Вазъияти кунунии ҷаҳони муосирро аз ҳар нигоҳе мавриди санҷиш қарор диҳем, дар баробари самтҳои мусбии пешрафти ҷомеаи башарӣ ба хатарҳое рӯ ба рӯ мегардем, ки аз ҳар нигоҳе оқибатҳои даҳшатбор содир мекунанд. Тероризм ва экстремизм падидаи номатлубе мебошад, ки қишри ноогоҳу камсаводи ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, ҳадафи номардонаи онҳоро бо мақсади ноором кардани давр  равона месозад. Ба ин раванди номатлуб гаравидагон аз маърифати инсонӣ бехабар буда, барои онҳо арзишҳои инсонӣ ҳеҷ қадру қимат надоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони муосирро имрӯзҳо хатарҳое таҳдид мекунанд, ки лаҳза ба лаҳза садди пешравӣ ва рушди ҳама соҳаҳои давлатдорӣ мегарданд ва барои пешгирӣ ва аз байн бурданӣ онҳо пеш аз ҳама бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, онро бояд дар шуури ҷавонон мунтазам инкишоф дод ва бо саманди андешаҳои оқилона садди чунин хатарҳо шуд.

    Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмкъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

   Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона таъсири манфӣ расонида истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии худ доимо қайд менамоянд, ки: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

  Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

   Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

   Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расидаанд, ки барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

   Бо мақсади дар шуури насли наврас бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ онҳоро бояд ҳушдор дод, ки аз амалҳои ноҷавонмардонаи ифротиён пайравӣ накунанд.

   Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад ва тероризму экстремизм ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд.

Корманди МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Қосимов Султон