Дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, декани факултаҳо, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
   Донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд, барномаи фарҳагии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин, хусусан, устодону донишҷӯписарон карда, самимият ва таманнои худро баён намуданд. Донишҷӯдухтарон бо сурудани сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳо дар васфи ватан ва ҳомиёни меҳан-афсарону сарбозони кишвар, рақсҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҳунарии ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуданд.
     Пас аз барномаи фарҳангӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, ба ҳунару истеъдод ва маҳорати нақшофарии донишҷӯдухтарон баҳои баланд дода, ҳозиринро ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.        Ректори донишкада зикр намуд, ки ҳар фарди ватандӯст аз ҷумла ҷавонони кишвар бояд дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам ободу шукуфо гардидани ватани маҳбубамон саҳм гузошта, фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакатро ҳамчун ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус ҳифз намоянд.
ҚУДРАТОВ Сино