Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба ифтихори 31 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири нигоҳ доштани давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сарф намуда, марзу буми Ватани маҳбубамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии ҳамешагӣ ҳифз менамоянд.
Мо бояд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу шукуфо гардидани ватани маҳбубамон саҳм гузошта, суботу амният ва якпорчагии мамлакатро ҳамчун ватанпарастони асил ва бонангу номус ҳифз намоем.
Ватан, сулҳу рифоҳатро бихоҳам,
Фари шеди пагоҳатро бихоҳам.
Намон санге ба роҳи ту гузоранд,
Ватан, покии роҳатро бихоҳам.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!