дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

      Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён  ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

       Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни суханронии табрикии худ ҳозиринро самимона ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод,  сарбаландию  сарфарозӣ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

     Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки воқеан, Истиқлол тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Таҷлили бошукӯҳи ҳамасолаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишвар ба ин ҷашни бузурги муқаддас  дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанашро ба даст овард. Барои ноил гаштан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни  миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд. Бахусус, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта  миллати сарбаланди мо бо чунин фидокориҳо Истиқлоли давлатии кишварамонро истеҳком бахшид ва бо рафъи мушкилоти сангини аз ҷониби бадхоҳони дохилию берунӣ ба сари мардум таҳмилшуда рушди минбаъдаи Тоҷикистонро таъмин намуд.

    Роҳбари донишкада  инчунин, тазаккур дод, ки корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳалаи сарнавиштсоз аз вартаи парокандагию нобудӣ раҳонидани Ватан ва аз гуруснагию бенавоӣ  наҷот додани миллат буд. Дар ҳамон шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлату миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. Дар натиҷаи саъю талошҳои мудовими Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯшноӣ бар ҷаҳолату торикӣ ғолиб омада, мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ин хотир, ҳар яки мову шумо бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намоем ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорем.

      Ректори донишкада таъкид кард, ки ҳамаи дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ бадастовардаи донишкада натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдориро ба даст гирифтан ба рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои донишкада ва сатҳу сифати таълим дар ин боргоҳи фарҳангу ҳунар ба  куллӣ дигаргун  гашт.

 

    Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат  дар донишкада толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун  таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин  чорабинии муҳимми фарҳангӣ аввалин маротиба бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои руҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид.

     Сарвари муассиса аз суханронии Пешвои миллат ҳангоми таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ зимни маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдовар шуд, ки дар муроҷиат ба ҷавонону донишҷӯён бо самимият гуфта буданд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо-ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам. Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст”. Ин ҳарфҳои самимии Роҳбари кишвар бори дигар аз ғамхорияшон нисбат ба ҷавонон, махсусан донишҷӯён шаҳодат медиҳад, таъкид кард ректори донишкада.

     Дар идома гуфта шуд, ки ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.  Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҳамасола иқдом меварзад. Ҳоло пояҳои моддиву техникии донишкада сол ба сол пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардида истодаанд. Ҳамаи ин ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодаанд.

          Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино