатҳои дунё омилҳои иттилоотиро ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии худ ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз ҷумла омилҳои иттилоотӣ барои паҳн намудани арзишҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ истифода мегарданд. Масалан, ҳамасола аксари давлатҳои дунё аз ҳисоби фирори мағзҳо зарари зиёди моддӣ мебинанд, ки онро натиҷаи муборизаҳои иттилоотӣ номидан мумкин аст.
Бо моҳият ва таърихи муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ мухтасаран ошноӣ пайдо карда, бояд ба эътибор гирифт, ки донишҳо дар бораи чунин муборизаҳо танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонанд муфид бошанд: аввалан, бояд шахс ҷаҳонбинии комилан ташаккулёфтаи илмӣ дошта бошад. Дуюм, бояд мавқеи шаҳрвандии шахс устувор бошад, калаванда набуда, танҳо дар мавридҳои зарурӣ баъд аз санҷиши воқеият ба мавқеи дурусттар гузарад. Сеюм, дар муқобили ҳар гуна иттилооти нодуруст ё иғвоангез шахс истодгарӣ карда тавонад ва чунин маълумотро ба дигарон низ тавонад бифаҳмонад. Аз ҳама муҳим он аст, ки шахс ватану кишвари худро дӯст дорад, манфиатҳои миллат ва давлати худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад. Танҳо чунин шахс метавонад, ки дар муқобили ҳар гуна муборизаҳои иттилоотии шабакавӣ, ки имрӯз ҳар дақиқаву ҳар соат роҳандозӣ карда мешаванд, иммунитети мустаҳками иҷтимоӣ дошта бошад.
Адабиёт
1. Беляев Д. Видеоигры как информационное оружие:/ dbelyaev.ru. 2016. — URL: https://dbelyaev.ru (Дата обращения: 16.08.2016).
2. Махмадов П.А. и Ибодов А.Х. Информационная безопасность в системе национальных интересов/ П.А. Махмадов и А.Х. Ибодов//Вестник ТНУ. – Душанбе, 2012. -№ 3/2(83). — С. 130-135.
3. Махмадов П.А. Информационная война и информационная безопасность: использование новых технологий в качестве информационного оружия/ П.А. Махмадов// «Вестник ТНУ»№ 3/7(179). 2015. C.187-191
4. Махмадов П.А. Понятие и основные угрозы международной информационной безопасности в современном мире//Известия Института философии, политологии и право имени А. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан. № 4. Душанбе- 2016. -C.90-96.
5. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» Душанбе, 10.05.2002 с. (Закон Республики Таджикистан «Об информации» Душанбе, 10.05.2002г.р.)
6. Хуршед Зиёӣ. Хабарнигорӣ ваҷанги иттилоотӣ: моҳият ва тафовут. https://mts.tj/habarnigor%d3%a3-va-%d2%b7angi-ittiloot%d3%a3-mo%d2%b3iyat-va-tafovut/. Душанбе 25 02 21.
7. Маҳмадов П.А. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ. https://mts.tj/tasiri-shabaka%d2%b3oi i%d2%b7timo%d3%a3-ba-fazoi-ittilootii-%d2%b7um%d2%b3urii-to%d2%b7ikiston-pajomad%d2%b3oi-siyosiyu-ideolog%d3%a3/. Душанбе. 17 05 22.
Комрон Фозилов
мудири кафедраи педагогика
ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанги
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”