Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиакбар Ҳаётзода, намояндагони МИҲД – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, як гурӯҳ устодон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд.

Чорабинии идонаро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ бо Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд.

Ректори донишкада хотирнишон сохт, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ Наврӯз ва расму оинҳои он вобаста ба русуми роиҷи он рӯзгорон ҷашн гирифта мешуд. Ниҳояти ифтихори миллати мост, ки акнун дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Наврӯз ва расму оинҳои он бо асолати таърихии худ дар сатҳи миллату давлат таҷлил мешавад. Дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили он арзандаву ситуданист. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 2010-ум Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Роҳбари донишкада инчуни зикр намуд, ки қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад. Умед дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорона ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон фатҳу кушоишҳои нав меоварад.

Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиакбар Ҳаётзода, ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи байналмилалӣ расонида, мақоми аслии онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат сазовор ҷашн мегирем.

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Солеҳов низ ҳозиринро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуда, тазаккур дод, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардумони форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеоложии рӯзгорон, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Мавсуф аз осори шоирон дар васфи Наврӯз ёдоварӣ шуда, Наврӯзро ба дарахти барӯманди ҳамешасабзе ташбеҳ дод, ки бо гузашти солҳо дар дилҳои мардумони эронитабор решаҳояшро устувор карда, беш аз пеш қавитару пурбортар гардида, ҳамзамон ба ҷашни миллии мардумони дигар кишварҳо низ табдил ёфтааст.

Дар доираи чорабинӣ аз тарафи раёсати донишкада як гурӯҳ устодону донишҷӯёни донишкада, ки дар конфронсу чорабиниҳои ташкилнамудаи бахши робитаҳои байналмилалии донишкада иштироки фаъолона доштанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар бахши фарҳангии чорабинии ҷашнӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Дар интиҳои чорабинии идона ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ бори дигар иштирокдорони чорабинӣ ва аҳли ҳунарро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гаштани ҷашни Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ин моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Наврӯзро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

.

ҚУДРАТОВ Сино