Тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ имрӯзҳо талаботи навро нисбат ба дигаргуншавии соҳаи маориф ва рушди таҳсилот тақозо менамоянд, ки он бояд ба талаботи бозори меҳнати миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Имрӯз механизмҳо ва принсипҳои асосии раванди таълим таҳти тағйирот қарор доранд, ки ғояи марказии он омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои маҳорати баланди касбӣ барои бозори меҳнати минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ зарур мебошад.
Соҳаи маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.
Дар замони истиқлоли давлатӣ, самти таҳсилоти олии касбӣ дар мамлакат тағйироти кулиро аз сар гузаронида, низоми кредитии таълим роҳандозӣ карда шуда, стандартҳо ва барномаҳои таҳсилотӣ низ ба низоми аврупоӣ мутобиқ карда шудааст, ки ин имконият фароҳам меоварад то мутахассисони мо ба бозори меҳнати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ ёбанд.
Дар 32 соли истиқолили давлатӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 35 адад расонида шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 41 ҳазор нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бисере аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ айни замон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд, ки ин барои баробаразиши дипломи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба муассисаҳои таҳсилотии олии касбии хориҷӣ кумак мекунад.
Танҳо дар панҷ соли охир барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Чи тавре, ки аз маълумотҳои оморӣ бар меояд, ҳиссаи маблағгузории соҳаи маориф аз буҷаи давлатӣ аз соли 2020 то 2021 16,9 %-ро ташкил додааст. Ҳисаи маблағгузории соҳаи маориф нисбат ба ММД бошад дар таносуби 4,36% қарор дорад.
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки низоми маорифи мамлакат дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисос, ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Арабов Фирдавс
н.и.и. дотсент, Сардори раёсати таълими
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода