Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида  ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, ки аз тарафи ансамбли “Бонувон”-и донишкада таҳия гардида буд,  баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифта, то имрӯз бомаром давом дорад.

  Бояд гуфт, ки дар донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳо баргузор гардиданд, ки барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Бонувон”-и донишкада аз зумраи онҳо мебошад.

    Ректори донишкада инчунин зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

   Тазаккур дода шуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд.

 Сарвари муассиса таъкид кард, ки ансамбли “Бонувон”-и донишкада зери роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муалимми калон Шарипова Дилбар бо истифода аз шароити мусоид ва саодатҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти босамар дошта, дар такмил ва сайқал додани донишҷӯдухтарони донишкада саҳми бориз дорад.

  Дар доираи чорабинӣ ректори донишкада ба донишҷӯёни донишкада Мавҷуда Шарипова ва Шукрона Самадова, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи эҷоди назм ғолиб гардиданд, сипосномаву мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

  Инчунин, ба ғолибони озмунҳои донишкадавии “Килки сабз” ва “Беҳтарин қироати шеър ба васфи Пешвои миллат”, ки аз тарафи бахши тарбияи донишкада роҳандозӣ шуда буданд, диплому сипосномаҳо тақдим карда шуд.

  Баъд аз суханронии ректори донишкада барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Бонувон”-и донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино