Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар ва омода намудани мутахассисони забондону соҳибкасб дар соҳаҳои мухталифи касбу кори гуногун ҳангоми ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.
Масъалаҳои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу забондон дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём махсусан зикр намуданд, ки“… авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисос, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, рушди муносибатҳои фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархурди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони забондон тақозои замон мебошад. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар”. Ҳамчунин дар пайравӣ аз нуктаҳои зикршуда таъкид гардид, ки “… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ буда, инчунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст.
Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи ҳукуматикишвар ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва ҷавобгу ба талаботи замони муосир, айни замон 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил намудаистодаанд. Танҳо дар соли 2023 3 ҳазору 300 нафар ҷавонони кишвар тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд, ки ин ҳам ташаббус ва тадбирҳои бевоситаи Пешвои миллат барои омодакунии кадрҳои ҷавобгу ба талаботи бозори муосир ва забондон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ, ки аз зумраи забонҳои муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, барои ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ новобаста аз самти фаъолият мубрам арзёбӣ гардида, дарки моҳияти забонҳои хориҷӣ ва аз ҷониби ҳар як корманд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омӯзиши он таъкидҳои пайваста ба миён омадааст. Зеро омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани мушкилиҳо дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи худ таъкид менамоянд, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои англисӣ ва русӣ диққати махсус равона карда шавад. Ҳангоми суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш 1.09.2023. низ ба ин масъала диққати махсус равона намуда таъкид намуда буданд, ки “… омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад”.
Таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити имрӯзаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия, фарҳанг, васеъ намудани муносибатҳои байнифарҳангӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии таҳсилот рӯз то рӯз муҳимияти бештар пайдо намуда, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати кишвар қарор дорад.
Хусусан забони англисӣ аз бузургтарин забонҳои дунё ва яке аз шаш забони кории Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Имрӯз аксари маҳсулоти истеҳсолкардаи мамлакатҳое, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, албатта бо забони англисӣ нишондоду дастурамал доранд. Шахс агар ин забонро ба таври даркорӣ надонад, ашёи харидорӣ намудаашро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонад. Бинобар ин, забони англисиро забони илму техникаи ҷаҳони муосир номида, зарурати омӯзиши он дар ҳама зинаҳои таҳсилоту касбӣ ба таври ҷиддӣ талаб карда мешавад. Чунонки Сарвари давлат қайд намудаанд “… вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣмемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Шумо хуб медонед, ки ҷаҳолат фақат сиёҳӣ, торикӣ ва бадбахтӣмеоварад”.
Дар пайравӣ аз дастуроти Пешвои миллат ҳаминро зикр намудан лозим аст, ки ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзида дар самтҳо касбу кори гуногун бо мақсади ҳифзи фарҳанги милливу маъанавии ҷомеаи башарӣ бояд тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад. Вагарна дар ҳоле, ки барои омӯзиши забони англисӣ шароити мусоид фароҳам нагардад, чӣ гуна метавон натиҷаҳои назаррасро мунтазир шуд? Хусусан вобаста ба таълими забонҳои хориҷи дар заминаи фарҳанги миллӣ таҳияшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷиддӣ таъкид намуда буданд, ки “Дар раванди ҷаҳонишавӣ, мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.
Ҷиҳати амалигардонии дастуроти мазкур бояд ҳангоми таълими забоҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилотбештар ба боло бурдани ҳисси миллиидонишомӯз тавассути ҷанбаҳои ватандӯстиву нигаҳдошти фарҳанги миллӣ ва эътибори фарҳанги маънавӣ равона гардонида шавад, то ӯмустақилона худ кӯшиш намояд, ки дар баробари омӯзиши фарҳангу забони бегона зиракии сиёсиву ҳисси ватанхоҳии худро нигоҳ дорад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми қудрату неруи худро дар ҳама шароит чӣ омӯзиши забоҳои хориҷӣ, чӣ таъсири омилҳои беруна ва чӣ ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байнифарҳангӣ сарф намуда, барои тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва расму оинҳоямон кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки насли имрӯзии ҷомеа хусусан ҷавонону наврасон ба фарҳанги беруна камтар таваҷҷуҳ намуда, рӯ ба фарҳанги миллииамон оранд ва барои насли оянда низ ба мерос гузоранд.
“Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам. Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед. Дар баробари ин, ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дардасти шумост”- инҳо пандҳо ва дастуроте мебошанд, ки махсус аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардиданд ва бояд сармашқу шиори ҳар як нафар сокини кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистон бошад.
Дастуроту таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, пайи тайёр намудани мутахассисони забондону ҷавобгу ба талаботи бозори муосири меҳнат равона менамоем, то ки дар оянда барои пешрафти миллату давлат ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат саҳме гузошта бошем. Ин аст шиори мо!
Меҳриддин ХОЛОВ –
сардори раёсати робитаҳоибайналмилалии
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода