Модарон гавҳари ҳастии поканд ва пас аз Худованд нафароне ҳастанд, ки қудрати офаридан доранд. Дар батни худ бори вазнинеро муддати нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз бардошта, бо дастбагиребонӣ ба марг он борро ба олами равшан меоваранд. Яке духтар мезояду яке писар, вале ҳеҷ гоҳ хислатҳо монанд нестанд. Ҳазорон бор аз батни он олиҳаи пок писар тавлид мешавад, вале мард тавлид намудан, мард ба воя расониданро Худованд ба ҳар модар муяссар намесозад.
Ба китоб меҳри беандоза доштам ва неруи ҳамин муҳаббат маро водор намуд, ки донишҷӯйи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи
давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» гардам. Таҳсил оғоз ёфт ва барои ману шарикдарсонам рӯзҳои хушу хотирмон оғоз гардиданд. Рӯзҳое, ки моро бо Сайфуллозода Бозор, Ислом Ҷӯраев, Сафар Шосаидзода, Шариф Комилзода, Гадобег Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ, барин устодони варзида, сахтгиру серталаб ва ҳамзамон меҳрубону дилсӯз рӯ ба рӯ намуд. Мо шогирдон аз китоби зиндагии ибратомӯзи ҳар яке аз ин чеҳраҳои шинохтаи соҳаи китобдорӣ ҷаҳон — ҷаҳон маънӣ бардоштем. Воқеан, китоб мӯъҷизаи нодир аст. Мӯъҷизаест, ки метавонад дар гурӯснагӣ нон, дар беморӣ дармон, дар зулмот нур ва пас аз марг нишон бошад. Чун ба уқёнуси беканори китобу китобдорӣ ғутавар гаштам, ранҷу заҳмати офарандагону тарғибгарони китоб бароям бештар аён гардид ва назди худ мақсад гузоштам, ки оид ба ҳаёту фаъолияти як тан фидоии ин соҳаи барои ҷомеа муфид, шахсияти китобдӯст, устоди азиз Ғуломзода Қурбон (Авғонов Қурбон) чанд сатре ифшо намоям.
Қаблан бояд зикр намоям, ки меҳру муҳаббат нисбат ба китоб дар қалби устод аз аёми кӯдакист. Бо ҳамин муҳаббати самимӣ мактаби миёнаро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» супорида сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардид.
Ба донишкадае, ки ӯро раҳнамун сохт ҷониби бахту иқболу обрӯ.
Бо донишу малака ва масъулияти баланд Қурбони ҷавон аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ миёни шарикдарсон ва устодон шинохта шуда, баҳои баланди устодони варзида, библиографони нотакрор Раҳимҷон Шарофзода, Абдураҳим Раҳимов ва даҳҳои дигарро сазовор шуда, дар ҳамон руҳия тарбия ёфт.
Тавре дар боло баён доштем боре барои ба вазифае соҳиб шудан талош ва пеши касе сар хам накарда, аз як вазифа ба вазифаи дигар ӯро ҳангоми иҷрои кор гузаронидаанд. Дар ҳар ҷое ки по гузошт, онҷо обод шуд ва ӯ аз самараи меҳнати ҳалолаш даҳҳо дастовард ба миён овард.
Чун дузабону дурӯ набуд, чун танҳо ва танҳо ҳақпарастӣ мекард, дар чашми бархе аз мансабдорони вазифаталош, дар чашми бархе аз нотавонбинони курдил бад менамуд. Коргоҳ аз зиндагии шахсӣ барояш муҳимтар ва азизтар буд ва суистофода кардан аз мансабро чашми дидан надошт. Аз ин рӯ ҳар хоҳишу амри ғайриқонуниро қабул надошт. Гарчанд амри роҳбар буд….
Ба сар додан тайёр буд, вале ба хоинона зистан, ба лагандбардорӣ кардан асло не!
Чор даҳсола дар самти фарҳанг фаъолият кард, вале ҳамагӣ дар се вазифа. Дар се вазифае, ки онро ба хубӣ медонист ва аз руи виҷдон ба иҷро мерасонд. Дар се вазифае, ки Ғуломзода Қурбон фаъолият намудаанд танҳо ва танҳо дар фикри ободии коргоҳ, фароҳам овардани шароити дурусти кормандон, навоварию эҷодкориҳои соҳа буданд. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари ҷавони камтаҷриба Ғуломзода Қурбон Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, ки солиёни дароз дар як қисмати Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дошту кам андар кам одамон аз фаъолияташ бохабар буданд, ба яке аз муассисаҳои пешрафтаи зертобеи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи адибон табдил ёфта буду ҳамарӯза аз он даргоҳи илму адаб меҳру шеър ба димоғ мерасид.
Бенуқсон фаъолият намудани устод Ғуломзода Қурбон ба сифати Сардори раёсати фарҳанг ва рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ дар Вазорати фарҳанг, ки ӯ бехабар фармонашро собиқ Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, некмарди гавҳаршинос Орумбекзода Шамсиддин бо як боварию эътиқод ба имзо расонида буд, шаҳодат аз ноил шудан ба камолоти илмӣ ва пурра ба воя расидани як олими ҷавони дақиқназар арзёбӣ мегардад.
Агар дар ҷавонӣ аз кӯтоҳдастӣ ба факултаи китобдорӣ ҳуҷҷат супорида бошад, бо шомил шудан ба ин факулта, бо сабақ бардоштан аз мактаби бузурги библиографҳои варзида ба ин пеша меҳр баст аз сидқ. Ва борҳо дар ҳузури дӯстону шогирдон арз медошт, ки агар Худованд умри дубораро лоиқаш бинад, боз ва боз китобдор мешавад.
Самараи ҳамин муҳаббат ба самти дилхоҳ дар офаридаҳои тахассусии Ғуломзода баръало намоён буд. Бештар аз 130 асару мақолаҳои илмӣ дар ин самт таълиф намуда, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013» ширкати фаъолона варзида буд. Консепсияи «Хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», рисолаҳои илмии «Библотечное образование в Республике Таджикистан», «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Дарсномаи «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо», “Мактаби китобдории Тоҷикистон”, “Бобоҷон Ғафуров – библиограф”, “Китобхона олами афсона” ва “Гулбаргҳои меҳр” ҳамчунин дар ҳаммуаллифӣ бо мутахассисони ҷавони соҳа дар таълифи китобномаҳои шарҳиҳолӣ доир ба ҳаёту фаъолияти олимону адибон ва ҳунармандон аз қабили Мирсаид Миршакар, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Абдураҳим Раҳимов, Шариф Комилзода,Ҷӯрабой Раҷабов, Қурбон Авғонов, Бӯриев Қурбоналӣ, Бозорбой Холов, Сафар Шосаидов Ҷӯрабек Муродов: Зафар Нозимов, Толиб Бобоев, Одина Ҳошимов Маҷид Салим, Назар Табарзода ва даҳҳои дигар саҳм гирифтааст, ки ҳар яке дар муаррифии чеҳраҳои шинохта ва хизматнишондода ба насли наврас нақши бағоят бузург хоҳанд бозид.
“Ҳафтаи китоби бачаҳо”, ки бори аввал бо ташаббуси нависандаи рус Лев Касил соли 1943 таҷлил гардида, бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, бо часпу талошҳои ин марди ҳунар аз нав эҳё гардид. Ҳамасола дар баробари дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани ин иди мутантан, дар баробари пайдо намудани падидаҳои умедбахш дастурҳои методӣ низ таълиф намуда, аз дасти чоп баровард ки имрӯз он амали неки устодро Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар идома бахшида истодааст. Дастуреро, ки дар кушодани мушкилоти мавҷудаи роҳбарони хониш, дар тарғиби китоб ва баргузории чорабиниҳои китобхонавӣ нақши бағоят калон дорад.
Соли 2020 собиқ Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Зулфия Давлатзода роҳбарии яке аз нашриётҳои бонуфузи замони шуравӣ Муассисаи нашриявии “Ирфон”-ро, ки бо ду по мелангиду дар дарёи камбудиву пасомад ғуттавар буд, ба уҳдаи ин олими пурмасъулияту поквиҷдон вогузор намуд ва дере нагузашта натиҷаи дилхоҳи онро дида, аҳсан ба матонату ҷасораташ хонд. Шодравон дар муддати чанд моҳ корхонаи лангонро ба як бинои хуштарҳи фарогири шароити олии кор табдил дода, ба иҷрои нақшаҳои амалиношуда пардохт.
Туфайли талошҳои пайгиронаи ин марди ҳунар дар тули се сол даҳҳо китобҳо рӯи чоп омада, даҳҳои дигар ба нақшаи соли 2024 ворид гардид, вале…
Ба шуҷоату ҷасорати илмиву инсонияш мисле ки чашми бад расид. Бегумон дарди ногаҳонии меъда дар ҷисми зебояш падид омад. Дарде, ки пеши нақшаҳои неки олими ҷавон, баномус ва ҳақшиноси тоҷик, муаллифи чандин китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию монографияҳо, мураттиби китобҳои рӯимизии соҳавӣ Ғуломзода Қурбон монеа гузошт. Муддати як соли охир шиква аз дарди беамони “саратони меъда” дошт, вале то охирин нафаси ҳаёт барои рушди соҳа, барои номи нек талош кард. Ҳатто як рӯз пеш аз марг ба коргоҳи азиз омада кормандони аҳлу тифоқашро бо Соли нави мелодии 2024 табрик намуд ва барои иҷрои нақшаҳои нав сафарбарашон кард. Тӯфони ноумедӣ бар баҳори умед ғолиб омад…
Борҳо барои дар айни камолот аз олам гузаштани устодашон собиқ Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Абдураҳим Раҳимови ғурамарг афсус хӯрда, бо ашки ҳасрат ҳар лаҳза ёдашон мекарданду нафареро, ки бо тири сӯзон дили пур аз орзуву ният ва сари пур аз илми устодашро пора карда буд, пайваста сарзаниш мекард, бегумон аз он, ки худ низ дар синну соли ӯ, дар даврони гулшукуфти умр мисли ӯ ба доми фано меравад…
Шумораи дӯстону шогирдони устод ба ҳазорҳо мерасид, вале дар лаҳзаҳои зори дӯст будан, дар лаҳзаҳои некро аз бад фарқ гузоштан, дар лаҳзаҳои шинохти инсонҳои воқеан ҳамдард танҳо фарзандон ва фарзандони падарро паҳлуяш дид. Аз он шумори бешумори дӯстон шому саҳар дари кулбаи хобашро танҳо ҳампешаҳои содиқу қадршинос Сафар Шоисаидов, Шариф Комилзода, Сайфуллозода Бозор, Маҳмудов Гадобег шогирдони ба ҷон баробараш Нодирзода Сайзароб ва муаллифи ин сатрҳо аз ҳама зиёд мекушоданду бо меҳру муҳаббати самимӣ лаҳзае аз дард, аз ноумедиву дилшикастагӣ раҳояш менамуданд.
Дарди ҷонкоҳ шиддат дошт, вале устод Қурбон Ғуломзода умед аз зиндагӣ, аз эҷод намеканд, чунки ниятҳои неке дар пеш дошт… Аз пойи равон ва аз забон намонд то лаҳзаи ҷон ба ҳақ супурдан.
Устод дунёро падруд гуфт, вале аз худ ва аз умри сипарикардаи бенуқсон ифтихорманду қаноатманд. Дунёро падруд гуфт, вале дар дунё ба дили касе доғ нагузошт. Дунёро падруд гуфт, вале боре пеши бархе аз номардони ноҳақ сар хам накард. Ба қавли шоири зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ ҷаҳонро дар саодат озмуду раҳи мақсудро бо заҳмат кушод, ба пое сар нафуроварду бо касе бадгумонӣ накард, аз нобарорӣ нанолиду аз касе тамаъ накард, хуфтаеро бедор ва нафареро озор надод. Он чӣ дар захира дошт, ба ояндагон мерос кард. Обод карду дилшод рафт.
Мард омаду мард рафт олими тоҷик, китобдори муваффақ, падари шоиста, бародари ғамхор, маҳбуби вафодору меҳрубони рамузфаҳм, дорандаи «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Узви иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва дорандаи нишони Олии “Азизи дилу дидаи мардумон” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғуломзода Қурбон!
Илоҳо, ҷойи устоди зиндаёди нотакрор дар ҷаннат ва манзили охираташон обод бошад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»