Имрӯз бо ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба гиромидошти ҷашни Сада конференсияи илмӣ–назариявӣ баргузор гардид.
      Конференсияро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз базшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳимми миллӣ табрик намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки бо касби Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад.
Зикр гардид, ки Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллии худ сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад. Аммо, ҳамчунин, бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.
       Ректори донишкада бо такя ба осори адибон ва маъхазҳои таърихӣ аз зуҳур, ҷойгоҳ ва шаҳомати фарҳангии ҷашни Сада маълумот дода, қайд намуд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила хусусияти байналмилалӣ гирифта, оинҳои инсонсоз ва фарҳангу санъати оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷашни Сада ҳам бо саъю талоши миллати тамаддунофари мо дар шакли таърихии худ ба таври комил эҳё гардида, ҳавзаи таҷлили худро васеъ менамояд ва оқибат ҷаҳонӣ мегардад.          Сипас устодони донишкада Махсудзода Фарҳод, Хайруллозода Баҳрулло, Изатзода Зулайхо, Аминӣ Алишер, Мамадазимова Майрам, Шарофиддинзод Муслиҳиддин, Синои Абуалӣ ва Дилшод Умаров маърузаҳои омоданамудаашонро ироа карда, андешаҳои худро доир ба ҷашни Сада баён намуданд.
Дар анҷоми конференсия байни ҳозирин табодули афкори судманд ба миён омада, баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро судманд арзёбӣ намуданд.
Сино ҚУДРАТОВ