Имрӯз дар саҳни «Наврӯзгоҳ»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар маросими таҷлили ин ҷашни бостонии мардуми ориёинажод намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — профессорон Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, Мирзо Солеҳ, муаллими калон Лола Хоҷаева, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада меҳмононро бо садои карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд. Садорати факултаҳо дар алоҳидагӣ бо суннатҳои ҷашни Меҳргон бо истифода аз дастранҷи деҳқонон анвои меваҷоту сабзавот, ғалладонагию полизӣ ва таомҳои миллӣ хони меҳргонӣ оростанд. Саҳни донишкада ҷашнгоҳи бузургеро мемонд, ки аз саодату хушрӯзӣ, тинҷиву осудагӣ ва устувор будани пояҳои давлатдории миллиамон дарак медод.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмононро ба донишкада хаймақдам гуфта, ҷашни Меҳргонро ба онҳо ва кулли ҳозирин самимона табрику муборакбод намуд. Ректори донишкада зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, аз ҷумла ҷашнҳои аҷдоди ориёиамон, назири Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон, ки моҳияту муҳтавои онҳо беҳтарин ғояҳои инсонӣ мебошанд, дубора эҳё гардиданд. Ҷашни бостонии Меҳргонро, ки имрӯз мову Шумо дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарӣ ҷашн мегирем, ниёгонамон, пеш аз ҳама, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва накукорӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамуданд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки доир бар расмшавии ҷашни Меҳргон ривоятҳо хеле зиёданд, аз ҷумла Берунӣ чанд ривоятро зикр мекунад, ки машҳури онҳо ривояти корномаи Фаридун аст, ба қавли Абурайҳони Берунӣ овардааст: “Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Беварасб хуруҷ намуда буд, ӯро мағлуб ва нест карда буд ва мардумро ба Фаридун хонд”. Ба ҳамин тариқ, Фаридун Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд маҳв кард ва ба ин муносибат базме ороста, ба ҷашнгирии Меҳргон асос гузоштааст. Абурайҳони Берунӣ хосса дар “Осору-л-боқия”, беш аз даҳ ривояти дигар низ меорад, вале ривояти нисбатан машҳур ҳамоно корномаи Фаридун бо Заҳҳоки Беварасб мебошад. Фаразан, Берунӣ қавле дигарро низ зикр мекунад: “Мегӯянд: дар ин рӯз Худованд Моҳро, ки курае сиёҳу бефурӯғ буд, баҳову ҷило бахшид ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз офтоб бартар аст ва фархундатарин соатҳои он соати моҳ аст”.
Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаву пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданду онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд.
Зикр гардид, ки аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ ва айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, мо имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ ҷашн гирифта, таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар яки мову шумо саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ ва баракату фаровонӣ биёрад.
Дар доираи таҷлили ҷашни Меҳргон аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ устодону донишҷӯёне, ки дар озмуни ҷмҳуриявии “Маснавихонӣ” фаъолона иштирок намуда буданд, диплому сипосномаҳо тақдим карда шуд. Аз тарафи Раёсати донишкада бошад ба садорати факултаҳо, устодон ва донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои шоҳмот, шашка, дастхобонӣ ва озмуни донишкадавии “Хони Меҳргон” иштирок намуда, ғолибиятро ба даст оварданд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Сипас, барномаи идонаи омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши меҳмонон ва ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино,
УМАРОВ Дилшод