Дар воқеъ имрӯзҳо кулли мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Маҳз фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа озодона метавонем таҳсил ва кору фаъолият намоем.
  Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Пӯшида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо ва рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.
  Дар такя ба ин андеша, месазад дубора қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли ҷори баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
  Ин буд, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми феврали соли 2023 таҳти № АП-330 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расид. Ногуфта намонад, ки ин иқдоми фарҳангӣ, ки маромаш ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну қудратҳо тадбири мубраму саривақтӣ буда, аз ҷониби кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корхонаву муассисаҳои таҳсилотӣ фоли нек арзёбӣ гардида, хуб пазируфта шудааст. Ҳамчунин озмуни мазкур ба ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ имкон медиҳад, ки донишу маҳорати худро сайқал дода, ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нагарданд.
 Инак, соли чорум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
  Имрӯзҳо озмуни мазкур ба инқилоби илм ва тантанаи донишу маърифат табдил ёфта, тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакатро ба ҳам дӯсту муттаҳид мегардонад.
  Вобаста ба ин тибқи амри Президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар соли 2023 ба низомномаи озмун якчанд тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
  Чуноне, ки ҳамагон иттилоъ дорем озмуни мазкур аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 идома меёбад. Имрӯзҳо бошад дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъбасти давраи дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар давраи дуюми озмуни мазкур 3 нафар аз омўзгорон ва донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода» иштирок намуданд.
 Бояд гуфт, ки зери роҳбарии ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар даври ноҳиявии озмуни мазкур омӯзгорон ва донишҷӯён Ғафурова Сайро дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ширкат варзида сазовори ҷойи дуюм, Шарифова Мавҷуда донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи фосилавӣ (ғоибона)-и факултети журналистикаи телевизион ва радио дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи якум, Самадзода Шукрона донишҷӯи курси 1-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист.
 Хулоса дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» касе мағлуб нахоҳад шуд. Агар иштирокчӣ дар озмун ғолиб наояд ҳам, медонад, ки иштирок дар он шараф аст ва мутолиаи китобҳо барояш манфиатбор аст ва донишҳои андӯхтааш дар зиндагӣ раҳнамояш мегарданд.
  Ҳамин тариқ, назари коршиносон ва ҷомеа ба баргузории озмун ва натиҷаҳои он комилан мусбат буда, он дар шароити печидаи вазъи таълиму тарбия воситаи муҳимми ҷалби на танҳо хонандагону донишҷӯён, магистрон ва докторантон балки тамоми ҷомеа ба омӯзишу худтакмилдиҳӣ дониста мешавад.

 

Зафари ШАРИФ,

декани факултети китобдорӣ ва

 иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»