Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ханда бо иштироки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо”, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов, ҳунарманди Театри намунавии минётураи “Оина” Зафари Саид ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада чорабинии ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф инчунин зикр намуд, ки рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки онро дар тамоми дунё ба ҳар навъ таҷлил менамоянд ва ин рӯз дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззоберо ба миён овардааст. Дар ин рӯз одамон ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим карда ҳазлу шӯхӣ мекунанд. Рӯзи хандаро дар кишвари мо низ мардум ба таври ғайрирасмӣ дар баробари мардуми тамоми дунё бо шавқи беандоза интизор мешаванд ва дар ин рӯз бо гӯл задани якдигар ва шӯхиҳои безарар хотири якдигарро болида мегардонанд, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ханда аз замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ мондааст. Имрӯзҳо ҳам ба муносибати Рӯзи ханда дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирад.
Сипас, меҳмонони чорабинӣ ҳунарманди Театри намунавии минётураи “Оина” Зафари Саид ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо”, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов бо базлагӯиву ҳаҷвҳои намакин хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар ин радиф барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада низ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле диданиву хотирмон буд.
ҚУДРАТОВ Сино