Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Ректори донишкада иброз дошт, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.
Дар ин давра дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ халқи тоҷикро дар ҷаҳон дубора ҳамчун миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофар шинохтанду эътироф карданд. Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 8 — уми сентябри соли 2005 зимни суханронӣ дар таҷлили 14 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошта буданд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд».
Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд. Дар ин замина, дар кишварамон бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалие, назири дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100 — солагии давлатдории Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар андешида шуданд, ки се даҳсола пеш дар гӯшаи хаёли касе набуданд. Мусаллам аст, ки ин иқдомот дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки маҳз бо саъю талошҳои доимии Сарвари давлати мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин оини воқеан мардумӣ ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ин раванд, мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардиданд. Жанри мусиқии Шашмақом, ёдгории Саразм, Наврӯз ва Чакан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гаштанд. Дар ин масир, соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» нуҳ мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500 — солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» бошад, ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд. Ин рӯйдодҳои муҳимми фарҳангӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳониён ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба фарҳанги ғании мо эҳтироми хос дошта, бостонӣ ва тамаддунофар будани онро эътироф менамоянд.
Пешвои миллат дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши калидӣ бозидаанду мебозанд. Бо иқдоми Сарвари давлат бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, майдони “Истиқлол” ва маҷмааи “Истиқлол”, театри шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Сарвари муассиса таъкид кард, ки ҳамин тавр, бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» -и худ ҷойгоҳи сазоворро касб намуд. Ин сиёсат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва беғараз мебошад, доираи шарикони хориҷии кишварамонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ҳамзамон муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони истиқлол, бавижа фарҳанг ва санъати миллиамон заминаи мусоид фароҳам овард.
Баъд аз суханронии ректори донишкада барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино