Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиқлол ин доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавмии конститутсионӣ мебошад.
Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, назму арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа ва сатҳи рушди ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррифкунандаи моҳияту ҳуввияти ҳар давлат мебошад.
Бинобар ин, соҳиби Конститутсияи хеш ҳокимияти устувори конститутсионӣ шудан марҳилаи олии рушд ва ё марҳилаи камоли ҳар давлат ва миллат ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии худро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Конститутсияи Тоҷикистон яке аз комилтарин ва пешрафтатарин буда, ба шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё дохил мешавад.
Дар ин масъала ба хотир овардани яке аз поягузорони илми иқтисодиёт Адам Смит бисёр бамаврид аст, ки гуфта буд: «барои он, ки давлатро аз зинаи пасти ҷаҳолат бо зинаи олии некукориву тамаддун ҳидоят намоед, бояд пеш аз ҳама, сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку муътадил ва идоракунии тоқатпазирро фароҳам овард». Ин ҳақиқат дар ҷомеаи Тоҷикистон исботи худро ёфт ва сулҳу ризояти миллӣ ба омили пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ табдили гардид.
Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори асосии он Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби маҳфилҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонд.
Қобили тазаккур аст, ки омӯзиши Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расонидани насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстии онҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар идораи давлатӣ, ҳамчунин аз синни наврасӣ бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат ва муҳимтарин ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошанд. Дар роҳи ноил гардидан ба ин ҳадафҳои воло Сарвари давлат борҳо дастур додаанд, ки арзишҳои пурқиммати маънавиро дар тарбия ва ташакулёбии ҷавонон истифодаи пурсамар бояд намуд.
Итминон дорем, ки ин шиорро ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва ватандӯст суханҳои пандомӯзи роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни мулоқот бо ҷавонон гуфта буданд: «ҳифзи давтату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи ҷавонон вогузор аст. Онҳо Ватанро дар баробари модари худ дӯст доранд, қадр кунанд ва ҳифз намоянд».
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»