Сардори раёсати таълим: Арабов Фирдавс Пулодович
Барои тамос: индекс, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 1, Тел: (+992 37) 231-2337
E-mail: firdavs300@mail.ru

 

 

 


Раёсати таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим, таҳлили натоиҷи сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонотӣ ва ғайраҳо дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои донишкадаро мувофиқа месозад.

Фаъолияти раёсати таълимро сардори раёсат идора менамояд, ки бевосита тобеи муовини реткор оид ба корҳои таълимӣ мебошад.

[su_accordion][su_accordion] [su_spoiler title=»ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]

а) Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим:
— муайян сохтани самтҳои афзалиятноки баланд бардоштани сифати таҳсилот ва такмили ихтисоси кадрҳои донишкада;
— ба низом даровардани номгӯи ихтисосҳо тибқи равияи донишкада, таъмин намудан бо маводи таълимӣ, барномаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
— таҳлили таркиби фанҳои таълимӣ, манзур намудани пешниҳодот доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба нақшаҳои таълимии амалкунанда;
— тартиб додани реҷаи ҷараёни таълим ва ҷадвали дарсҳо;
— таҳлил кардани натиҷаҳои аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагон (ҳимояи рисолаҳои тахассусии хатм);
— банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ;
— баҳисобгирии ҳайати омории донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва ғоибона;
— таҳияи тавсияҳо доир ба такмилдиҳии раванди таълим.
б) Баҳисобгирии иҷроиши сарбории таълимии кафедраҳо ва ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ:
— омодасозии пешниҳодот ва лоиҳаи фармонҳо доир ба вобастакунии фанҳо ва сарбориҳои таълимӣ ба кафедраҳои мувофиқи донишкада;
— омодасозии мавод доир ба банақшагирӣ ва таҳияи ҷадвали штатии кафедраҳо ва донишкада;
— таҳияи меъёрҳо  барои банақшагирии нақшаҳои инфиродии кормандони илмӣ-педагогӣ;
— назорати раванди банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва иҷроиши сарбориҳои таълимӣ ва илмӣ-методии устодони донишкада.
в) Банақшагирии таъминоти моддии раванди таълим:
— таҳлили мавҷудият ва сатҳи таъминоти синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимии донишкада бо маводи техникии таълимӣ;
— таҳлили таъминоти моддӣ-техникии кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии донишкада;
— вобаста намудани синфхонаҳо ба факултетҳо ва кафедраҳо.

[/su_spoiler] [/su_accordion]