Бо иқдоми факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиши илмӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

  Дар ҳамоиши имрӯза ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёни донишкада ширкат варзиданд.

   Ҳамоиши илмиро муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо Тоир бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

  Мавсуф зикр намуд, ки воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

  Дар зарфи сию ду соли истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллӣ гузошта шуд.

  Мавриди зикр аст, ки минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

  Сипас, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  дар мавзуи «Пешвои миллат ва ташаккули фарҳанги парчамдорӣ» баромад намуда,  аз ҷумла иброз доштанд: «Дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба Парчами миллӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар як шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳадди ақал як парчами миллии худро дошта бошад. Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем».

  Воқеан, пешниҳоди Пешвои муаззами миллат бисёр муҳим ва созанда аст, зеро аз он рӯзе, ки мо соҳиби парчам гардидем, дар ҳаёти ҷомеаи тозабунёди кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайваста, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанг шароитҳои мусоид фароҳам омаданд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодиву дипломатӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавсеа ёфта, обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ин боис гардид, ки Парчами миллии мо дар радифи  парчами кишварҳои дигари олам мақоми шоистаи худро ба таври устувор нигоҳ дорад, ки ин, бешак, мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик мебошад ва мо бояд аз он шодкому рӯҳбаланд бошем».

  Мавсуф зикр намуданд, ки «Мо аҳли фарҳанг бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда бояд аз паси андешидани тадбирҳое бошем, ки ҳар як фарди  ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасони имрӯза, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, нисбат ба ин сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ арҷ гузоранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам ба таври шоиста ба ҷо оранд ва талқин карда тавонанд. Дар ин росто, муассисаҳои фарҳангии кишвар тамоми воситаву имконияҳоро доранд. Ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо, ҳамоишҳои илмию адабӣ, конференсияҳо, муаррифии таърихи Парчами миллӣ, маҳфилҳои илмию адабии «Дирафши Ковиён», «Парчамдорони Ватан», «Парчами мо — ифтихори мо», «Парчам — нишони ҳастии миллат» ва амсоли ин омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мегарданд».

  Дотсент Маҳмудов Гадобег зимни ироаи маърӯзаи илмӣ зикр намуд, ки Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

  Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосир баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишвар ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ қабул гардид.

  Кенҷаев Ҳошимхоҷа омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада зимни ироаи маърӯзаи илмӣ зикр намуд, ки Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.

  Ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчам бояд дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо ҷой дошта бошад. Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик мебошад.

Наботов Шариф докторанти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ зимни гузориш зикр намуд, ки Парчами миллӣ волотарин мақсаду мароми  тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ранги  сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги  сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат башорат медиҳад.

  Холибоева Нарзӣ омӯзгори калони кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ зимни баррасии мавзуи «Парчам-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» иброз намуд, ки танҳо бо ақли солиму  хиради азалӣ, бо қалби поку  имони комил ва иродаи қавӣ метавон соҳиби давлат, забон ва соҳиби тамаддуну фарҳанги хеш бошем.

  Бигзор  Парчами ватани азизамон доимо ҳамчун рамзи  истиқлолияти миллӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлати мо  ва ифтихори  тамоми мардуми Тоҷикистон  ҳамеша  парафшон бошад. Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро  гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

  Саодати Сайвалӣ, Шарипов Рустам донишҷӯёни соли дуввуми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шеърҳо ба ҳозирин қироат намуданд.

  Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сайфуллозода Бозор перомуни мавзуъҳои матраҳшаванда андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки воқеан, дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон, дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ҳамарӯза Парчами миллӣ барафрохта мешавад.

  Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзист.

  Бинобар ин, ҳар яки мо, соҳибватанон вазифадор ва уҳдадор ҳастем, ки ҳомии ҳастӣ, устуворӣ ва пойдории Парчами давлатии худ бошем, зеро пойдорӣ ва парафшонии Парчам ҳидоят ба фардои ватани шукуфону дурахшон аст.

  Дар охир, оид ба натиҷаҳои ҳамоиши илмӣ миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифт.

Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдор
ӣ

ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»