Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташон ба ҳайси сарвари давлат тамоми таваҷҷуҳ ва ҷаҳду талошашонро барои рушди илму маорифу фарҳанг, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон, эҳёи ҳунарҳои суннатию мардумӣ ва шинохти бузургони миллат равона намуданд.
Ҳамасола бо амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исботи ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, соли ҷорӣ аз 2-юми феврал амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни мазкур интишор гардид.
Ҳадафи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.
Инак соли панҷум аст, ки бо амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия – (1) адабиёти кӯдакон ва наврасон, (2) адабиёти классикии тоҷик, (3) адабиёти муосири тоҷик, (4) адабиёти ҷаҳон, (5) эҷоди назм ва (6) эҷоди наср баргузор мегардад.
Дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯи курси 2-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи дурдасти Сангвор таҳсил менамояд, Самадзода Шукрона дар номинатсияи «Эҷоди назм» ғолиби ҷойи сеюм гардид.
Ба ин муносибат 16-уми ноябри соли 2023 дар доираи чорабинӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори «Арғунуни» донишкада ҷаласаи идона бо ширкати ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯён баргузор шуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оғоз намуд. Мавсуф зикр намуданд, ки Самадзода Шукрона донишҷӯи фаъол буда, дар ҳамаи чорабиниҳои илмиву фарҳангии сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъол мебошад. Ӯ бо дониш ва истеъдоди баландаш дар чунин озмунҳо иштирок намуда, дар номинатсияи «Эҷоди назм» ғолиби ҷойи сеюм даври ноҳиявӣ (ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ва ғолиби ҷойи сеюм даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ гардида буд.
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон беш аз пеш рушд намуда истодааст. Пӯшида нест, ки китобу китобхонӣ на танҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо ва рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.
Дар доираи чорабинӣ ректори донишкада ба донишҷӯ Самадзода Шукрона, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар дар номинатсияи «Эҷоди назм» ғолиб гардид, сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим намуд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»