(Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли  ҷомеа  ва ходимони дини мамлакат)

Санаҳои 14-15-уми марти соли 2024 дар толори фарҳангии хобгоҳи МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли  ҷомеа  ва ходимони дини мамлакатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дастҷамъона тамошо намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуда, дар ҷараёни он ба масъулин оид ба рафъи хурофотпарастӣ супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастур дода, ходимони динро даъват намуданд, ки дар фаъолияташон ба масъалаи гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» супоришҳои дигар низ қатъӣ доданд.

Дар мулоқот Сарвари давлат бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) низ танҳо як бор ҳаҷ намудаанд.

Пешвои миллат муносибати сиёсати давлатро ба дину оиндорӣ  ва омилҳои  пайдо гардидани тундгароӣ баррасӣ намуда, баён доштанд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин-дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии дорои хусусияти динӣ ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил меёбад. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси мамлакати ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ дорем».

Маврид ба зикр аст, ки таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ин неъматҳои пурарзишро пос дорем ва барои ҳифзашон ҳамеша талош намоем.

Мақсад аз суханронии самимии Пешвои миллат ва ташкил намудани чунин вохӯрӣ дар он аст, ки ҳар як сокини кишвар бояд дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва шукргузорӣ аз давлати ободу соҳибистиқлол тарбия ёфта, дар самти ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманди худро гузоранд.

Бо назардошти масъалаҳое, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин баён шуданд, зарур аст, ки барномаи дарсҳои таълимӣ ва тарбиявиро ҳамчун раванди муқовимат бо зуҳуроти манфии хурофотпарастӣ ва ифротӣ истифода намуда, шуури ҷамъиятии сатҳи пешқадам рӯйи кор оварем, то дар он манфиати дин, миллат ва давлат ба самти ободии  Тоҷикистон яксон равона бошад.

Мо бо итминон гуфта метавонем, ки роҳбарият, профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ҷиҳати амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи ин абармарди таърихӣ барои ояндаи дурахшони ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 

Зафари ШАРИФ,

декани факултети китобдорӣ

 ва иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»